ВидеоТиб ва беҳдошт/Муҳити зистХабарҳои кӯтоҳҲодиса

ҲАЛОКАТИ ДАСТИКАМ 6 НАФАР БАР АСАРИ СЕЛҲОИ РӮЗҲОИ 5 ВА 6 МАЙ ДАР ТОҶИКИСТОН

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон хабар дод, ки рӯзи 6 майи соли 2024 боз ду ноболиғ  ғарқ шудаанд. Ба ин тартиб, шумори ҳалокшудагон бар асари офатҳои табиие, ки рӯзҳои 5 ва 6 май болои сокинони Тоҷикистон фурӯ рехтанд, ба 6 нафар расид. Ҳамаи ин 6 қурбонии офатҳои табиӣ дар обҳои сел ва дар дарёҳо ғарқ шудаанд.

 Бино ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда, 6 майи соли 2024, тахминан соати 17:10, як сокини 9-солаи деҳаи Ҳақиқати ҷамоати деҳоти Гулистон дар канори шаҳри Ваҳдат ҳангоми чорвочаронӣ ба дарёи Элок сарозер шуд ва ғарқ гардид. Ҷустуҷӯи ҷасади ӯ идома дорад.

Ҳодисаи дуюм дар ҷануби кишвар рух дод. Як духтари 16-сола аз деҳаи Қизил-Юлдузи ҷамоати деҳоти Маданияти ноҳияи Ҷалолуддини Румӣ дар рӯди Шӯр ғарқ гардид. Дар айни замон наҷотдиҳандагони раёсати ҳолатҳои фавқулоддаи вилояти Хатлон ҷасади ӯро меҷӯянд.

Ҳамин тавр, рӯзи 5 майи соли 2024 як сокини 47-солаи деҳаи Питов-2 ҷамоати деҳоти Шуғнови ноҳияи Ховалинг ба дарёи Ёхсу афтод ва ғарқ шуд.

Ҷасади ин мард аз ҷониби сокинон пайдо ва ба хешовандонаш супурда шуд.

Ҳодисаи дигари нохуш дар ҳудуди Сиёҳфарки ҷамоати деҳоти Шугнови ноҳияи Ховалинг рух дод. Як сокини 37-солаи ин деҳа ҳангоми ҷамъоварии алафҳои дорувор аз кӯҳ сарозер шуда, бо ҷароҳатҳои зиёд дар бемористон бистарӣ карда шудааст.    

Субҳи 5 май, тақрибан соати 4:50 дар деҳаи Гулбоғи ҷамоати Чорбоғи ноҳияи Варзоб сели шадид омада, чандин ҳавливу сарой ва роҳи деҳаро зер кард. Мутаассифона ду зани сокини ин деҳа, ки яке 40 ва дуюмӣ 67 сол доштанд, қурбони ин офати табиӣ гардида, ҷони худро аз даст доданд.

Ҳамин тавр, нимаи дуюми рӯзи 5-уми майи соли 2024, тахминан соати 17:30, ҳангоми чаронидани чорво дар чарогоҳи деҳа, як духтари 20-солаи сокини деҳаи Бодомзори ҷамоати деҳоти Гули Сурхи шаҳри Истаравшани вилояти Суғд дар сел ҳалок шуд. Ҷасади ӯро кормандони шуъбаи ҳолатҳои фавқулоддаи Истаравшан пайдо карда, ба мақомоти дахлдор супурданд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда  бо изҳори ҳамдардӣ ба наздикони ҳалокшудагон бори дигар қотеона аз сокинону меҳмонони ҷумҳурӣ даъват кард ки дастикам то 11 майи соли 2024 аз ҳар гуна корҳои саҳроӣ, чаронидани чорво дар чарогоҳҳо, моҳидорӣ, шикор, ҷамъоварии ҳезуму гиёҳҳо ва корҳои дигар дар манотиқи хатарноки кӯҳдоману кӯҳистон худдорӣ кунанд ва дар соҳили ҷӯю дарёҳо низ қоидаҳои бехатарриро қатъиян риоя кунанд. Аз волидон вижатан даъват карда мешавад, ки бахусус, бачаҳои ноболиғро беназорат нагузаронанд ва онҳоро сдар обу ҳавои номусоид барои анҷоми корҳои хатарнок ҷалб насозанд.

https://www.facebook.com/story.php?story_fbid=962195418698382&id=100047237992540&rdid=Z4K3psGivt9f51BO
Это изображение имеет пустой атрибут alt; его имя файла - %D0%92%D0%B0%D1%85%D0%B4%D0%B0%D1%82.jpg
Это изображение имеет пустой атрибут alt; его имя файла - %D0%92%D0%B0%D1%80%D0%B7%D0%BE%D0%B1.jpg
Это изображение имеет пустой атрибут alt; его имя файла - image_2024-05-06_10-26-16.jpg
Это изображение имеет пустой атрибут alt; его имя файла - photo_2024-05-06_11-33-06.jpg
Это изображение имеет пустой атрибут alt; его имя файла - photo_2024-05-06_11-33-08.jpg
Это изображение имеет пустой атрибут alt; его имя файла - %D0%9D%D1%83%D1%80%D0%B0%D0%B1%D0%B0%D0%B4.jpg
Это изображение имеет пустой атрибут alt; его имя файла - %D1%80%D0%B0%D0%B7%D1%80%D1%83%D1%88%D0%B5%D0%BD%D0%BD%D1%8B%D0%B9%20%D0%BC%D0%BE%D1%81%D1%82.jpg
Это изображение имеет пустой атрибут alt; его имя файла - photo_2024-05-06_11-32-37.jpg
Это изображение имеет пустой атрибут alt; его имя файла - photo_2024-05-06_11-32-41.jpg
Это изображение имеет пустой атрибут alt; его имя файла - photo_2024-05-06_11-32-45.jpg
Это изображение имеет пустой атрибут alt; его имя файла - photo_2024-05-06_11-32-48.jpg

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button