ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ДУ САДАМАИ МАРГОВАР ДАР ҶОМИВУ ИСТАРАВШАН, ҚАЛЛОБӢ БО ТЕЛЕГРАМ ВА ДУ ДУЗДӢ

Аз навори хабарҳои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз рӯзи 16 апрели соли 2024

Рух додани ду ҳодисаи нақлиётии марговар дар ноҳияи А.Ҷомӣ ва шаҳри Истаравшан

21

13-уми апрели соли 2024, тахминан соати 19:10-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс”, Ҳасанзода Ҳадятулло Холмаҳмад, соли таваллудаш 2001, сокини ноҳияи А.Ҷомӣ, ҳангоми ҳаракат дар роҳи калони мошингард аз самти деҳаи Навобод ба самти ҷамоати деҳоти Ифтихори ҳамин ноҳия, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагарди ноболиғ Эмомов Саидбек Қурбоназарович, соли таваллудаш 2012, сокини ноҳияи мазкурро зада, пахш намудааст, ки дар натиҷа ноболиғ Эмомов С. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

12-уми апрели соли 2024, тахминан соати 19:00, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», Қаҳорзода Низом Ҷавшан, соли таваллудаш 1994, сокини шаҳри Истаравшан, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи “Душанбе-Хуҷанд-Чанок”, дар ҳудуди шаҳри Истаравшан қоидаҳои ҳаракати роҳро риоя накарда, ба дарахти канори роҳ бархӯрдааст.
Дар натиҷа, мусофири автомашинаи мазкур Мирзозода Моҳасалӣ Ғайрат, соли таваллудаш 2001, сокини ноҳияи Деваштич, ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Оид ба ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.

Содир гардидани қаллобӣ тариқи шабакаи иҷтимоии «Телеграмм»

156

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 31-солаи сокини шаҳри Душанбе бо гумони содир намудани кирдори қаллобӣ дастгир карда шуд.

Гумонбаршаванда, 25-уми июли соли 2023 дар шабакаи иҷтимоии интернетии «Телеграмм» саҳифа бо номи мустаъори «Раул» таъсис додааст. Сипас, ба воситаи шабакаи мазкур бо роҳи фиреб ба боварии марди 29-солаи сокини пойтахт даромада, бо ваъдаи ба даст овардани маблағ аз ӯ тариқи электронӣ 6 ҳазор доллари амрикоӣ гирифта, маблағҳоро ба манфиати шахсиаш сарф намуда, то ҳол онҳоро барнагардонидааст.
Номбурда бо ин кирдораш ба ҷабрдида зарари калони моддӣ расонидааст.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот дар ин самт идома дорад.

Ошкор шудани ҳолатҳои дуздии маблағ ва ҷавоҳирот

124

Ба ШВКД дар шари Ҳисор аризаи марди 43-солаи сокини шаҳри мазкур ворид гардидааст, ки 28-уми феврали соли 2024, шахсони номаълум, бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматиаш даромада, аз он ҷо 800 доллари амрикоӣ, 20 ҳазор рубли русӣ, ва ҷавоҳироти гуногуни тиллоиро дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.

Зарари расонидашуда 40 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ин ҷиноятро мардони 26 ва 29-солаи сокинони ҳамин шаҳр содир намуданд.
Инчунин, зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 32-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда моҳи декабри соли 2023, корти бонкии марди 65-солаи сокини шаҳри Душанберо бо роҳи пинҳонӣ дуздида, 4-уми январи соли 2024 аз терминал, воқеъ дар кӯчаи Н.Қарабоеви пойтахт аз корти мазкур 21 ҳазору 850 сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст ва бо ин кирдори худ ба ҷабрдида зарари калони моддӣ расонидааст.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button