ВидеоТиб ва беҳдошт/Муҳити зистХабарҳои кӯтоҳҲодиса

ЯК СОКИНИ ФАЙЗОБОД ҲАНГОМИ ЧУКРИЧИНӢ АЗ КӮҲ АФТОДА, ҶОН ДОДААСТ

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон хабар дод, ки як сокини ноҳияи Файзобод бар асари як ҳодисаи нохуш ҳангоми чукричинӣ дар кӯҳ ба ҳалокат расидааст.

Бино ба иттилои ин ниҳод, субҳи 16 апрели соли 2024 сокини 31-солаи деҳаи Кӯлобиёни ҷамоати Чашмасори ноҳияи Файзобод дар шарқи Тоҷикистон бо мақсади чидани чукрӣ ба як кӯҳи воқеъ дар наздикии деҳаашон рафтааст. Аммо мутассифона, ҳангоми чидани чукрӣ аз як теппаи баландиаш 30 метр сарозер шуда, дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Ҷасади ӯро ҳамдеҳагонаш ёфта, ба деҳа овардаанд ва ба дасти наздикони марҳум супурдаанд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда менависад, ки таҳлили ҳодисаҳои нохуши марговар дар кӯҳҳои Тоҷикистон нишон медиҳад, ки дар бисёр ҳолатҳо сабаби марги инсонҳо на  кӯҳ, балки худи инсонҳо мешаванд. Мардум ё аз риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ,  надонистани шароити кӯҳ, бахусус дар мавсими боришот, дучори фалокатҳои фоҷиабор мешаванд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда менависад, ки рӯзҳои охир ба мардум боисрор машварат медод, ки ба далели боришоти сахт дар ин рӯзҳо аз рафтан ба кӯҳҳо барои чидани ҳезуму гиёҳҳо ё барои шикору моҳидорӣ худдорӣ кунанд, вале бархе сокинон ин машваратҳоро сарфи назар мекунанд.

Кумита дар пайи марги сокини Файзобод ҳангоми чукричинӣ бори дигар аз сокинон ва меҳмонони ҷумҳурӣ хостааст, ки дар рӯзҳои пурбориш ва то хушк шудани бистари хок аз рафтан ба кӯҳҳо барои чидани ҳезуму гиёҳҳо ё барои шикору моҳидорӣ худдорӣ кунанд.

 “Ба ҳушдорҳо ва огоҳиҳои мақомоти салоҳиятдор бепарвоӣ нишон надиҳед! Қоидаҳои бехатариро қатъия риоя кунед! Дар соҳили кӯлу дарёҳо нагардед! Бехатарии ҳаёти шумо дар дасти худи Шумост!” –  таъкид шудааст дар муроҷиатномаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ба сокинон ва меҳмонони Тоҷикистон.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button