ВидеоМуҳоҷиронҲуқуқи инсон

ИХРОҶИ 184 МУҲОҶИР АЗ СВЕРДЛОВСК ВА 16 ТОҶИК – АЗ ВОЛОГДА ДАР ЯК ҲАФТА (ВИДЕО)

Танҳо дар як ҳафтаи гузашта ва танҳо аз минтақаи Урал 84 муҳоҷири ғайриқонуниро ихроҷ кардаанд ва ҷамъи муҳоҷироне, ки аз аввали соли 2024 приставҳои вилояти Свердловск аз қаламрави Русия берун кардаанд, ба 630 нафар расидааст. Дар ин бора рӯзи 15 апрели соли 2024 Телеграм-каналм Сарраёсати хадамоти федералии приставҳои вилояти Свердловск (ГУФССП по Свердловской области) хабар дод.

 “Шаҳрвандони Тоҷикистону Ӯзбекистон ва Қирғизистон дар вилояти Свердловск ғайриқонунӣ ба сар мебурданд. Онҳо барои мардикорӣ омада буданд, вале будубошашон дар қаламрави Федератсияи Русия ғайриқонунӣ буд. Онҳоро бар асоси моддаи 18.8 Кодекси ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурии Русия ба вайрон ккардани қоидаҳои будубош айбдор шинохта, нафақат ҷарима бастанд, балки ҳукми ихроҷашонро ҳам бароварданд”, –  гуфта мешавад дар хабар.

Бино ба иттилои хадамоти приставҳо, ин садҳо муҳоҷир то рӯзи ихроҷашон дар боздоштгоҳи вижаи муҳоҷирон нигоҳ дошта мешуданд. Приставҳо онҳоро то хатти марз гусел карда, ба дасти марзбонон супурдаанд.

Вилояти Свердловск дар бародари шаҳру вилояти Маскав, шаҳри Петербургу вилояти Ленинград, вилоятҳои Самараву Саратову Челябинск ва ҷумҳуриҳои Тотористону Бошқирдистон яке аз самтҳои умдаи сафари муҳоҷирони корӣ аз Осиёи Марказӣ ба Русия шумурда мешавад.

Рӯзи 14 апрел раёсати приставҳои вилояти Вологда низ хабар дод, ки дар як ҳафтаи охир танҳо аз ду шаҳри Вологда ва Череповется 16 шаҳрванди Тоҷикистонро ихроҷ кардаанд. Онҳоро барои вайрон кардани қоидаҳои будубош ва бидуни патент машғул шудан ба фаъолияти корӣ ҷарима баста, ҳамчунин ҳукми ихроҷашонро бароварда буданд.

Гуфта мешавад, ки приставҳо ин 16 муҳоҷири ғайриқонуниро то шаҳри Маскав бурда, дар фурудгоҳ ба дасти марзбонҳо супурдаанд. Дар шиносномаҳои ин 16 муҳоҷири тоҷик ҳукми ихроҷ задаанд ва онҳо барои 5 соли оянда аз ҳаққи сафар ба Русия маҳрум карда шудаанд.

Раёсати приставҳои вилояти Вологда ҳамчунин хабар дод, ки аз аввали сол аз ин вилоят алакай 110 муҳоҷирро барои вайрон кардани қоидаҳои муҳоҷират ихроҷ кардаанд.

Фишорҳо ба муҳоҷирон – рейду боздоштҳо ва ҳолатҳои ихроҷи онҳо аз Русия дар пайи ҳамлаи хунини рӯзи 22 марти соли 2024 дар толори консертҳои “Крокус Сити Ҳолл” дар шаҳри Красногорск дар канори Маскав, ки дастикам 145 кушта ба ҷо гузошт, боло рафтааст. Масъулияти он ҳамларо гуруҳи террористии ДОИШ ба дӯш гирифт. Бо гумони даст доштан дар ҳамла 17 нафар дастгир шуданд, ки 15 нафараш зодагони Тоҷикистонанд. Ҳамаи 4 муттаҳами асосӣ, ки мақомоти Русия онҳоро омилони ҳамлаи хунини рӯзи 22 март мешуморанд, низ аз Тоҷикистонанд.

Дар пайи ҳамлаи хунини рӯзи 22 марти соли 2024, дар байни ҳамагӣ 4 рӯз танҳо аз шаҳри Санкт-Петербурги Русия 466 муҳоҷирро ихроҷ карданд. Ҳамин тавр, дар як ҳафтаи аввали баъди ҳамлаи “Крокус” аз Маскав низ беш аз 400 муҳоҷирро ихроҷ карданд. Аз дигар минтақаҳои Русия низ дар ин авохир дар бораи ихроҷи садҳо муҳоҷир ба даст мерасанд.

Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, додгоҳҳои Русия маъмулан муҳоҷирон “говсуд” карда, парвандаҳои онҳоро рӯякӣ ва бидуни баргузории ягон навъ муҳокимаи додгоҳӣ баррасӣ мекунанд ва як додрас метавонад дар байни ҳамагӣ чанд дақиқа ҳукми ихроҷи даҳҳо муҳоҷирро имзо кунад. Дар ин вақте, ки тақдири онҳо ҳал мешавад, худи муҳоҷирон маҷбуранд дар роҳрави додгоҳ ба тақдир сар супурда, мунтазир бишинанд, чунки онҳоро ба ҳузури додрасе, ки сарнавишташонро ҳал мекунад, ҳатто роҳ намедиҳанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button