ВидеоМинтақа ва ҷаҳон

ҲАМЛАИ ЭРОН БА ХОКИ ИСРОИЛ БО ДРОНУ МУШАКҲО. ИСРОИЛ ГУФТ, 99 ФОИЗИ ИН ДРОНУ МУШАКҲОРО СУҚУТ ДОДААСТ

Шаби 14 апрели соли 2024 Эрон бори аввал бевосита аз қаламрави худ хоки Исроилро ҳадафи ҳамлаи густарда бо истифода аз ҳавопаймоҳои бесарнишин ва мушакҳо қарор дод.

Ба ҳисоби ҷониби Исроил, Эрон ба сӯи ин кишвар беш аз 300 дрону мушак задааст. Ҷониби Эрон то кунун ҳамлаҳояшро расман натиҷагирӣ накардааст, вале ҷониби Исроил иддао дорад, ки ҳамроҳи муттаҳидонаш (асосан Амрико ва Британияи кабир) тавонистаанд, 99 фоизи дронҳо ва мушакҳои Эронро суқут бидиҳанд ва дар натиҷа, ба Исроилу сокинонаш осеби андаке расидааст.

Сарвазири Исроил Бенямин Нетаняҳу ҳатто бо тантана эълон кард, ки Исроил ҳамлаи Эронро зада гардонд ва дар ин муноқиша ғалаба хоҳад кард.

“Мо (мушаку дронҳо Эронро) пешгирӣ кардем, мо онҳоро зада гардондем ва мо якҷоя пирӯз мешавем”, — навиштааст Нетаняҳу дар саҳифааш дар шабакаи X (собиқ Твиттер).

Намояндаи артиши дифоъ аз Исроил (САХАЛ) Даниэл Ҳагарӣ низ дар нишасти хабарӣ зада гардондани 99 фоизи дрону мушакҳои Эроро “комёбии хеле чашмгири стратегӣ” номид ва гуфт,  шуморе аз ин мушакҳову дронҳоро аз қаламрави Ироқ ва Яман ба сӯи Исроил партоб кардаанд.

Вазири мудофиаи Исроил Йоав Галант дар пайи анҷоми арзёбии вазъ бо мансабдорони баландпояи вазораташ гуфт: “Ҳамроҳи Амрико ва дигар шариконамон мо тавонистем қаламрави давлати Исроилро ҳимоят кунем. Инки осеби начандон бузурге расид, ин натиҷаи амалиёти олии артиши Исроил аст”.

Галант афзуд, “ин ҳанӯз поёни кор нест ва мо бояд ҳушёр ва ба ҳар гуна сенария омода бошем. Аммо мо мавҷи бузургтарини ҳамлагро зада гардондем ва хеле бо муваффақият”.

Хадамоти миллии тиббии Исроил “Маген Давид Адом” изҳор дошт, ки “дар пайи боги изтироб, ки шаби гузашта дар саросари кишвар ба гӯш мерасид, кормандони тиб барои кумак ба 31 нафар сафарбар гардиданд. Ин афрод ё дар ҳолати изтироб афтода буданд ваё дар роҳ ба паноҳгоҳҳои амн ҷароҳатҳои сабук бардошта буданд”.

Эрон дронҳову мушакҳояшро ба тарафи Исроил ҳанӯз шаби 13 апрел партоб кард, вале то расидани онҳо то қаламрави Исроил чанд соат гузашт.

Дар изҳороти Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон, ки шаби 13 апрел нашр шуд, гуфта мешуд, ки ба ин амалиёт “Ваъдаи содиқ” ном додаанд ва ин амалиёт дар посух ба “ҷиноятҳои мутаъаддид”, аз ҷумла ҳамлаи рӯзи 1 апрели Исроил ба бахши консулии сафорати Эрон дар Димишқ, пойтахти Сурия, ки 13 нафар, аз ҷумла 7 тан аз фармондеҳон ва мусташорони низомии  Сипоҳро кушта ба ҷо гузошт, амалӣ карда мешавад.

