ВидеоҲуқуқи инсонҶомеа

ХАДАМОТИ АЛОҚА ГӮШ КАРДАНИ ТАМОМИ ЗАНГҲОВУ ХОНДАНИ ҲАМАИ ПАЁМАКҲОРО РАД КАРД

Хадамоти алоқаи Тоҷикистон рӯзи 26 марти соли 2024 бо нашри як изҳороти вижа сарусадоҳои бархоста дар бораи ҷорӣ шудани “қоидаҳои нави алоқа” ва аз ин ба баъд гӯш кардани тамоми суҳбатҳои телефонӣ ва аз ҷониби мақомот хонда шудани тамоми паёмакҳоро рад кард ва ин овозаҳоро кори дасти ашхос ва гурӯҳҳои манфиатхоҳ бо мақсади ба таҳлука андохтани ҷомеа номид.

Ахиран дар шабакаҳои иҷтимоӣ паёмҳое паҳн шуданд, ки гӯё баъди ҳамлаи ахири хунин дар Маскав, ки бо иттиҳоми даст доштан дар он зодагони Тоҷикистон дастгир шудаанд, дар Тоҷикистон “қоидаҳои нави алоқа” ҷорӣ карда шудаанд ва гӯё алакай аз 23 март мақомот нафақат тамоми зангҳову паёмакҳо аз тариқи телефон, балки суҳбатҳои мардум тавассути мессенҷерҳоро низ зери назорати комил мегиранд ва ҳамаро гӯш мекунанд.

Дар изҳороти Хадамоти алоқа, ки дар сомонаи расмии ин идора нашр шуд, дар робита ба ин овозаҳои паҳншуда чунин гуфта мешавад: “Вобаста ба хабаре, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ доир ба “қоидаҳои нави алоқа” чарх мезанад, Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон онро комилан рад карда, беасос медонад. Дар ин хабари фейкӣ аз сабти ҳама зангҳои телефонӣ, паёмҳо ва зангҳои Whatsapp ва инчунин  мониторинги Twitter ва Facebook сухан меравад, ки комилан беасос ва гумроҳкунанда аст. Ба маълумоти шаҳрвандон мерасонем, ки аз ҷониби Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии ва операторониалоқаи барқӣ ҳеҷ гуна қоида наве ҷорӣ нашуда, фаъолияти соҳаи алоқа дар асоси қонунгузории амалкунандаи кишвар ба таври маъмул идома меёбад”.

Аз ин рӯ,  Хадамоти алоқа аз тамоми муштариёни операторони алоқаи мобилӣ ва кулли шаҳрвандон хостааст, ки “ба ҳар гуна хабару овозаҳои бардурӯғ ва фейкӣ бовар накунанд”. 

“Мо бовар дорем, ки ин гуна хабару овозаҳо бардурӯғ аз ҷониби ашхос ва гурӯҳҳои манфиатхоҳ бо мақсади ба таҳлука андохтани ҷомеа паҳн карда мешаванд”, – таъкид шудааст дар баёния.
Ҳамчунин гуфта мешавад, ки Хадамоти алоқа ва тамоми операторони алоқаи барқӣ ҳама гуна тағйирот ва қоидаҳои навро ба таври расмӣ манзури шаҳрвандон мекунанд ва бино бар ин, аз шаҳрвандон хоста шудааст, ки танҳо хабарҳои расмиро пайгирӣ кунанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button