ВидеоМинтақа ва ҷаҳонМуҳоҷиронСиёсатҲуқуқи инсон

СИРОҶИДДИН МУҲРИДДИН АЗ БАЙНИ МАНСАБДОРОНИ ТОҶИК АВВАЛИН ШУДА МАСЪАЛАИ ШИКАНҶАИ ТОҶИКҲОИ МУТТАҲАМ БА ҲАМЛАИ ТЕРРОРИСТИРО БАРДОШТ

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин рӯзи 12 апрели соли 2024 дар суханрониаш дар ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви ИДМ (СНГ) дар шаҳри Минск, пойтахти Беларус изҳор дошт, ки ҳангоми тафтиши ҳамлаи террористии 22-юми март дар Маскав мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бояд меъёру принсипҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ва талаботи қонунгузории худро, бахусус дар мавриди эътимоли бегуноҳӣ, манъи шиканҷа ва муносибати бераҳмона риоя кунанд“. Дар ин бора ба “Азия Плюс” аз вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар доданд.

Сироҷиддин Муҳриддин ҳамчунин зикр кард, ки “намоиши наворҳои боздошти омилони эҳтимолии амали террористӣ рӯзи 22 март дар Маскав бо истифода аз шиканҷа алайҳи онҳо ғайриқобили қабул аст. Арзиши эътирофе, ки бо ин роҳ ба даст оварда шудаааст, ба ҳама маълум аст”.

Ба ин тартиб, Сироҷиддин Муҳриддин аз байни аъзои баландпояи ҳукумати Тоҷикистон нахустин нафаре гардид, ки дар сатҳи расмӣ масъалаи истифодаи шиканҷа ба зидди тоҷикистониҳои муттаҳам ба даст доштан дар ҳамлаи хунини рӯзи март дар шаҳри Красногорск дар канори Маскавро матраҳ кард. То кунун дар бора дар сатҳи ғайрирасмӣ ва бештар дар байни мардуми оддӣ гуфтугузор буд, на дар сатҳи расмӣ.

Вазири хориҷаи Тоҷикистон дар суханрониаш дар Минск ҳамчунин аз роҳандозӣ шудани маъракаи зидди тоҷикон дар ин авохир изҳори нигаронӣ кард.

“Дар натиҷаи як маъракаи иттилоотии нодуруст нисбат ба шаҳрвандони Тоҷикистон ва тоҷикон тасаввури манфӣ ташаккул меёбад, ки ба ин роҳ додан лозим нест”, – гуфт вазири корҳои хориҷии ҷумҳурӣ.

Сироҷиддин Муҳриддин афзуд, ки “дар фазои иттилоотии СНГ ташаккул ёфтани фазои нафрат, бегонаситезӣ ва нажодпарастӣ нисбат ба шаҳрвандони кишварҳои хориҷӣ қобили қабул нест”.

Вазири корҳои хориҷии ҷумҳурӣ изҳор дошт, ки ҷониби Тоҷикистон интизор дорад, ки тафтишоти ҳамлаи террористии рӯзи 22 март дар Маскав беғаразона ва одилона сурат мегирад.

“Ҳама бояд ҷазо гиранд: созмондиҳандагон, омилон, шарикон ва фармоишгари ин ҷинояти мудҳиш”, – таъкид дошт Сироҷиддин Муҳриддин.

Зимни суханрониаш дар ҷаласаи Шӯро Сироҷиддин Муҳриддин зикр кард, ки Тоҷикистон дар тӯли се даҳсола бо чолишҳои бесобиқаи амниятӣ рӯбарӯ аст. Ба ақидаи ӯ, зарурати бетаъхир баланд бардоштани самаранокии фаъолияти Маркази зиддитеррористии ИДМ фаро расидааст.

“Ҳодисаҳое, ки дар Афғонистон рух медиҳанд, натанҳо ба фазои ИДМ таъсир мерасонанд, балки метавонанд ба тағйири тавозуни геополитикии қудратҳо дар тамоми қитъаи Авруосиё боис шаванд”, – таъкид кард вазири хориҷаи Тоҷикистон.

