ВидеоМинтақа ва ҷаҳонСиёсат

МАН ГУНОҲЕ НАДОРАМ! CУЛАЙМОН ДАВЛАТОВ ИТТИҲОМИ РОБИТА БО ТЕРРОРИСТҲОРО РАД КАРД (ВИДЕО)

Сулаймон Давлатов, як фаъоли оппозитсияи тоҷик, ки дар кишвари аврупоии Литва ба ҳабс гирифта шуда, дар ҳоли ҳозир дар урдугоҳи депортатсионӣ қарор дорад, рӯзи 10 апрели соли 2024 дар баёнияҳои хаттиву видеоӣ аз ин урдугоҳ иддаои Департаменти амнияти давлатии Литва дар бораи хатар доштанаш ба амияти миллии Литваро бепоя номида, рад кард.

Ахиран Шабакаи телевизион ва радиои Литва (LRT.LT) шарҳи расмии Департаменти амнияти давлатии ин кишварро пиромуни қазияи Сулаймон Давлатов нашр кард, ки дар он чунин гуфта мешуд: “Департаменти амнияти давлатӣ ба Департаменти муҳоҷират чунин хулоса дод, ки Давлатов ба далели робитаҳояш бо аъзо ва тарафдорои созмонҳои террористӣ ва ҳаракатҳои  тундрав ва паҳн кардани ақидаҳои тундравона ба амнияти давлати Литва хатар эҷод мекунад”.

Аммо ин ниҳод мушаххас накардааст, ки Сулаймон Давлатов ба ҳамкорӣ бо кадом “созмонҳои террористӣ ва ҳаракатҳои тундрав” айбдор мешавад?

Сулаймон Давлатов дар баёнияҳояш ин иддаои Департаменти амнияти Литваро “ҳавоӣ” номид.

 “Ман бо ягон созмони террористӣ ё ифротӣ ягон хел алоқа надорам, узви чунин созмонҳо нестам. Ман як мубориз ва озодиҳоҳам ва аз соли 2014 барои овардани озодӣ ба Ватанамон мубориза бурда истодаам. Ҳадафи муборизаи ман ин аст, ки сокинони Тоҷикистон низ мисли сокинони кишварҳои Аврупо дар як ҷомиаи демократӣ ва озод зиндагӣ кунанд. Агар Департаменти амнияти давлатии Литва далел дошта бошад, ки иртиботи ман бо ягон созмони террористиро исбот кунад, ман талаб мекунам, ки ин далелҳо ироа карда шаванд ва ба зидди ман иттиҳомоти мушаххас эълон кунанд ва тафтишоти одилона сурат бигирад. Ман ин ҳама талошҳои ба созмонҳои террористиву тундрав пайвастани маро қатъиян рад мекунам. Ин даъвоҳо ягон асос надоранд ва бепояву ҳавоиянд”.

 Давлатов ба тафтиши мустақилонаи парвандааш исрор варзида, гуфт, омода аст, ки бо далелҳо бегуноҳии худ ва бо терроризм ягон иртибот надоштани худро собит кунад.

Рӯзи 9 апрели соли 2024  Ҳурматбибӣ Раҳматшоева, ҳамсари Сулаймон Давлатов, низ дар як номаи саркушода аз президенти Литва Гитанас Науседа барои ҳалли сарнавишти шавҳараш ёрӣ хост. Ин зани модари 3 фарзанд навишт, ки ҳабси ногаҳонии шавҳараш дар санаи 5 апрели соли 2024 бо дарназардошти набуди як айбномаи мушаххас ва пушти дарҳои баста гузаштани мурофиаи додгоҳӣ аҳли хонаводаи Давлатовро дар як ҳолати ташвишу нигаронӣ ва ҳатто шоку ноумедӣ қарор додааст.

 “Боздошти ӯ бидуни айбномаи ошкор нигарониҳои ҷиддиеро дар бораи адолат ва шаффофияти мурофиаи додгоҳӣ ба бор меоранд. Дар пайи хабарҳои ахир дар мавриди лағви мақоми паноҳандагӣ ва ихроҷи ӯ ба Тоҷикистон бояд хотиррасон кунем, ки ба ҳаёт ва саломатии ӯ хатари ҷиддӣ ба вуҷуд меояд. Ман наметавонам изҳори ташвиш накунам ва дахолати Шуморо ба ин қазия тақозо накунам. Ману шавҳарам Сулаймон Давлатов ба бегуноҳии ӯ бовар дорем. Вале агар ӯҳатто агар ягон ҷиноят карда бошад, пас бигзор дар қаламрави Литва, бидуни ихроҷ ба Тоҷикистон муҳокима шавад. Бозгашт ба Тоҷикистон барои Сулаймон ба маънои солҳои тӯлонии зиндон, шиканҷаи ҷисмонӣ ва ҳатто эҳтимоли марг аст”, – навиштааст Раҳматшоева ва ба ин далел аз президенти Литва хостааст, ки ба ин қазия дахолат карда, монеи ихроҷи шавҳараш ба Тоҷикистон шавад.

Сулаймон Давлатов, паноҳандаи сиёсии тоҷикро, нимаи дуюми рӯзи 5 апрели соли 2024, баъди намози ҷумъа афроди ниқобпӯҳ аз назди тарабхонааш дар шаҳри Вилнюс, пойтахти Литва дастгир карданд ва рӯзи якшанбе, 7 апрел додгоҳи Вилнюс фаъоли тоҷикро барои 2 моҳ, яъне то 6 июни соли ҷорӣ ба ҳабси пешакӣ гирифт.

Сулаймон Давлатов, санаи таваллудаш 16 марти соли 1986, зодаи шаҳри Ваҳдат, аз соли 2015, инак 9 сол боз ҳамчун паноҳандаи сиёсӣ ҳамроҳи зану фарзандонаш дар Литва ба сар мебарад.

Сулаймон Давлатов дар гузашта аз аъзои аршади ҳаракати оппозитсионии фаъолияташ феълан дар Тоҷикистон мамнӯи “Гуруҳи 24” ва Анҷумани нирӯҳои созандаи Тоҷикистон буд. Ӯ қаблан дар шаҳри Санкт Петербурги Русия тиҷорат дошт. Давлатов дар Литва низ ба тиҷорат машғул буд ва дар Вилнюс ошхонаву мағоза ва нонвойхона дошт.

Ин бори аввал нест, ки Сулаймон Давлатов дар Аврупо боздошт мешавад.

Соли 2015, дар пайи манъи фаъолияти “Гуруҳи 24” аз сӯи Додгоҳи олии Тоҷикистон ва мавҷи боздоштҳои аъзои он, Сулаймон Давлатов аз Петербург ба Финландия фирор кард, вале 20 феврали соли 2015 ӯро дар Финландия бар асоси дархости Интерпол дастгир карданд. Маълум шуд, ки мақомоти Тоҷикистон ин фаъоли мухолифи ҳукуматро бо иттиҳомоти сангине, ба мисли “ба ҳайъати гуруҳҳои ифротӣ ҷалб кардану ба Сурия фиристодани ҷавонони тоҷик” таҳти ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор додаанд.

Он вақт додгоҳи Финландия ба далели ангезаҳои сиёсии парвандааш аз истирдоди Сулаймон Давлатов ба Тоҷикистон даст кашид ва ӯро алакай моҳе баъд, 24 марти соли 2015 озод карданд.

Баъди раҳоияш аз боздошт Давлатов ба Литва омад ва аз ин кишвар дархости паноҳандагӣ кард.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button