ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ДУ ҚАЛЛОБӢ БА МАБЛАҒИ БУЗУРГ: ЯКЕ ҚАРИБ 10 МЛН СОМОНӢ, ЯКЕ 320 ҲАЗОР ДОЛЛАР

Аз навори хабарҳои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз рӯзи 8-9 майи соли 2024

Муайян шудани кирдори қаллобӣ дар ҳаҷми зиёда аз 9 миллион сомонӣ

14

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки мардони 36 ва 38-солаи сокинони шаҳри Истаравшан 10-уми сентябри соли 2022, дар ҳудуди шаҳри мазкур бо роҳи фиреб ба боварии марди 36-солаи ҳамин шаҳр даромада, бо баҳонаи ба тиҷорат машғул шудан аз ӯ 9 миллиону 667 ҳазору 500 сомонӣ гирифта, ваъда додаанд, ки дар мӯҳлати кӯтоҳ онҳоро бармегардонанд, аммо то ҳол барнагардондаанд.

Нисбати гумонбаршавандагон парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 247 қисми 4 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Ошкор шудани қаллобии марди 65-сола

04

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 65-солаи сокини ноҳияи Б.Ғафуров бо гумони содир намудани кирдори қаллобӣ дастгир карда шуд. Гумонбаршаванда соли 2021 бо роҳи фиреб ба боварии марди 45-солаи сокини шаҳри Хуҷанд даромада, ба ӯ 1-адад мағозаи 4-ошёнаи воқеъ дар шаҳри Хуҷандро, ки дар соҳибияташ буд ва ҳамчун гарав дар “Спитаменбонк” гузошта буд, ба маблағи 500 ҳазор доллари амрикоӣ нархгузорӣ намуда, 320 ҳазор доллари амрикоиро аз сокини Хуҷанд гирифта, мағозаи мазкурро ба дигарон ба фурӯш баровардааст ва қарзи кредитии худро дар назди “Спитаменбонк” рӯйпӯш карда, маблағи пулии аз ҷабрдида гирифтаашро ба манфиати худ сарф намудааст.
Оид ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 247, қисми 4 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button