ВидеоХабарҳои кӯтоҳҲодисаҶомеа

БО ҚОНУНИ “БАЧАҲОИ КӮЧА”: БОЗДОШТИ БОЗ 8 НОБОЛИҒ ДАР ПАЙИ ЗАНОЗАНӢ ДАР ПОЙТАХТ

Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе рӯзи 25 марти соли 2024 аз боздошти 8 ноболиғ дар пайи як муноқишаи гуруҳӣ дар кӯчаи Низомии Ганҷавӣ хабар дод.

Бино ба иттилои нашршуда, дар асоси навори муноқишаи як гурӯҳ наврасон, ки дар шабакаҳои интернетӣ нашр гардид, аз ҷониби кормандони мақомоти милитсияи шаҳри Душанбе як қатор чорабиниҳои оперативӣ-санҷишӣ гузаронида шуда, дар натиҷа 8 ноболиғ, хонандагони мактабҳои миёнаи пойтахт ҳамчун гумонбар барои вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ дастгир ва ба мақомоти милитсия дастрас карда шуданд.

Зимни санҷиш муайян карда шуд, ки ин занозанӣ санаи 21-уми феврали соли ҷорӣ, дар кӯчаи Низомии Ганҷавии ноҳияи Сино рух додааст.

“Аз сабаби хусумат ва нофаҳмиҳои қаблан вуҷуд дошта, байни ноболиғ Ҳамидов И., хонандаи мактаби махсуси ба номи Зиёдулло Шаҳидӣ ва ноболиғ Зоиров И., хонандаи МТМУ №67 н.Сино, аз ду ҷониб ноболиғон ҷамъ омада, ҳамдигарро мавриди латукӯб қарор додаанд. Ҳамзамон бо мақсади худнамоишдиҳӣ ҳолати муноқишаи худро ба навор гирифта, тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн кардаанд”, – гуфта мешавад дар гузориши милитсияи Душанбе.

Мактаби ба номи оҳангсози маъруфи тоҷик Зиёдулло Шаҳидӣ мактаб-интернати махсуси ҷумҳуриявии мусиқист.

Милитсия чунин амали наврасонро дар баробари хилофи қонунгузорӣ будан, ҳамзамон боиси нигаронӣ ва ташвиш  номид ва хабар дод, ки вобаста ба ин ҳолат, бо мақсади ҷалби наврасон ба тарзи ҳаёти солим, тарғиби дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ ва андӯхтани илму дониш, аз ҷониби кормандони милитсия бо онҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд.

Ҳамзамон, нисбати волидайни номбурдагон барои бемасъулиятӣ зоҳир намудан дар таълиму тарбияи фарзанд, тибқи талаботи моддаи 90 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шуданд. Ба онҳо ҷарима ба андозаи аз 3 то 5 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (аз 216 то 360 сомонӣ) таҳдид мекунад.

Чунин ба назар мерасад, ки вақтҳои охир наврасон дар пойтахти Тоҷикистон асосан ба тақлид ва таҳти таъсири сериали русии “Қавли бачаи кӯча” (“Слово пацана”) аз гиребони якдигар мегиранд, раҳгузаронро бе ягон асос латтукӯб мекунанд ва ин ҳамаро ба навор гирифта, дар Интернет нашр мекунанд. Аз аввали сол аз Душанбе дар бораи чандин мавриди муноқишаи байни наврасон ваё ягон нафарро ба сурати гуруҳӣ латтукӯб кардани онҳо  таҳти таъсири ин сериал хабарҳо ба даст расидаанд. Аксари ин ҳолатҳо бар асоси видеоҳои дар Интернет нашршуда ошкор гардиданд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button