Шӯрои амнияти Созмони Милал шоми 14 апрел масъалаи ҳамлаи Эрон ба Исроилро баррасӣ мекунад. Намояндаи Малта дар Созмони Милал Ванесса Фрейзер, ки кишвараш раёсати давраии Шӯрои амниятро дар даст дорад, гуфт, ин ҷаласа бо ташаббуси Исроил даъват карда мешавад.

Исроил дар номааш ба раиси Шӯрои амият Эроро ба поймол кардаи уҳдадориҳои байналмилалӣ ва пуштибонии ҲАМОС дар сарзаминҳои фаластинии навори Ғаза, Ҳизбуллоҳ дар Лубнон ва шӯришиҳо аз қабилаи ҳусиҳо дар Яман айбдор карда, “меъмори бесуботӣ дар тӯли солиён” номидааст.  “Ҷиддият ва миқёси ҳамлаҳо бесобиқа буда, истиқлоли Исроил, ҳуқуқи байналмилалӣ ва қатъномаҳои Шӯрои амниятро дағалона поймол мекунанд”, — гуфтааст дар омааш Исроил ва аз Шӯрои амният хостааст, то Сипоҳи посдорон  — яке аз такягоҳҳои асосии режими ҳоким дар Эронро созмони террористӣ эълон кунад.

Эрон низ ба навбати худ ба раиси Шӯрои амният нома фиристода, изҳор доштааст, ки ба хотири дифоъ аз худ, бар асоси банди 51 Ойинномаи Созмони Милал ва дар посух ба ҳамлаҳои ҳарбии батакрори Исроил амал кардааст. Банди 51 Ойинномаи Созмони Милал ба кишварҳо ҳаққи комил медиҳад, ки дар сурати ҳамлаи мусаллаҳона ба қаламравашон аз худ дифоъ кунанд.

Дар изҳороти намояндагии доимии Эрон дар Созмони Милал гуфта шудааст, ки “масъаларо метавон ҳалшуда арзёбӣ кард”. Ин ишораро метавон ба маъное талаққӣ кард, ки Эрон дар фикри зарбаҳои аз ин бештар ба зидди Исроил нест, аммо ба як шарт. “Агар Исроил боз як иштибоҳ содир кунад, посухи Эрон боз ҳам шадидтар хоҳад буд”, — гуфта мешавад дар изҳорот.

Дар ҳамин ҳол, президенти Амрико Ҷо Байден изҳор дошт, ки рӯзи 14 апрел бо роҳбарони гуруҳи G7 ташкили ҷаласа мекунад, “то ки посухи ягонаи дипломатӣ ба ҳамлаи густохонаи Эронро таҳия кунанд”. G7 7 кишвари аз лиҳози саноатӣ пешрафтаи дун: Амрико, Фароса, Олмон, Британияи кабир, Италия, Канада ва Японияро муттаҳид мекунад.

Ва аммо Хитой ҳамлаи Эронро рӯирост маҳкум накарда, ҷонибҳоро танҳо ба хештандорӣ даъват кардааст. Дар изҳороти вазорати хориҷаи Хитой гуфта мешавад, ки Пекин “аз ташаннуҷи кунунии вазъ амиқан нигарон буда, ба хотири пешгирӣ аз ташаннуҷи бештар ҷонибҳоро ба оромӣ ва хештандорӣ даъват мекунад”. Хитой бо Эрон равобити наздики иқтисодию дипломатӣ дорад ва ҳафтае қабл Амрико аз Пекин хоста буд, то ба Теҳрон таъсир расонда, аз ҳамлаи ҷавобӣ ба Исроил манъаш кунад. Аммо, бино ба гузориши “Financial Times”, мақомҳои амрикоӣ дар суҳбатҳои инфиродӣ гуфтаанд, ки яго аломати ба Эрон таъсир расондани Хитойро мушоҳида накардаанд.

Ба далели ташаннуҷи вазъ бисёре аз кишварҳои Ховари Миёна, аз ҷумла Урдун, Лубнон ва Ироқ, ки дар масири парвози дронҳо ва мушакҳои Эрон ба сӯи Исроил қарор доранд, ҳамчунин худи Эрону Исроил ҳарими ҳавоии худро барои парвози ҳавопаймоҳо бастанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button