ВидеоМуҳоҷиронҲодиса

ДАР ПЕТЕРБУРГ ЯК ТОҶИК ТОҶИКИ ДИГАРРО БАРОИ … 250 ДОЛЛАР ПУЛИ ҚАРЗ БО 60 ЗАРБАИ КОРД КУШТААСТ

Субҳи 12 апрели соли 2024 ҷасади оғӯштаи хуни як марди ношиносро бо захмҳои зиёд дар баданаш дар шаҳри Павловски ноҳияи Пушкин дар канораҳои шимолушарқии шаҳри Санкт-Петербурги Русия пайдо карданд. Пойгоҳи хабарии “Патрульный Петербурга” хабар дод, ки кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба ҷои ҳодиса омада, муайян карданд, ки марди кушташуда шаҳрванди 43-солаи Тоҷикистон аст. Дар бадани ӯ беш аз 60 захми халандаю бурандаро ҳисоб кардаанд.

Дар робита ба ин ҳодиса бар асоси қисми якуми моддаи 105 Кодекси ҷиноятии Русия бо иттиҳоми одамкушӣ парвандаи ҷиноятӣ кушодаанд. Ва алакай баъди чанд соат бо изи гарм мақомот тавонистанд дар хиёбони Нӯҳуми январ дар канораҳои ҷанубии Петербург, тақрибан 20 километр дуртар аз ҷои ҳодиса бо гумони қатли ҳамватанаш як ҷавони 27-солаи зодаи Тоҷикистонро дастгир кунанд.

Худи ин ҷавони дастгиршуда  ё наздиконаш барои шарҳи қазия дастрас нестанд, вале бино ба фарзияи тафтишот, ӯ ҳамватани худашро бо чунин шеваи бераҳмона барои … ҳамагӣ 23 ҳазору 500 рубл, ё 250 доллар пули қарз куштааст.

Бино ба фарзияи тафтишот, муҳоҷири тоҷик ба бадани ҷабрдида, ки гӯё аз вай қарздор будааст, беш аз 60 зарбаи корд зада, баъди куштани ӯ телефони мобилашро гирифта, тавассути он аз ҳисоби марди кушташуда 23 ҳазору 500 рубл пули қарзашро ба корти бонкии худ гузарондааст ва сипас телефонро дар як макони ҳанӯз мушаххасношуда партофтааст.

Пойгоҳи хабарии “Мойка 78” хабар дод, ки ҷасади муҳоҷири тоҷикро дар ҳудуди ҷамъияти ғайритиҷоратии боғдории СНТ “Звездочка” пайдо кардаанд. Бовар меравад, ки ҷабрдида дар ҳаминҷо кор мекард. Ин ҷамъияти боғдорӣ дар Павловск, дар соҳили дарёи Охта, дар фосилаи тақрибан 10 километр аз маркази таърихии шаҳри Петербург дар канораҳои шимолу шарқии и шаҳр ҷойгир шудааст.

Тафсилоти дигари ҳодиса дастрас нест. Номҳои тоҷики кушташуда ва тоҷики муттаҳам ба қатли ӯ нашр нашудааст.

Ҳар сол беш аз як миллион нафар аз аҳолии қобили кори Тоҷикистон барои пайдо кардани рӯзии хонаводаҳои худ ба хориҷ ва асосан ба Русия ба муҳоҷирати корӣ мераванд. Пулҳое, ки аз Русия ва асосан бо шарофати муҳоҷирон ба Тоҷикистон фиристода мешаванд, як манбаи асосии даромади аксари хонаводаҳои тоҷик ва ҳам як омили муҳими чархонандаи аробаи тиҷорат ва иқтисоди ин кишвар дониста мешавад.

Вале ҳар сол дар Русия ба далелҳои мухталиф то 1000 нафар аз муҳоҷирони тоҷик мемиранд. Фалокатҳо дар ҷои кору ҷои зист ва бемориҳову садамаҳои нақлиётӣ аз иллатҳои умдаи марги муҳоҷирони тоҷик дар Русия ном бурда мешаванд, аммо ҳар сол даҳҳо муҳоҷири тоҷик дар мулки мусофират бо марги маҷбурӣ, аз ҷумла аз дасти ҳамватанони худашон ба зиндагӣ падруд мегӯянд. Ба ҳисоби миёна ҳар рӯзи муҳоҷират ҷони то 3 муҳоҷири тоҷикро мегирад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button