Минтақа ва ҷаҳонТоҷикистонҲуқуқи инсон

ҲОМИЁНИ ҲУҚУҚ: ТОҶИКИСТОН ШИКОРИ ФАЪОЛОНИ ОППОЗИТСИЯРО БАС КУНАД ВА ТУРКИЯВУ ДАВЛАТҲОИ АВРУПО – БА ДУШАНБЕ СУПУРДАНИ ОНҲОРО!

Ду созмони маъруфи ҳомии ҳуқуқи инсон “Ҳюман Райтс Вотч” ва Кумитаи Ҳелсинкии Норвегия рӯзи 16 апрели соли 2024 дар баёния муштаракашон аз он изҳори нигаронӣ карданд, ки дар моҳҳои охин чанд нафари марбут ба ҳаракати оппозитсионии дар Тоҷикистон феълан мамнӯи “Гуруҳи 24” дар Литва, Полша (Лаҳистон) ва Туркия ё ба таври мармуз ғайб заданд, ё боздошт шуданд ваё ба таҳдиди депортатсия дучор шудаанд.

Ҳомиёни ҳуқуқ бар инанд, ки мақомоти и кишварҳо ба далели вуҷуди хатари шиканҷа аз ихроҷи и афрод ба Тоҷикистон бояд худдорӣ карда, ба ҳуқуқи онҳо арҷ бигузорад ва бар асоси дархостҳои ангезаҳояшон сиёсии мақомоти Тоҷикистон фаъолони оппозитсияи тоҷикро таъқиб накунанд.

Сайнат Султоналиева, пажуҳишгари масоили Осии Марказӣ дар созмони “Ҳюман Райтс Вотч” мегӯяд: “Тоҷикистон бояд бидуни чуну чаро шикори мунтақидонро дар хориҷ қатъ кунад, бавижа онҳоеро, ки бо “Гуруҳи 24” ва дигар гуруҳҳои мамнӯъ иртибот доранд. Иттиҳоди Аврупо ва Туркия бояд фаъолони оппозитсияи тоҷикро ҳимоят карда, аз баргардондани онҳо ба Тоҷикистон худдорӣ кунанд, чунки ин кишвар бо таъқиботи фаромарзии худ ном баровардааст ва он фаъолон дар Тоҷикистон ба хатари шиканҷа дучор хоҳанд шуд”.

“Ҳюман Райтс Вотч” ахиран дар як гузориш пиромуни таъқиботи байналмилалии мунтақидон аз ҷониби давлатҳои худкома дар бораи чандин мавриди баъди фирор аз Тоҷикистон ҳам зери таъқибу шикори мақомоти тоҷик қарор гирифтани аъзои собиқу фаъоли “Гуруҳи 24” хабар дода буд. Мақомоти тоҷик маъмулан талош мекунанд, бо  истифода аз иттиҳоми ифротгароӣ ба истирдоди мунтақидони худ ноил шаванд. Фаъолон ҳамчунин ба таври мармуз рабуда мешаванд ваё бо сӯиистифода аз имконоти Интерпол таҳти ҷустуҷӯ қарор дода мешаванд.

Сулаймон Давлатов

5 апрели соли  2024 мақомоти амниятии Литва дар шаҳри Вилнюс узви собиқи “Гуруҳи 24” Сулаймон Давлатовро дастгир карданд. 7 апрел додгоҳ ӯро барои 2 моҳ ба ҳабс гирифт ва рӯзи 9 апрел Додситонии кулли Литва хабар дод, ки Давлатов гӯё “ба сабаби ҳамкориаш бо аъзо ва тарафдорои созмоҳои террористӣ ва ҳаракатҳои ифротӣ ва таблиғи ифротгароӣ барои амнияти миллии Литва хатар дорад”.

Худи Давлатов, ки аз соли 2015 дар Литва мақоми паноҳандаи сиёсӣ дорад, ин иттиҳомро комилан рад мекунад. Ҳомиёни ҳуқуқ бар инанд, ки Давлатов набояд ба ҳеҷ сурат ба Тоҷикистон истирдод ё ихроҷ шавад ва бояд ба ӯ имкони мурофиаи одилонаи парвандааш дода шавад.

