ВидеоДин ва боварҳоТиб ва беҳдошт/Муҳити зистҶомеа

РАИСҲОРО “ГАРМУ ХУНУК” МЕКАРДАНД: БОЗДОШТИ БОЗ 13 “ФОЛБИНУ ҶОДУГАР” ДАР ХАТЛОН

Раёсати корҳои дохилии вилояти Хатлон рӯзи 26 марти соли 2024 аз боздошти боз 13 “фолбину ҷодугар” барои соҳириву гарму хунуккунӣ хабар дод ва гуфт, аз хонаҳои онҳо як қатор ашёи барои сеҳру ҷоду, фолбинӣ ва гарму хунуккунӣ истифодашаванда, инчунин расму суратҳои шаҳрвандон, аз ҷумла аксҳои роҳбарони корхонаву муассисаҳо ва ташкилоту ёфт шудааст.

Милитсия мегӯяд, эътимод ба соҳиру фолбин ва ҷодугар, ҳамзамон аз онҳо талаб намудани кӯмаку кушоиш баҳри пешрафти кору фаъолият, гарму хунук намудани муносибатҳои оиладорӣ, ҷустани дармони дард ва амалисозии дигар хоҳишоти инсонӣ нишондиҳандаи сатҳи пасти маърифатнокии як тоифа шаҳрвандон мебошад, вале ҳарчанд ҳилаву макр ва ботил будани афсункориҳои ҷодугарону фолбинҳо кайҳо ошкору маълум гардида бошанд ҳам, маҳз эътимоди баъзе аз шаҳрвандони гумроҳ боиси аз байн нарафтани амалҳои мардумфиребона ва гарм нигоҳ доштани бозори онҳо гардидааст.

Гуфта мешавад, мақомоти корҳои дохилии вилояти Хатлон ҷиҳати дастгир ва ба ҷавобгарӣ ҷалб намудани ҷодугарону фолбинҳо пайваста рейду амалиётҳо гузаронида, чеҳраи чунин афродро ба мардум мешиносонад, то ки шаҳрвандони гумроҳ ба доми фиребу макри онҳо наафтанд.

Аз ҷумла, давоми ҳафтаи сипаришуда зимни баргузории маҷмӯи чорабиниҳои санҷишӣ дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон аз ҷониби кормандони милитсия 13 ҳолати машғул шудани шаҳрвандон ба сеҳру ҷодугарӣ ошкору муайян карда шуд. Инҳо:

  1. Абдуллоев Ҳабибулло Мусовирович, 26.02.1966 соли таваллудаш, зода ва истиқоматкунандаи ноҳияи Кушониён, ҷамоати деҳоти Заргар, деҳаи Орҷоникидзе;
  2. Гадоева Гавҳарбӣ 1978 соли таваллудаш, зода ва истиқоматкунандаи шаҳри Бохтар, кӯчаи Лолазор;
  3. Мавлянова Замира 1970 соли таваллудаш, сокини шаҳри Бохтар, маҳаллаи Саричашма;
  4. Худоёрова Рузиой соли таваллудаш 1986, зода ва истиқоматкунандаи ноҳияи Шаҳритус, деҳаи Устокорон;
  5. Юнусов Ҳайдар соли таваллуд 1962, зода ва истиқоматкунандаи шаҳри Бохтар, кӯчаи Низомӣ;
  6. Муратова Шоира соли таваллудаш 1974, зода ва истиқоматкунандаи ноҳияи Қубодиён, ҷамоати деҳоти Н.Хусрав, деҳаи Арабхона;
  7. Наврузов Шариф соли таваллудаш 1963, зода ва истиқоматкунандаи ноҳияи Ҷайҳун, деҳаи С.Вализода;
  8. Мирзохонова Ҳанифа соли таваллудаш 1961, зода ва истиқоматкунандаи ноҳияи Хуросон, ҷамоати деҳаи Ғаллаобод, деҳаи Ҳақиқат;
  9. Сарматов Ашур Эргашович 16.03.1970 соли таваладаш, зода ва истиқоматкунандаи ноҳияи А.Ҷомӣ;
  10. Раҷабова Гулдаста, соли таваллудаш 1962, зода ва истиқоматкунандаи ноҳияи Вахш, деҳаи Истиқлол;
  11. Сафаралиева Раиса соли таваллудаш 1953, зода ва истиқоматкунандаи ноҳияи Вахш, кӯчаи Холиқов;
  12. Тағоева Шаҳло соли таваллуд 1971, зода ва истиқоматкунандаи ноҳияи Н.Хусрав, деҳаи Олтинсой;
  13. Чуянова Ҳиҷронбӣ соли таваллудаш 1975, зода ва истиқоматкунандаи шаҳри Кӯлоб, ҷамоати деҳоти Зарбдор.

