АфғонистонВидеоМинтақа ва ҷаҳон

РАҲБАРИ ТОЛИБОН АМР ДОД, КИ ҲИКМАТЁРРО БА ҲАБСИ ХОНАГӢ БИАНДОЗАНД

Режими Толибон Гулбиддин Ҳикматёр, раҳбари74-солаи Ҳизби исломии Афғонистонро ба ҳабси хонагӣ маҳкум кардааст. Бино ба иттилои “Сангар”, пойгоҳи хабарие, ки асосан масоили Афғонистонро пайгирӣ мекунад, ин иқдом метавонад бо интиқодҳои ахири Ҳикматёр аз Толибон, аз ҷумла  Толибонро ба фурӯши ҳарими ҳавоии Афғонистон ба Амрико муттаҳам кардани ин собиқадори ҳаракатҳои ҷиҳодии Афғонистон бастагӣ дошта бошад.

Яке аз наздикони Ҳикматёр ба хабарнигори “Сангар” дар Кобул гуфтааст, ки раҳбари Ҳизби исломӣ аз соати ҳашти субҳи 15 апрели соли 2024 ба дастури Мулло Ҳайбатуллоҳ, раҳбари Толибон ба ҳабси хонагӣ маҳкум шудааст.

Ин манбаъ гуфт: “Гурӯҳе аз толибони мусаллаҳ ба маҳаллаи Вазир Акбархон, ба хонае, ки Ҳикматёр  дар он зиндагӣ мекунад, омаданд, хонаро муҳосира карданд ва ба касе иҷозаи вуруд ва мулоқот бо вайро намедиҳанд.”

Вай афзуд, ки раиси Ҳизби исломӣ дигар ҳаққи мулоқот бо хабарнигорон, намояндагони сафоратхонаҳои хориҷӣ ва ҳатто аъзои ҳизби худро надорад.

Ин манбаъ гуфт: “Ҳар фарде, ки барои мулоқот бо вай меравад, бояд аз Раёсати амнияти миллӣ, шахсан аз Абдулҳақ Васиқ, раиси ин идора, ҷавози мулоқот дошта бошад.”

Ин фарди наздик ба Ҳикматёр мегӯяд, ки саъй карда бо ӯ мулоқот кунад, аммо муваффақ нашуд.

Вай гуфт: “Толибон ҳеҷ тавзеҳе намедиҳад, аммо мо мӯътақидем, ки далели ин тасмим интиқоди раҳбари Ҳизби исломӣ аст, ки Толибонро ба фурӯши ҳарими ҳавоии Афғонистон ба Амрико муттаҳам кард”.

“Сангар” менависад, Гулбиддин Ҳикматёр аввалин сиёсатмадори ҳозир дар Кобул аст, ки аз Толибон барои ҳамкориаш бо Амрико интиқод кард ва суъизанҳо, яъне овозаҳоро дар мавриди кӯмакҳои нақдии ҳафтагии Амрико ба Толибон таъйид намуд.

Аммо, меафзояд ин нашрия, бархе мӯътақиданд, ки далели ин тасмими Толибон ҳимояти Ҳикматёр аз зарбаҳои Эрон бар Исроил будааст. Ҳикматёр ахиран бо ситоиш аз иқдоми Эрон гуфт: “Билохира як кишвари мусулмон пайдо шуд, ки посухи шоистае ба Исроил диҳад”.

Ҳикматёр, ки 1 августи соли 1949 дар ноҳияи бо Тоҷикистон ҳаммарзи Имом-Соҳиби вилояти Қундуз ба дунё омадааст, ҳанӯз дар солҳои 70-уми асри 20 ба ҳаракатҳои ҷиҳодӣ пайваст ва инак тақрибан 50 сол боз дар майдони сиёсати Афғонистон ҳузур дорад.

 Ӯ дар солҳои 90 як муддат сарвазири Афғонистон ҳам буд, вале бештар ба далели ихтилофаш бо ҳукумати Бурҳониддини Раббонӣ ва Аҳмадшоҳи Масъуд бо мушакборои Кобул, пойтахти Афғонистон ном бароварда буд. Дар натиҷа, дар Кобул, бино ба ҳисобҳо, беш аз 4 ҳазор нафар кушта шуданд ва Ҳикматёрро мардум он вақт лақаби “Ракетёр” дод.

