ВарзишВидео

ШЕГРТ, ТУ КУҶОӢ? ТОҶИКИСТОН АЗ АРАБИСТОНИ САУДӢ ШИКАСТ ХӮРД

Тими миллии футболи Тоҷикистон шаби 21 марти соли 2024 дар бозии сеюми даври дуюми марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 дар гурӯҳи “G” аз тими миллии Арабистони Саудӣ шикаст хӯрд. Вохӯрӣ дар варзишгоҳи Донишгоҳи Шоҳ Сауди Риёз баргузор шуда, бо ҳисоби 1:0 ба фоидаи мизбонон анҷом ёфт.

Голи ягонаро дар ин бозӣ дар дақиқаи 23-юм Салим Ал-Довсарӣ ба дарвозаи Рустам Ятимов зад. Дар нимаи дуюми бозӣ футболбозони тоҷик талош карданд, то ҳисоби бозиро тағйир диҳанд, вале чанд имкони задани голи ҷавобиро истифода бурда натавонистанд.

Мухлисони тоҷик мегӯянд, ки набудани сармураббии қаблии тими миллӣ Роберт Шегрт сахт эҳсос мешуд. Ва нафақат ба хотири шиорпартоиҳои баёдмонданиаш бо шиори “Тоҷикистон, ба пеш!”, балки бо усул ва тактикаи пешбурди бозӣ. Ва аммо нахустин бозии тими миллӣ таҳти раҳбарии сармураббии гурҷӣ Гела Шекиладзе, муттассифона, бо шикаст анҷомид.

Дар бозии дуюм дар гуруҳи “G” Покистон дар майдони худ дар Исломобод аз Урдун бо ҳисоби бузурги 0:4 шикаст хӯрд. Ҳар се голро Мӯсо Ал-Таъмарӣ зад.

Ба ин тартиб, баъди 3 даври мусобиқот дар гуруҳи “G” Арабистони Саудӣ таҳти раҳбарии мураббии шуҳратёри италиявӣ Роберто Манчини бо 9 имтиёз дар мақоми аввали ҷадвал ҷой гирифтааст. Тоҷикистон ва Урдун ҳарду чоримтиёзӣ доранд, вале аз ҳисоби таносуби беҳтари тӯбҳо Тоҷикистон дар ҷои дуюм ва Урдун дар зинаи сеюм қарор доранд. Бозии ин ду тим моҳи сентябр дар Душанбе мусовӣ анҷом ёфта буд. Покистон, ки ҳар се бозиашро бохт,  дар зинаи аз ҳама охири ҷадвали гуруҳи “G” қарор гирифтааст.

Дар даври чоруми мусобиқот дар гуруҳи “G” рӯзи 26 марти соли 2024 тими миллии Тоҷикистон дар варзишгоҳи марказии Душанбе бо тими пешсафи гуруҳ – Арабистони Саудӣ вориди рақобат хоҳад шуд. Бозӣ соати 20:00 ба вақти Душанбе оғоз меёбад. Барои футболбозони тоҷик дар ин рақобат чун обу ҳаво ғалаба лозим аст, чунки бо рақиби асосии худ барои ҷои дуюм –  тими Урдун дар меҳмонӣ хоҳад гузашт. Ба болои ин, дар даври чорум Урдун бо Покистон, тими аз ҳама заиф дар гуруҳи “G” ва боз дар майдони худ бозӣ мекунад ва ба эҳтимоли ғолиб, аз ин бозӣ бо пирӯзӣ ва се имтиёз дар ҷайб берун хоҳад берун рафт.

Марҳилаи дуюми интихобӣ барои дарёфти роҳхатҳо ба марҳалаи ниҳоии Ҷоми ҷаҳон-2026 дар қораи Осиё бо иштироки 36 даста дар 9 гурӯҳ идома дорад. Дастаҳое, ки дар ин 9 гурӯҳ ҷойҳои якуму дуюмро мегиранд, ба марҳилаи сеюми мусобиқот роҳ меёбанд ва ҳамзамон соҳиби роҳхат ба марҳалаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 мешаванд. Ҷоми Осиё-2027 дар Саудӣ доир мешавад.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали гурӯҳи “G”

ҶДАСТАҲОБҒМБТИ
1Арабистони Саудӣ33007-09
2.Тоҷикистон31117-34
3.Урдун31114-34
4Покистон30031-130

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button