Хабарҳои кӯтоҳ

СЕ САДАМАИ МАРГОВАР ДАР НУРОБОД, АШТ ВА ХУРОСОН

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон дар бораи боз чанд садамаи марговар хабар дод.

Аз ҷумла нимашаби 6-уми майи соли 2024, тахминан соатҳои 00:40, ронандаи мошини тамғаи “ВАЗ-2107”, Ризвонов Мустафо Баёнович, соли таваллудаш 1988, сокини ноҳияи Нуробод, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи “Душанбе-Лахш”, дар поёни деҳаи Оби Лурди ҷамоати деҳоти Хумдони ноҳияи Нуробод аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, марди 43-солаи сокини ноҳияи мазкурро, ки дар ҳолати мастӣ ба замин ғалтида, хоб буд, пахш кардааст. Дар натиҷа, ин мард ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Шаби 5-уми майи соли 2024, тахминан соати 21:30, ронандаи мошини тамғаи «Тойота-Прадо», Абдураҳмонов Ҳусенҷон Алимҷонович, соли таваллудаш 1999, сокини ноҳияи Ашт, ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди деҳаи Навободи ҳамин ноҳия ба мошини тамғаи «Муссо», таҳти идораи Майюсупов Пайрав Пулотҷонович, соли таваллудаш 1985, сокини ноҳияи мазкур, бархӯрдааст. Дар натиҷа, мусофири мошини тамғаи «Тойота-Прадо», Тошматов Меҳрулло Ҳабибҷонович, соли таваллудаш 2001, сокини ноҳияи Ашт бо ҷароҳатҳои ҷисмонӣ дар беморхона бистарӣ гардида, ронандаи мошини «Муссо» Майюсупов П.П. дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
ВКД Тоҷикистон қаблан хабар дод, ки шаби 3-юми майи соли 2024, тахминан соати 22:00, ронандаи мошини тамғаи “Мерседес-Бенс”, Ҷамолиддинзода Муҳаммадӣ Ҷамолиддин, соли таваллудаш 1994, сокини ноҳияи Вахш, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Душанбе ба самти шаҳри Бохтар, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти С.Айнии ноҳияи Хуросон аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ноболиғ Зарипов Шоҳрух Сироҷиддинович, соли таваллудаш 2007, сокини ноҳияи Хуросонро пахш намудааст. Дар натиҷа, ноболиғ Зарипов Ш.С. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона бурдан дар роҳ ба ҳалокат расидааст.

Оид ба ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.

Роҳҳои Тоҷикистон аз лиҳози садамҳои марговар роҳҳои пурхатар дониста мешаванд. Соли 2023 дар роҳҳои ҷумҳурӣ дар 1111 садама 519 нафар ба ҳалокат расида, 1179 каси дигар маҷруҳ шудаанд. Соли 2022 бар асари 1096 садама др роҳҳои Тоҷикистон 416 нафар ҷон бохта, 1197 нафар ҷароҳат бардошта буданд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button