ВидеоМуҳоҷиронНуқтаи назар

МУҲОҶИРОН, ДАР ИЗҲОРИ НАЗАРАТОН ХЕЛЕ ҲУШЁР БОШЕД! ПАРВАНДАИ ЯК ҶАВОНИ ТОҶИК БАРОИ САФЕД КАРДАНИ ҲАМЛАИ ТЕРРОРИСТИИ МАСКАВ (ВИДЕО)

Мақомоти тафтишотии шаҳри Санкт-Петербурги Русия ба зидди як шаҳрванди 26-солаи Тоҷикистон бо иттиҳоми дар маҳзари ом сафед кардани терроризм парванда кушодаанд.

Хадамоти матбуоти Сарраёсати тафтишоти Санкт-Петербург рӯзи 28 марти соли 2024 хабар дод, ки ин ҷавони тоҷик дар шарҳҳояш дар Интернет ҳамлаи хунини ҳафтаи гузашта дар шаҳри Красногорскро сафед кардааст.

“Шуъбаи тафтишоти ноҳияи Виборги шаҳри Санкт-Петербург ба шаҳрванди 26-солаи Тоҷикистон, ки дар қаламрави Русия сабти ном надорад, бо иттиҳоми содир кардани ҷинояти дар қисми дуюми моддаи 205.2 Кодекси ҷиноятии Русия дарҷшуда, яъне сафед кардани терроризм айб эълон кард ва ҳоло масъалаи ҳамчун чораи пешгирӣ ба ҳабс гирифтани ӯ баррасӣ мешавад. Бино ба фарзияи тафтмшот, гумонбаршаванда аз 24 то 25 марти соли 2024 дар шабакаи иттилоотиву иртибототии Интернет шарҳҳое навишта, ҳамлаи террористии рӯзи 22 марти соли 2024 дар толори консертҳои “Крокус Сити Ҳолл”-ро ҳақ баровардааст” – гуфта мешавад дар иттилоия.

Тафсилоти дигари қазия дода нашудааст. Маълум нест, ки ҷавони тоҷик ба тарафдорӣ аз ҳамлагарон дар куҷо ва чӣ навиштааст? Сарраёсати тафтишоти Петербург гуфт, таҳқиқи қазия идома дорад.

Дар сабти кӯтоҳе, ки ин ниҳод нашр кард, ҷавони тоҷик мегӯяд, ки “иштибоҳҳоямро ба гардан мегирам ва самимона изҳори пушаймонӣ мекунам”.

Бар асоси қисми дуюми моддаи  205.2 Кодекси ҷиноятии Русия барои дар Интернет сафед кардани терроризм ҳамчун ҷазо ҷарима ба андозаи аз 300 ҳазор то як миллион рубл, ё аз 5 то 7 соли зиндон пешбинӣ шудааст.

Ин алакай дуюмин парвандаи ҷиноятӣ бо иттиҳоми сафед кардани терроризм дар робита ба ҳамлаи рӯзи 22 март дар шаҳри Красногорск аст, ки 139 кушта ва 182 захмӣ ба ҷо гузошт. Масъулияти ҳамларо гуруҳи террористии ДОИШ ба дӯш гирифт. Мақомоти Русия 4 зодаи Тоҷикистонро омилони ин ҳамлаи хунин мешуморанд.

Нахустин парванда  бо иттиҳоми сафед кардани терроризм дар робита ба ҳамлаи Красногорск ба зидди Николай Конашенок – шавҳари мудири ҷазираи сунъии “Ҳолланди ҷадид” дар Петербург аст.  Конашенокро дар фурудгоҳи Пулково вақте дастгир карданд, ки ӯ мехост ба Ереван парвоз кунад. Ӯ баъди боздошташ барои суханони худ узр пурсид ва ҳамсараш низ аз мансаб истеъфо дод. Бино ба хабарҳо,  Конашенок дар як шарҳаш дар робита ба ҳамлаи Красногорск дар шабакаҳои иҷтимоӣ навиштааст ки: “Чаро “Крокус”?  Чаро Кремл не?

Дар пайи ҳамлаи Красногорск даҳҳо нафар аз зодагони Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар бораи ин ҳодиса изҳори назар карда истодаанд. Аксари онҳо ба гунаҳкор будани тоҷикҳои дастгиршуда бовар надоранд ва бар инанд, ки онҳо қурбони туҳмат шудаанд.

Ва аммо Бахтовар Ҷумъаев, як ҳомии ҳуққи муҳоҷирони тоҷик дар Русия, дар пайи парвандаи ҷавони тоҷик дар Петербург аз ҳамаи муҳоҷирон даъват кард, ки дар баёни фикри худ хеле эҳтиёт кунанд.

“Мардум, чаро шумо ин қадар соддаед ва дар ҷаҳолат қарор доред??? Коммент чӣ ба забони тоҷикӣ менависед, чӣ ба дигар забон, чӣ бо дигар телефону аккаунт, Шуморо пайдо мекунанд ва аз ҷавобгарӣ намегурезед. Хусусан дар Русия. Ҳатто забони нимтоҷикии шуморо бо даҳҳо хатогӣ мефаҳманд (мисоли одӣ дар навор).  Бузургони муҳтарам, фарзандон ва ақрабои худро каме лаҷом бикашед”, – навиштааст ин ҳомии ҳуқуқ дар ҳушдораш ба ҳамватанон.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button