Хабарҳои кӯтоҳҲодисаҶомеа

БОЗДОШТИ ЯК БЛОГЕРИ НОБОЛИҒ БАРОИ НАШРИ ВИДЕОҲОИ ҒАЙРИАХЛОҚӢ ВА ТАҲҚИРИ МОДАРИ ХУДАШ ДАР ПАХШИ МУСТАҚИМ

Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе рӯзи 15 апрели соли 2024 аз ҳабси Фаррух Ҳалимов ном як блогери ноболиғ барои нашри маводи ғайриахлоқӣ ва таҳқири модари худаш дар ҷараёни пахши мустақим дар Инстаграм хабар дод.

Милитсияи пойтахти Тоҷикистон гуфт, новобаста аз таъкидҳои ҳамешагӣ, баргузории корҳои фаҳмондадиҳӣ ва андешидани чораҳои таъсиррасони қонунӣ, мутаассифона, баъзе аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ боз ҳам наворҳои дорои алфози қабеҳро паҳн намуда, боиси коста гаштани ахлоқи ҷомеа мегарданд. Яке аз онҳо Фаррух ном блогери ноболиғ будааст.

Худи Фаррух Ҳалимов  ё наздиконаш барои шарҳи қазия дастрас нестанд, вале милитсияи пойтахт дар робита ба қазия гуфт: “Гарчанде қаблан шаҳрванд Ҳалимов Ф. аз сабаби ноболиғ буданаш, барои паҳн намудани наворҳои ғайриахлоқӣ расман огоҳонида шуда бошад ҳам, вале амалу кирдорҳои ношоистаи худро идома дода, боиси норозигӣ ва вокунишҳои манфии шаҳрвандон гардидааст.Номбурда мунтазам тавассути саҳифаи Инстаграми худ пахши мустақим намуда, бо алфози қабеҳ нисбати шаҳрвандон ва дигар истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ дашном намудааст. Ҳамзамон, зимни яке аз пахши мустақим нисбати модари худ бадгуфторӣ намуда, дар байни оммаи шаҳрвандон шаъну шарафи модарашро паст задааст. Ин кирдорҳои ғайриахлоқонаи номбурда боиси норозигӣ ва вокунишҳои манфии шаҳрвандон гардида, аз мақомоти милитсия дархост намудаанд, то ки нисбати Ҳалимов Ф. чораҳои қонунӣ андешида шавад. Вобаста ба ҳолати мазкур, нисбати номбурда маводҳои зарурӣ тартиб дода шуда, мавриди санҷиш қарор дорад”.

Ба эҳтимоли ғолиб, ба далели ноболиғ будани Фаррух Ҳалимов волидони ӯро бар асоси қонуни масъулияти падару модар ҷарима мебанданд ва худашро ҳушдор медиҳанд, ки дигар даст ба чунин корҳои хилофи ахлоқ назанад.

Аз аввали соли ҷорӣ милитсияи Душанбе алакай чанд блогерро бо айни иттиҳоми “паҳн кардани наворҳои зиддиахлоқӣ” боздошт ва муҷозот кардааст.

Аз ҷумла Ҳимматзода Ҳабибулло Убайдулло, соли таваллудаш 18.08.2002, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Н.Қарабоев моҳи феврали соли 2024 барои паҳн кардани чунин наворҳо дастгир ва ба 7 шабонарӯз ҳабси маъмурӣ маҳкум шуд.

Бино ба иттилои милитсия, “зимни санҷиш муайян гардид, ки номбурда мунтазам тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ба паҳн намудани наворҳои дорои алфози қабеҳ ва паст задани талаботи қарору қонунҳои кишвар машғул аст. Гарчанде номбурда қаблан барои чунин кирдорҳои зиддиҳуқуқӣ ба ҷавобгарии маъмурӣ ҷалб гардида бошад ҳам,вале амалу рафтори худро ислоҳ накардааст.”

Ҳамин тавр, милитсияи пойтахт рӯзи 17 феврали соли 2024 аз ҳабси дубораи блогери ҷавони 19-сола Ҷаҳонгир Раҳимзода ва ҷарима бастани шарики ӯ  Аниса Рӯзиева барои паҳн кардани наворҳои бадахлоқона хабар дод.

Худи ин ҷуфти блогерҳо барои шарҳи қазия дастрас нестанд, вале милитсия гуфт, “зимни санҷиш муайян карда шуд, ки шаҳрванд Раҳимзода Ҷаҳонгир Ҳамид, санаи таваллудаш 08.01.2005, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи А.Дониш ва Рӯзиева Аниса Азизовна, санаи таваллудаш 18.01.2006, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе кӯчаи Сино, дар шабакаи иҷтимоии «Инстаграм» навори дорои алфози қабеҳро нашр намудаанд. Гарчанде қаблан барои паҳн намудани чунин наворҳои дорои алфози ғайриахлоқӣ, нисбати дастгиршуда Раҳимзода Ҷаҳонгир ҷазои маъмурӣ татбиқ гардида, расман огоҳонида шуда бошад ҳам, вале ба худ хулосаи зарурӣ набароварда, боз санаи 15-уми январи соли ҷорӣ ҳамроҳи Рӯзиева Аниса чунин навор омода карда, тавассути шабакаи иҷтимоии “Инстаграм” паҳн намудаанд, ки ин амали номбурдагон боиси норозигии шаҳрвандон гардидааст”.

Дар натиҷа, Раҳимзода Ҷаҳонгир ҷазо бо қарори додгоҳ ба  10 шабонарӯз ҳабси маъмурӣ маҳкум гардида, Рӯзиева Анисаро ба андозаи 10-нишондиҳанда барои ҳисобҳо, баробари 720 сомонӣ ҷарима бастанд. Блогер Ҷаҳонгир Раҳимзода бо айни иттиҳоми паҳн кардани наворҳои бадахлоқона ва “итоат накардан ба кормандони милитсия” моҳи январи соли 2024 низ ба 7 шабонарӯз ҳабси маъмурӣ маҳкум шуда буд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button