ВидеоМинтақа ва ҷаҳонМуҳоҷирон

БОЗДОШТИ ШАҲРВАНДИ РУСИЯ ДАР ФУРУДГОҲИ АЛМА-АТО БАРОИ ҶАЛБИ ТОҶИКҲО БА ҶАНГ

Рӯзи 11 апрели соли 2024 дар фурудгоҳи Алма-Ато, шаҳри аз ҳама бузурги Қазоқистон, кормандони пулис ва марзбонҳои қазоқ як шаҳрванди 32-солаи Русияро, ки барои ғайриқонунӣ барои иштирок дар ҷангҳои бегона ҷалб кардани зодагони Тоҷикистон дар ҷустуҷӯ қарор дошт, дастгир карда шуд.

Telegram-канали Полисия.Кз, канали расмии пулиси Қазоқистон хабар дод, ки ин шаҳрванди Русия аз фурудгоҳи Внуковои шаҳри Маскав ба Алма-Ато омада буд, вале ҳангоми тафтиши аснодаш дар хатти марз маълум шуд, ки ӯ аз моҳи сентябри соли 2023 бо иттиҳоми ба узвият дар гуруҳҳои мусаллаҳ ва иштирок дар муноқишаҳои мусаллаҳона ва амалиёти ҷангӣ дар қаламрави кишварҳои дигар ҷалб кардани шаҳрвандони Тоҷикистон таҳти ҷустуҷӯи байнидавлатӣ қарор дода шудааст.

Гуфта мешавад, дар ҳоли ҳозир, дастгиршуда дар тавқифгоҳ (ИВС) қарор дорад ва масъалаи истирдоди ӯ дар дасти баррасист.

Полисия.Кз  тафсилоти дигар надодааст. Номи нафари дастгиршуда нашр нашудааст. Маълум нест, ки оё ӯ шаҳрванди аслии Русия аст ваё аз шумори онҳое, ки ба тозагӣ соҳиби шаҳрвандии ин кишвар шудаанд? Ин ҳам рӯшан нест, ки ӯ шаҳрвандони Тоҷикисторо ба ҳайси зархарид ба ҷанг дар кадом кишвар ваё ба саффи кадом гуруҳи силоҳбадаст ҷалб кардааст?

Вале бархе расонаҳо хабар доданд, ки ин шаҳрванди Русияро шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Спитамен ба ҷустуҷӯи байналмилалӣ додааст. Дар солҳои 2014-2015, ки давраи авҷи фаъолиятҳои созмони террористии ДОИШ буд, аз ин ноҳияи воқеъ дар шимоли Тоҷикистон даҳҳо нафар, бархе ҳатто хонахез, ҳамроҳи падару модари пир ва зану фарзандонашон  ба Сурияву Ироқ, ба қаламрави ба номи “хилофати исломӣ”, ки ДОИШ дар сарзаминҳои ишғолкардааш эълон карда буд, кӯчида буданд.

Дар маҷмӯъ, ба ҳисоби мақомоти амниятии Тоҷикистон, беш аз 2,5 ҳазор нафар аз шаҳрвандони тоҷик дар солҳои охир ба Сурияву Ироқ ва Афғонистону сарзаминҳои қабиланишини Покистон рафта, ба саффи ДОИШ ва дигар гуруҳҳои ҷангталаб пайвастанд. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон моҳи марти соли 2024 дар мулоқот бо ходимои дин хабар дод, ки дар 3 соли охир шаҳрвандони тоҷик дар 24 амали террористӣ дар 10 кишвари ҷаҳон иштирок карда, дар умум дар солҳои охир беш аз 1000 зодаи Тоҷикистон дар кишварҳои ҷангзада кушта шудаанд.

Ҳамин тавр, баъди торумори нирӯҳои асосии ДОИШ дар Сурияву Ироқ беш аз 400 зану кӯдаки ҷангҷӯёни тоҷик ба асорат афтоданд. Мақомоти Тоҷикистон то имрӯз тавонистанд ҳудуди 200 кӯдаки тоҷикро аз Ироқу Сурия ба Ватан пас биоранд, вале даҳҳо зани тоиҷк дар он ду кишвари арабӣ бо ҷурми ҳамдастӣ бо ҷангҷӯён маҳкум ба солҳои тӯлонии зиндон шудаанд.

Дар Тоҷикистон узвият дар гуруҳҳои силоҳбадаст ва иштирок дар муноқишаҳои мусаллаҳона ва амалиёти ҷангӣ дар кишварҳои дигар ҳамчун “зархаридӣ” ҷазо дода мешавад. Модди 401, иловаи 1 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон барои чунин аъмол ҳамчун ҷазо аз 12 то 20 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button