ҒОРАТГАРӢ ДАР ТУРСУНЗОДА ВА ЛАТТУКӮБИ ЯК МАРД ДАР РӮДАКӢ
Аз навори хабарҳои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз рӯзи 26 марти соли 2024
Қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ
Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Рӯдакӣ бо ариза марди 33-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки санаи 22-юми марти соли 2024, тахминан соати 17:20-дақиқа ҳангоми дар деҳаи Истиқлол-4 қарор доштанаш ҷавонони 20, 21-солаи сокинони ҳамин ноҳия, бе ягон асос ӯро лату кӯб намуда, яке аз онҳо бо корди дар дасташ буда, ду маротиба ба узвҳои баданаш задааст.
Дар натиҷа ҷабрдида ҷароҳати ҷисмонӣ ба саломатиаш мебардорад.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.
Ошкор гардидани ғоратгарии ноболиғ
Ба ШВКД дар шаҳри Турсунзода бо ариза марди 43-солаи сокини шаҳри мазкур муроҷиат намудааст, ки санаи 19-уми марти соли 2024, тахминан соати 13:30-дақиқа шахси номаълум бо роҳи ошкоро аз дасти писари ноболиғи 17-солааш сокини ҳамон ҷо як адад телефони мобилии тамғаи «Редми-9а»-ро тассаруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ноболиғи 17-солаи сокини ҳамин шаҳр бо гумони содир намудани ҷинояти ғоратгарӣ дастгир карда шуд.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.