Сӯҳроб Зафар (аз чап) ва Насимҷон Шарипов

Рӯзҳои 23 феврал ва 10 марти соли 2024 дар шаҳри Истанбули Туркия намояндаи баландпояи “Гуруҳи 24” Насимҷон Шарипов ва раҳбари ин гуруҳ Сӯҳроб Зафар ба таври мармуз ғайб заданд. Онҳо қаблан дар соли 2018 аз сӯи мақомоти Туркия бо дархости Душанбе ҳабс шуда буданд, вале дар ниҳоят Туркия аз истирдоди онҳо худдорӣ карда буд. Ҳарду ахиран ба дӯстон ва ҳамсафони худ хабар додаанд, ки мақомоти амниятии Тоҷикистон ба онҳо таҳдид карда истодаанд. То ҳол сарнавишти онҳо маълум нест. Ҳамсафони онҳо метарсанд, ки ҳардуро рабуда, ба зӯрӣ ба Тоҷикистон бурдаанд. Манобеи “Бомдод” қаблан хабар дода буданд, ки Насимҷон Шарипов ва Сӯҳроб Зафарро ҳанӯз дар миёнаи моҳи март аз Туркия ба Душанбе овардаанд.

Рӯзи 19 марти соли 2024 додгоҳи Полша дархости паноҳандагии Комрон Худойдодов, бародари узви собиқи “Гуруҳи 24” Шабнам Худойдодоваро рад кард ва ӯро то 19 апрел вақт дод, ки ихтиёран қаламрави ин кишвари узви Иттиҳоди Аврупоро тарк кунад. Комрон Худойдодов соли 2018 бо визаи гуманитарӣ ба Полша омада буд, чунки ба далели фаъолиятҳои сиёсии хоҳараш дар Тоҷикистон таҳти таъқиб қарор гирифта буд. Худи Шабнам Худойдодова аз соли 2015 бо иттиҳоми “ифротгароӣ” таҳти ҷустуҷӯ гузошта шудааст ва ҳамон сол дар Беларус боздошт шуда, 10 моҳро дар ҳабс ба сар бурд.

Ҳюман Райтс Вотч” ва Кумитаи Ҳелсинкии Норвегия мегӯянд:  “Мақомоти Тоҷикистон Комрон Худойдодовро низ бо иттиҳоми ифротгароӣ таъқиб мекунанд. Бозгашти Худойдодов ба Тоҷикистон ӯро ба ъатари шиканҷаву бадрафторӣ дучор мекунад. Полша бояд сароҳатан изҳор бидорад, ки ба уҳдадориҳои байналмилалиаш пойбанд аст ва ба ихроҷи Худойдодов ба Тоҷикисто роҳ нахоҳад дод”.

Шабнам Худойдодова ва Комрон Худойдодов

Бар замми Литваву Полша, боз чанд кишвари дигари узви Иттиҳоди Аврупо, аз ҷумла Австрия, Олмон ва Словакия дар вақтҳои охир чандин паноҳҷӯи тоҷикро бо вуҷуди ба онҳо таҳдид кардани хатари шиканҷа  ба Тоҷикистон  ихроҷ карданд. Ҳамаи ин нафарони аз Аврупо ихроҷшуда дар Тоҷикистон маҳкум ба зиндон шуданд.

Ҳомиёни ҳуқуқ ёдовар шудаанд, ки Паймони Созмони Милал ба зидди шиканҷаву дигар навъҳои бадрафторӣ ва Паймони ҳуқуқи башари Аврупо ба  кишварҳое, ки хатари шиканҷа шудан зиёд аст, ихроҷ кардани паноҳҷӯёнро манъ мекунад. Ҳамаи кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо ва ҳам Туркия ин паймонҳои байналмилалиро имзо кардаанд ва бояд ба он амал кунанд.

“Гуруҳи 24” ҳаракати сиёсиест, ки соҳибкори фирории тоҷик Умаралӣ Қувватов бо мақсади ислоҳотти демократӣ дар Тоҷикистон таъсис додааст, вале фаъолияти он дар Тоҷикистон ҳанӯз моҳи октябри соли 2014 манъ карда шуд. Тоҷикистон инак беш аз 10 сол боз пайгирона боздошт ва истирдоди аъзои ин ҳаракати оппозитсиониро аз кишварҳои ҷаҳон тақозо дорад. Дар ин байни чанд узви “Гуруҳи 24”, аз ҷумла муассисаш Қувватов дар хориҷ кушта шуданд, чандеи дигар ба таври мармуз ғайб заданд ва даҳҳо нафари дигарро аз кишварҳои гуногун ба Тоҷикистон бурда, ба муҳлатҳои тӯлонӣ зиндонӣ карданд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button