АВБОШӢ ДАР ШАҲРИНАВ, ДУЗДИИ “АЙФОН” ДАР КӮЛОБ ВА ҚАЛЛОБӢ БО ҚАРИБ 2 МИЛЛИОН СОМОНӢ ПУЛИ 14 МОШИН
Аз навори хабарҳои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз рӯзи 6-7 майи соли 2024
Дастгир гардидани марди 59-сола бо ҷурми авбошӣ
Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 59-солаи сокини ноҳияи Шаҳринав бо гумони содир намудани ҷиноятӣ авбошӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда 5-уми майи соли 2024, тахминан соати 18:00, дар назди манзили истиқоматиаш аз ҳиссиёти авбошӣ бо марди 38-солаи сокини ноҳияи мазкур муноқиша намуда, ӯро зери лату кӯб қарор дода, бо корд як маротиба ба шикамаш задааст.
Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.
Ифшо шудани дуздии телефони мобилии тамғаи “Айфон-13”
Ба ШВКД дар шаҳри Кӯлоб аризаи марди 31-солаи сокини шаҳри мазкур ворид гардидааст, ки 4-уми апрели соли 2024, тахминан соати 20:00, ҳангоми дар дохили боғи “Модарон”, воқеъ дар маҳаллаи 1-уми ҳамин шаҳр қарор доштанаш, шахси номаълум бо тариқи пинҳонӣ 1-адад телефони мобилии тамғаи “Айфон-13”-и ӯро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Зарари расонидашуда 7 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 18-солаи сокини шаҳри мазкур бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.
Ошкор шудани ҷинояти қаллобӣ дар ҳаҷми махсусан калон
Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ аризаи марди 32-солаи сокини ноҳияи мазкур ворид гардидааст, ки 30-юми августи соли 2023, ҳангоми дар кӯчаи Абайи шаҳри Душанбе қарор доштанаш марди 38-солаи сокини пойтахт бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 14-адад автомашинаҳои гуногунтамғаро, ҷамъ ба маблағи 1 миллиону 868 ҳазор сомонӣ нархгузорӣ карда гирифта, ваъда додааст, ки дар муддати кутоҳ маблағҳояшро бо пуррагӣ бармегардонад, аммо автомашинаҳои мазкурро фурӯхта, маблағҳояшонро ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.
Оид ба ин ҳодиса тафтишот идома дорад.