ВидеоМуҳоҷиронҲуқуқи инсон

“ПАТЕНТ НАДОШТ…” ҲУКМИ ИХРОҶИ ГАНҶАЛОВ – ПАДАРИ 9 ФАРЗАНД АЗ НОВОСИБИРСКИ РУСИЯ

Додгоҳи ноҳияи Кирови шаҳри Новосибирск дар минтақаи Сибири ғарбии Русия рӯзи 3 майи соли 2024 шаҳрванди Тоҷикистон бо номи Ганҷаловро дар вайрон кардани қоидаҳои будубош гунаҳкор донист ва ҳукми ихроҷи ӯро баровард. Ганҷалов, ки тоза моҳи январи соли 2024 аз Тоҷикистон ба Новосибирск барои мардикорӣ омада буд, падари 9 фарзанд будааст ва дигар маълум нест, ки баъди маҳрум шудани оилаи бузурги ӯ аз як манбаи асосии таъмини рӯзгорашон зиндагии худро чӣ гуна ва аз кадом ҳисоб пеш хоҳад бурд?

Бар асоси маводи парвандаи маъмуриаш, Ганҷалов, падари 9 фарзанд, моҳи январи соли 2024 аз тариқи Ӯзбекистону Қазоқистон ба Новосибирски Русия омадааст. Масири сафари ӯ нишон медиҳад, ки ин падари серфарзанд барои чиптаи ҳавопаймо пул наёфтааст ва маҷбур шудааст, ки худро бо роҳи арзонтарин, тавассути нақлиёти заминӣ то ба Русия бирасонад.

Аммо дар Новосибирск ба Ганҷалов патент надодаанд ва, бино ба қарори додгоҳ, Ганҷалов “дар Новосибирск бидуни патенти лозим ба фаъолияти корӣ пардохта, баъди тамом шудани муҳлати қонунии будубошаш ба далели пул надоштан аз тарки қаламрави Русия саркашӣ кардааст”.

Тибқи қонунҳои Русия, шаҳрвандони Тоҷикистон метавонанд то 90 рӯз онҷо бимонанд, вале барои муҳлати аз он бештар бояд патент бигиранд ваё Русияро тарк кунанд.

Рӯзи 3 май додгоҳи ноҳияи Киров Ганҷаловро дар вайрон кардани қонунҳои муҳоҷирати Русия гунаҳкор шинохта, 2 ҳазор рубл ҷарима баст ва ҳукми маҷбуран берун карданаш аз қаламрави ин кишварро баровард. То рӯзи ихроҷаш Ганҷаловро дар боздоштгоҳи махсуси муҳоҷирон нигоҳ хоҳанд дошт. Муҳоҷирони маҳкум ба ихроҷро дар чунин боздоштгоҳҳо дар Русия маъмулан то чанд моҳ, то замони пайдо кардани пули чиптаи парвозашон нигоҳ медоранд.

Тафсилоти дигари ин парванда дастрас нест. Маълум нест, ки Ганҷаловро оё барои чанд сол аз ҳаққи сафар ба Русия маҳрум кардаанд? Дар бораи худи Ганҷалов ва дар Новосибирск ба чӣ коре машғул будани ӯ низ маълумоте дар даст нест. Худи Ганҷалов ваё наздиконаш барои шарҳи ҳукми додгоҳ дастрас нестанд. Ин ҳам маълум нест, ки баъди аз даст додани ҳаққи кор дар Русия оё ӯ оилаи бузурги иборат аз 9 фарзандашро чӣ гуна таъмин хоҳад кард?

Фишорҳо болои муҳоҷирон, ба вижа болои муҳоҷирони тоҷик дар Русия баъди ҳамлаи хунини террористии рӯзи 22 марти соли 2024 дар толори консертҳои “Крокус Сити Ҳолл” дар шаҳри Красногорск дар канори Маскав афзоиш ёфтааст. Ин ҳамла 145 кушта ба ҷо гузошт ва 17 нафар аз 19 нафари бо иттиҳоми даст доштан дар ин ҳамла дастгиршуда зодагони Тоҷикистонанд.

Аз 22 апрели соли 2024 дар марзҳои Русия тафтиши мӯшикофонаи шаҳрвандони Тоҷикистон оғоз ёфт. Муҳоҷирон мегӯянд, мақомоти Русия ҳатто телефонҳои онҳоро гирифта, тафтиш мекунанд. Ҳамин тавр, дар саросари Русия рейдҳо ба зидди муҳоҷирон зиёд шуда, дар рӯзҳои охир дар бораи ихроҷи садҳо муҳоҷир хабарҳо ба даст расидаанд.

Ӯзбекистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон се кишвари муҳоҷирфиристи Осиёи Марказӣ аз таъминкунандагони асосии бозори кори Русия бо нирӯи корӣ дониста мешаванд. Ҳар сол тақрибан 5 миллион аз аҳолии қобили кори ин кишварҳо барои таъмини зиндагии хонаводаҳои худ ба Русия ба муҳоҷирати корӣ мераванд. Ҳудуди 10 миллиард доллар пуле, ки муҳоҷирон ҳар сол аз Русия ба Ватан мефиристанд, як манбаи умдаи таъмини зиндагии аксари хонаводаҳо дар Тоҷикистону Қирғизистону Ӯзбекистон ва ҳамчунин як омили муҳими таъмини рушди иқтисодӣ савдо дар ин 3 кишвари пасошӯравӣ дониста мешавад.

Ихроҷи ҳар муҳоҷир аз Русия ба маънои аз як манбаи муҳими даромадаш маҳрум шудани дастикам як оила дар ин 3 кишвар, аз ҷумла дар Тоҷикистон аст.

Аммо хабарҳо дар бораи банд мондани садҳо нафар дар марзҳо ва фурудгоҳҳои Русия ва афзоиши рейдҳо дар минтақаҳои он кишвар бисёре аз муҳоҷиронро нигарон кардааст ва онҳо дар чунин шароит намедонанд, ки имсол ҳам ба муҳоҷират бираванд ё то беҳтар шудани вазъият сабр кунанд? Мақомоти дастикам ду кишвари муҳоҷирфирист: Тоҷикистону Қирғизистон ба шаҳрвандони худ машварат додаанд, ки муваққатан аз сафар ба Русия худдорӣ кунанд.

Ин дар ҳолест, ки ин шабу рӯз маъмулан рӯзҳои авҷи мавсими муҳоҷират аз Осиёи Марказӣ ба Русия ба шумор меравад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button