Рӯзи 22 марти соли 2024 чор нафари мусаллаҳ ба толори консертҳои “Крокус Сити Ҳолл” дар шаҳри Красногорск дар канори Маскав ҳамла оварда, издиҳомро тирборон карданд. Бар асари тирборон ва сӯхтор 144  нафар кушта шуданд. Бо иттиҳоми даст доштан дар ин ҳамла дастикам 17 нафар дастгир шудаанд, ки 15 нафараш, аз ҷумла ҳамаи 4 муттаҳами асосӣ, зодагони Тоҷикистонанд. Масъулияти ҳамлаи Краснорскро созмони террористии ДОИШ ба дӯш гирифт, вале мақомоти Русия талош доранд, ки Украинаро ба даст доштан дар ин ҳамла айбдор кунанд.

Рӯзи 23 март баъди боздошти нахустин гумонбаршавандаго дар Интернет видеои такондиҳандае нашр шуд, ки чӣ гуна нирӯҳои “спетсназ”-и Русия дар як ҷангал дар вилояти Брянск шаҳрванди Тоҷикистон Саидакрами Раҷабализодаро дастгир карда, гӯшашро бо як шеваи бераҳмона буриданд ва ба даҳонаш андохтанд, ки бихӯрад. Ба болои ин, таҳдидаш карданд, ки агар гӯшашро нахӯрад, узви таносулашро бурида, ба даҳонаш меандозанд ва маҷбур мекунанд, ки бихӯрад.

Ба дунбол дар Интернет акси лаҳзаи аз сӯи афсарони “спетсназ”-и Русия шиканҷа шудани Фаридуни Шамсиддини 25-сола баъди боздошташ дар ҳамон ҷангалзори Брянск нашр шуд. Дар акс дида мешавад, ки шими ҷавони тоҷикро то зону поён карда, ба баданаш барқ монданд. Баъдан хабар доданд, ки бозҷӯён ба узви таносули Фаридуни Шамсиддин барқ мондаанд ва баъди ин, булбулаки ӯ ба хондан даромад ва баёнот дод, киба онҳо барои анҷоми ин ҳамла 500 ҳазор рубл ваъда дода, нисфи ин пулро ҳамчун “пешпардохт” алакай ба кортҳои бонкиашон гузарондаанд ва 250 ҳазори боқимондаашро бояд баъди анҷоми ҳамла мегузаронданд. Аммо ӯ ин корти гӯё пури пулро нишон дода натавонист ва гуфт, ки ҳангоми фирори бошитобашон аз Маскав корту чизҳои дигарашонро бо худ гирифта натавонистаанд

Муттаҳами дигар –Далерҷон Мирзоев – дар бозпурсии аввал ва дар додгоҳ чунон пакару бехуд ба назар мерасид, ки ҳатто эҳсос намекард, ки дар куҷост ва дар атрофи ӯ чӣ мегузарад?

Муҳаммадсобир Файзови 19-соларо бошад ба додгоҳ дар рӯи аробачаи тиббӣ ва дар ҳоле оварданд, ки як чашми ӯ зарби сахт хӯрда ва ба хичакаш катетер васл карда буданд. Аммо лаҳзаи аз ҳама такондиҳанда бори аввал ба бемористон ба бозпурсиаш омадани муфаттишон ҳамроҳи як зани тарҷумон буд. Файзов дар он навор аз зани тарҷумон мепурсад, ки “ман чӣ кор кардам?”

Аломатҳои ошкори шиканҷа дар сару рӯ ва бадани муттаҳамон ва аксу видеоҳои нашршуда, ки баёнгари истифодаи шиканҷаи бераҳмона нисбат ба онҳост, бисёриҳоро водор кард, ки ба фарзияи мақомоти Русия бо назари шубҳа нигоҳ кунанд. Корбарон менависанд, ки таҳти чунин шиканҷа дилхоҳ одам метавонад ба осонӣ ҳар ҷиноятеро, ки мехоҳанд ба сараш бор кунанд, ҳатто қатли Ленинро ҳам ба калла бигирад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button