ВидеоМуҳоҷиронҲодиса

АНА ИШҚ! ЯК МАРДИ ТОҶИК ДАР КРАСНОДАР БАРОИ ДУХТАРИ ДӮСТДОШТААШ РАГҲОИ ДАСТАШРО БУРИД (ВИДЕО)

Рӯзи 10 апрели соли 2024, дар рӯзи иди саиди Фитр, дар шаҳри Краснодар дар ҷануби Русия як марди 39-солаи зодаи Тоҷикистон дар ҳолати мастӣ дар кӯча, дар байни мардум рагҳои дастонашро бурида, қасди ҷои худ кардааст. Дар милитсияи Краснодар бо тасдиқи ин ҳодиса гуфтаанд, бар асоси маълумоти бадастомада, ин муҳоҷири тоҷик аз духтари дӯстдоштааш ҷавоби рад гирифта, даст ба чунин кор задааст.

Сухангӯи раёсати корҳои дохилии шаҳри Краснодар Артём Коноваленко хабар дод, ки шаҳрванди Тоҷикистон, соли таваллудаш 1985, дар истгоҳи автобус дар кӯчаи Мачуги дар маҳаллаи Гидростроители бо як олати тез дастонашро буридааст ва дар натиҷа хунаш рафтааст.

 “Ба ин мард кумак расонда шуд, ӯ зинда аст”, – афзудааст Коноваленко.

Дар пулиси Краснодар ҳамчунин гуфтаанд, ки “марди хориҷӣ зоҳиран маст буд. Ба гуфтаи худаш, сабаби чунин иқдом рад шудани пешниҳоди ишқаш ба як духтар шудааст”.

И марди тоҷик рагҳои дастоашро дар пеши чашми издиҳом бурид. Каналҳои маҳаллӣ сабтҳои видеоӣ аз ҷои ҳодисаро нашр карданд. Дар видео дида мешавад, ки як марде, ки дастои пурхунашро бо латта бастаанд, дар рӯи роҳ хобидааст ва дар атрофи ӯ одамон ҷамъ шудаанд.

Тафсилоти дигари ҳодиса дастрас нест. Исми марди тоҷик нашр нашудааст. Дар бораи духтаре, ки ин марди тоҷик ба хотири ишқи ӯ тайёр буд, аз баҳри ҷонаш гузарад, ягон маълумот то ҳол ба даст наомадааст.

Марди зодаи Тоҷикистонро ба дасти табибон супурдаанд, ки табобаташ кунанд. Дар робита ба ин ҳодиса санҷиш оғоз ёфтааст ва бар асоси натиҷаҳои он тасмим хоҳанд гирифт, ки парвандаи ҷиноятӣ кушоянд ё на?

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button