ВидеоИқтисодТоҷикистон

АСАРОТИ БОРИШОТУ СЕЛУ ЯРЧУ ОФАТҲОИ ДИГАР ДАР РӮЗҲОИ ИДИ НАВРӮЗ ДАР ТОҶИКИСТОН (ВИДЕО)

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон рӯзи 22 марти соли 2024 аз асароти манфии офатҳои табиӣ ва селу боришоти рӯзҳои охир дар кишвар хабар дод.

Ноҳияҳои тобеи марказ

Шаби 21 ба 22 м арт бар асари боронҳои беист 56 метри роҳи деҳаи Савдаи ҷамоати Боғистони ноҳияи Шаҳринав зери лойқа монд. Рафъи оқибатҳои офати табиӣ идома дорад. Ҳамчунин бо ёрии экскаватор 150 метри ҷӯйи селпартои деҳаи Ҷамбули ҷамоати Боғистон тоза карда шуд.

Рӯзи 21 март бар асари боришот сели аз теппаҳо ҷоришуда роҳи деҳаи Ҳафтеппаи ҷамоати Ориён дар канори шаҳри Ҳисорpo баст. Субҳи 22 март рафъи оқибатҳои отфати табиӣ дар инҷо бо кумаки техникаи махсус ва бо ҷалби сокинон идома дошт.

Рӯзи 21 март дар ҳудуди деҳаи Наврӯзи ҷамоати Нуъмон Розиқ дар канори шаҳри Ваҳдат ба сабаби боло рафтани сатҳи оби дарёи Симиганҷ  хатари канда шудани банди об (дамба) ба вуҷуд омад. Ба ин далел 20 оиларо ба маконҳои амн кӯчонданд. Барои таҳкими дамба ду техникаи муҳандисӣ ва як техникаи дигар аз ҷониби Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ҷалб карда шудааст.

Рӯзи 21 март, соати 16:20  дар кӯчаи Канори Муғули шаҳри Роғун бар асари боришоти шадид як теппаи кӯҳ лағжида, роҳи дохилишаҳриро баст. Кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва хадамоти роҳи шаҳри Роғун оқибатҳои ин офатро бартараф карданд.

Вилояти Хатлон

Рӯзи 21 март бар асари боришот 25 хонаи сокинони деҳаи Чорбоғ-2 дар ҷамоати Айнии ноҳияи Хуросон зери об монд. 20 оиларо муваққатан ба ҷойи амн кӯчонданд. Рафъи оқибатҳои офати табиӣ идома дорад. Дар деҳаи Ҳилолӣ низ сел омадааст.

Рӯзи 21 март  сел як кӯча ва 5 ҳавлии сокинони деҳаи Баҳори ҷамоати ба номи Қадриддин Ғиёсови ноҳияи Ҷомиро зер кард. Ҳамчунин дар деҳаи Дӯстии ҷамоати Яккатут сел 15 ҳавлӣ ва корхонаи коркарди пахтаро зери об кардааст. 50 нафар ва 30 сар чорвои калонро аз инҷо ба маконҳои амн кӯчондаанд. Рафъи оқибатҳои офати табиӣ идома дорад.

Дар ноҳияи Қубодиён рғзи 21 март дар деҳаи Равшанободи ҷамоати Носири Хусрав сел омад, вале ягон осеб ба назар намерасад.

Дар ноҳияи Носири Хусрав рӯзи 21 март сел тақрибан 3-4 километри роҳи байни Тоҷикистону Ӯзбекистонро зер кард. Барои тоза кардани роҳ ду мошини махсуси “грейдер” ва “Мехлопата” ҷалб карда шудаанд.

Рӯзи 21 март дар деҳаи Гулафшон-3 дар ҷамоати Чоргули ноҳияи Ёвон низ сел омад, вале хушбахтона, ягон зарар нарасондааст.

21 март бар асари боришот сатҳи оби дарёи Ёхсу боло рафта, пули байни деҳаҳои Дашти Рубот ва Суонии ҷамоати Шугнови ноҳияи Ховалинг зери сел монд. Ҳоло ин пул алакай тоза карда шудааст.

21 март дар роҳи байни Нораку Ваҳдат сангрез ба амал омад. Роҳ алакай тоза карда шуда, равуои нақлиёт аз нав ба роҳ монда шуд.

21 март бар асари боришот ва сел канали Шӯраксой дар ноҳияи Темурмалик маҷрои худро дигар карда,  бинои хадамоти сӯхторнишонии ин ноҳияро зери об кард.

Дар ҳудуди ҷамоатҳои Корез, Пушинг ва Сафобахш ва маркази ноҳияи Данғара низ сел омад ва чандин ҳавливу роҳро зери об кард.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда гуфт, хушбахтона, дар ин офатҳо касе осеб надидааст.

Бино ба пешбинии ҳавошиносон, то 27 март дар роҳҳои кӯҳистони кишвар хатари фурӯ рехтани тармаву санг боқӣ мемонад. Кумита ба ин далел аз ҳама хостааст, ки дар ин рӯзҳо аз сафар ба манотиқи хатарнок, ба моҳидорию шикор, ҳезумчинӣ ва чаронидани чорво худдорӣ кунанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button