Худи дастгиршудагон барои шарҳи қазия дастрас нестанд, вале милитсияи Хатлон гуфт, зимни чорабиниҳои санҷишӣ муайян гардид, ки мутаассифона қисме аз ин тоифаи мардумфиреб ва каҷрафтор худро ҳамчун табиби халқӣ муаррифӣ намуда, вале дар асл бо истифода аз ҳар гуна ашё ва ҷисмҳои карахт ба мардумфиребӣ машғул будаанд ва ҳангоми азназаргузаронии манзилҳои истиқоматии дастгиршудагон як қатор ашёи барои сеҳру ҷоду, фолбинӣ ва гарму хунуккунӣ истифодашаванда, инчунин расму суратҳои шаҳрвандон, роҳбарони корхонаву муассиса ва ташкилоту ширкатҳо ҳамчун далели шайъӣ дарёфту мусодира карда шуданд.

Милитсия гуфт, “чуноне маълум гардид дар асл нафарони болозикргардида ягон дониши тиббиву динӣ надошта, танҳо ба хотири манфиатҳои шахсӣ барои ба даст овардани маблағҳои пулӣ даст ба ин кирдори мардумфиребона мезадаанд”.

Дар натиҷа нисбат ба ҳамаи ин 13 нафар тибқи талаботи моддаи 482 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаҳои маъмурӣ тартиб дода шудааст.

Милитсия бори дигар таъкид кардааст, ки имрӯзҳо илму технологияи табобатии соҳаи тандурустӣ дар сатҳи зарурӣ тараққӣ ва ташаккул ёфтааст ва шаҳрвандонро мебояд ба ҷои муроҷиат ба ин тоифаи мардумфиреб ба тибби муосир рӯ биёваранд”.

Тибқи моддаи 482 КҲМ ҶТ, барои машғул шудан ба сеҳру ҷоду ва фолбинӣ, нисбат ба шахсони воқеӣ ҳамчун ҷазо ҷарима ба андозаи аз 40 то 50 нишондиҳанда барои ҳисобҳо таъйин шудааст. Дар сурати дар давоми як соли баъди таъйини ҷазои маъмурӣ такроран содир кардани айни кирдор ҷаримаи дуюм алакай ба андозаи аз 60 то 100 нишондиҳанда таъйин карда мешавад. Ёдовар мешавем, як нишондиҳанда барои ҳисобҳо имсол 72 сомонӣ муқаррар карда шудааст.

Дар Тоҷикистон аз соли 2006 фолбинӣ ва сеҳру ҷоду қонунан манъ карда шуда, барои он дар қонунгузорӣ ҷазоҳои маъмурӣ пешбинӣ шудааст. Вале аксари онҳое, ки ба чунин кор машғул буданд, худро дар вазорати тандурустӣ ҳамчун “табиби халқӣ” сабти ном карда, ҳамчунон ба корашон идома медиҳанд.
Дар ду моҳи охир милитсияи Хатлон аз боздошти чандин фолбин хабар дод. Танҳо ҳафтаи гузашта дар Хатлон дастикам 5 нафар бо иттиҳоми фолбинӣ ва сеҳру ҷоду дастгир шуда буд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button