Дар замони режими аввали Толибон Ҳикматёр як муддат дар Тоҷикистон ва сипас беш аз 20 сол ба ҳайси бандии нимаозод дар Эрон қарор дошт ва танҳо соли 2017 тавонист ба Афғонистон баргардад. Толибон баъди тасарруфи дубораи Кобул дар моҳи августи соли 2021 Ҳикматёрро имоми яке аз масҷидҳои пойтахти Афғонистон таъйин карданд. Ӯ ҳар сари чанд вақт аз минбари ин масҷид аз сиёсати Толибон пуштибонӣ ва аз мухолифони он, аз ҷумла аз ҳукумати Тоҷикистон ба шиддат интиқод мекард.

Аммо ахиран Ҳикматёр мавқеи худро дар пайи баҳси хонааш бо Толибон иваз кард. Дар поёни моҳи марти соли 2024 нашрияи “Ҳашти субҳ” хабар дод, ки Толибон Ҳикматёрро аз хонае, ки ҳукумати пешини Афғонистон бар асоси шурути созишномаи сулҳ ба ӯ дода буд, ихроҷ кардаанд. Худи Ҳикматёр мустақиман дар бораи тақдири хонааш ягон изҳори назар накард, вале писараш Ҳабибурраҳмон аз ин рафтори Толибон интиқод карда, онро нангин хонда буд.

Абдулҳаким Шаръӣ, вазири адлияи Толибон гуфтааст, ба Ҳикматёр ҳафтаҳо ва моҳҳо муҳлат дода шуд, то хонаашро холӣ кунад, вале ҳатто бо вуҷуде, ки барои ӯ хонаи нав ҳам пайдо карданд, ӯ хонаи кунуниашро дар маҳаллаи Вазир Акбархон ҳеҷ холӣ накард.

Вазири Толибон интиқоди ҷонибдорони Ҳизби исломиро дар мавриди гӯё беэҳтиромӣ кардани Толибо нисбат ба Ҳикматёр рад карда, худи онҳоро ба “беақлӣ ва бефаҳмӣ” муттаҳам кард. Абдулҳаким Шаръӣ гуфт: “Ҳоло шумо инро эҳтиром медонед ё беэҳтиромӣ?  Агар шумо инро беэҳтиромӣ меҳисобед, пас шумо эҳтиромро намефаҳмед ва ақлатон кор намекунад”.

Ӯ таъкид кард, ки Ҳикматёр аз номи ҳизбаш мавқеъ мегирад, аммо ин ҳизб дар режими Толибон заминаи ҳуқуқӣ надорад, чунки “раёсати ҳизбҳо дар вазорати адлия соли гузашта лағв шуд. Аз нигоҳи қонунӣ ҳизбҳо дар ин низом ҷой надоранд. Гирифтани номи ҳизбҳо ё гирифтани номи ҳизб аз рӯи қонун ҷиноят аст”.

Рӯзи 2 декабри соли 2022 дар Кобул, пойтахти Афғонистон ҳангоми намози ҷумъа ба ҷони Гулбуддин Ҳикматёр сӯиқасди мусаллаҳона сурат гирифт. Ҳикматёр баъд аз ин ҳамлаи интиҳорӣ гуфт, ки “ҳамлакунандагон либоси занона, чодар ва бурқа дар тан доштанд”.

Гуфта мешуд, ду ҳамлагари маргталаб вориди маҳалли иқомати ӯ шуда, хостаанд бомбҳои худсохтро, ки дар бадани онҳо насб шуда буд, битарконанд. Ҳикматёр гуфт, қабл аз расидан ба ҳадаф ин ду ҳамлагари маргталаб аз сӯи муҳофизони ӯ кушта шуданд ва дар натиҷаи даргирӣ як тан аз ёрони Ҳикматёр ҳам кушта шудаву ду тани дигар захмӣ шудаанд.

Ӯ баъдан изҳор дошт, ки омилони сӯиқасд ба ҷонаш ду шаҳрванди Тоҷикистон будаанд. “Таҳқиқоти ибтидоӣ нишон медиҳад, ки ҳарду террорист тоҷикистониянд, афғон нестанд. Гурӯҳи террористӣ натавонистааст, ки касеро аз миёни афғонҳо омода кунад ба ин навъ амалиёт. Бояд маълум шавад, ки чаро тоҷикистониянд, чаро на афғон? Байрақи сиёҳи ДОИШ аз дасти ҳамкору муҳофизи террористи интиҳорӣ ба даст омад”, – гуфта буд Ҳикматёр дар мавъизааш дар намози рӯзи ҷумъа.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button