ВидеоМинтақа ва ҷаҳонМуҳоҷирон

ХАБАРҲО ДАР МАВРИДИ ДАСТ ДОШТАНИ ЗОДАГОНИ ТОҶИКИСТОН ДАР ҲАМЛАИ ТЕРРОРИСТӢ. ДУШАНБЕ ГУФТ, БА ФЕЙКҲО БОВАР НАКУНЕД (ВИДЕО)

Раиси ФСБ Александр Бортников рӯзи 23 марти соли 2024 ба президенти Русия Владимир Путин дар бораи боздошти 11 нафар, аз ҷумла 4 иштирокчии бевоситаи ҳамлаи хунин шоми 22 март дар толори консертҳои “Крокус Сити Холл” дар шаҳри Красногорск дар канори Маскав гузориш додааст. Хадамоти матбуоти Кремл бо нашри ин хабар афзуд, ки “корҳои минбаъда барои муайян кардани шарикони онҳо идома дорад”. Кумитаи тафтишоти Русия низ ба дунбол дар бораи боздошти 4 муттаҳам ба ҳамла ба “Крокус” хабар дод.

Шоми 22 март, пеш аз шурӯи консерти гуруҳи мусиқии роки “Пикник” дар “Крокус Сити Ҳолл” чанд нафари либоси камуфляж дар тан болои мардум аз автоматҳо тир кушоданд. Сипас дар толор таркиш ва сӯхтор ба амал омад ва як қисми боми бино фурӯ рафт. Дар натиҷаи ҳамла, бино ба иттилои Кумитаи тафтишоти Русия, 93 нафар кушта ва беш аз 100 кас захмӣ шуданд. Масъулияти ҳамларо гуруҳи террористии “Давлати исломӣ” (ДОИШ) ба дӯш гирифт.

Шоми 22 март расонаҳо хабар доданд, ки ба ҳамлагарон муяссар шудааст, ки бо мошин аз ҷои ҳодиса фирор кунанд. Бино ба фарзияи ФСБ, ҳамлагарон аз силоҳе аз қабл дар як пинҳонгоҳ барояшон омодашуда истифода бурда, баъди анҷоми ҳамла мехостанд аз марзи Украина убур кунанд. Ба иддаои ФСБ, гӯё онҳо дар Украина “тамосҳои марбута доштанд”.

https://twitter.com/vottak_tv/status/1771481409657450590

Субҳи 23 март Телеграм-каналҳои “База” ва “Осторожно, новости” хабар доданд, ки як мошин бо рақамҳои Тверро, ки ҳамлагарон дар он буданд, дар деҳаи Хатсуни ноҳияи Карачинои вилояти Брянск, дар фосилаи ҳамагӣ 130 километр аз марз бо Украина манъ карданд. Телеграм-каналҳо ва ҳамчунин вакили Думаи давлатӣ аз ҳизби ҳокими “Единая Россия” Александр Хинштейн иддао доранд, ки дар мошин чанд мил силоҳ ва шиносномаҳои шаҳрвандони Тоҷикистонро ёфтаанд.

Бархе каналҳо номи 4 шаҳрванди Тоҷикистонро, ки гӯё дар ҳамла ба “Крокус Сити Холл”  иштирок доштанд, нашр карданд. Дар ориентировкаҳое, ки “База” нашр кард, гуфта мешуд, ки онҳо мусаллаҳанд.

Вале бино ба иттилои “База”, баъдан маълум шуд, ки дастикам як нафар аз онҳое, ки бо гумони даст доштан дар ҳамла ҷустуҷӯ мешуданд, комилан бегуноҳ будааст. Рустам Назаров тамоми рӯзи 22 март дар шаҳри Самара, дар фосилаи 1100 километр аз макони ҳамла, ҳамроҳи падару модар ва дигар наздиконаш будааст. Рустам Назаров баъди дидани номаш дар рӯйхатти “террористҳо” худаш ба пулис рафтааст. Ҳамсояҳои ӯ ба “База” гуфтаанд, шояд номи Назаров барои он зери шубҳа қарор гирифтааст, ки мошине, ки ҳамлагарон истифода бурданд, қаблан ба номи ӯ буд. Аммо, мегӯянд ҳамсояҳо, Рустам ин мошинро ҳанӯз ду сол пеш фурӯхта буд.

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон бо нашри як баёнияи вижа бо забони русӣ аз журналистон даъват кард, ки ба маълумот дар бораи даст доштани зодагони Тоҷикистон дар ҳамлаи террористии ахир бо масъулият муносибат кунанд.

 “Намояндагони муҳтарами воситаҳои ахбори умум!

Дар робита ба амали террористӣ дар толори консертҳои “Крокус-Сити” дар Маскав таваҷҷуҳатонро ба зарурати бархӯрди бомасъулият ба паҳн кардани маълумот дар мавриди гӯё даст доштани шаҳрвандон ва зодагони Тоҷикистон дар ин амал ҷалб мекунем.

Таъкид мекунм, ки ҷониби Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир дар мавриди  хабарҳои фейке, ки дар бораи даст доштани шаҳрвандони Тоҷикистон чарх мезананд, аз мақомоти расмии Русия ягон тасдиқ нагирифтааст. Дар ин робита хоҳиш мекунем, ки ба маълумоти расмие, ки ниҳодҳои давлатии Русия нашр мекунанд, такя кунед.

Бояд дар назар гирифт, ки паҳн кардани маълумоти носанҷида ва нодуруст метавонад ба шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар ҳоли ҳозир берун аз кишвар қарор доранд, осеб бирасонад”, – гуфта мешавад дар баёнияи вазорати хориҷаи Тоҷикистон.

Ҳамла ба “Крокус Сити Холл” бузургтарин ҳамлаи террористӣ дар Русия аз замони ҳамлаи моҳи сентябри соли 2004 ба мактаби №1 дар шаҳри Беслан дониста мешавад.

Намояндаи расмии Шӯрои амнияти миллии Амрико изҳор дошт, ки Вашингтон ба Маскав дар бораи омодагӣ ба анҷоми ҳамла маълумот дода буд. Як манбаъ дар мақомоти амниятии Русия ба хабаргузории ТАСС тасдиқ кард, ки дар ҳақиқат, Амрико ба Русия дар мавриди тайёрӣ ба ҳамлаи  террористӣ хабар дода буд. Вале ба иддаои ин манбаъ, маълумоти додаи амрикоиҳо мушаххас набуд, балки маълумоти умумӣ буд.

Ду ҳафта қабл Амрико ва Британия шаҳрвандони худро аз эҳтимоли ҳамлаҳои террористӣ дар чорабиниҳои оммавӣ дар Маскав ҳушдор дода буданд. Аммо президенти Русия Владимир Путин он ҳушдорҳоро “иғвогарӣ” ва “шантажи рӯирост” номид ва гуфт, ҳадафи ин ҳушдорҳо “тарсондан ва ба ҳам задани вазъи ҷомиа мебошад”.

Путин ҳамлаи хунин дар “Крокус Сити Ҳолл”-ро ҳанӯз мустақиман шарҳ надодааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button