ВидеоКоррупсия

МУДИРИ МАРКАЗИ АЛОҚАИ ШАҲРИ ВАҲДАТ БА ТАСАРРУФИ ПУЛИ ОБУНА АЙБДОР МЕШАВАД

Агентии мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон рӯзи 20 марти соли 2024 аз ошкор шудани як ҳолати ғайриоддии тасарруфи маблағҳо дар почтаи шаҳри Ваҳдат хабар дод.

Бино ба гузориши маркази матбуоти Агентӣ,  зимни гузаронидани санҷиши молиявию хоҷагидорӣ дар фаъолияти Маркази алоқаи “Почтаи шаҳри Ваҳдат”-и Хадамоти алоқаи ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда шуд, ки аз соли 2019 то моҳи ноябри соли 2023 аз тарафи Маркази зикршуда ҳамчун субъекти бевоситаи таъминкунандаи муассисаҳои давлатӣ бо рӯзномаву нашрияҳои ҷумҳуриявӣ дар ш.Ваҳдат ба ҷамоати деҳоти Баҳори ҳамин шаҳр ба маблағи 160 ҳазору 957 сомонӣ рӯзномаю маҷаллаҳои обунавӣ тақсим карда шудаааст.

Гуфта мешавад, ки маблағи обуна аз тарафи шахсони масъули ҷамоат ҷамъоварӣ гашта, ба директори Маркази алоқаи “Почтаи шаҳри Ваҳдат” Тоиров Ҷ.С. давра ба давра супорида шудааст.

 Аммо “минбаъд, Тоиров Ҷ.С. ҳамчун шахси мансабдор ба ҳисоб рафта, қасди тасарруфи молу мулки давлатиро назди худ пеша намуда, баъди давра ба давра ба ихтиёрдории худ қабул кардани маблағи 160 ҳазору 957 сомонӣ онро ба хазинаи Марказ ворид накарда, бо роҳи азонихудкунӣ тасарруф ва ба эҳтиёҷоти шахсиаш сарф кард”.

 Оид ба ҳолати мазкур нисбат ба Тоиров Ҷ.С. бар асоси моддаи 245, қисми 4, банди «б» Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо иттиҳоми тасарруфи маблағҳо ба миқдори махсусан бузург парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, парвандаи ҷиноятӣ дар пайи анҷоми тафтиши пешакӣ бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ ба додгоҳ ирсол карда шудааст.

Бар асоси қисми чоруми моддаи 245 ба мансабдори ҳамакнун собиқ ҳамчун ҷазо ҷаримаи сангин ба андозаи аз 1824 то 2700 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, яъне аз 131 ҳазор то 194 ҳазор сомонӣ, ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз 10 то 15 сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то 5 сол таҳдид мекунад.

Аммо Агентии мубориза бо коррупсия дар гузоришаш гуфтааст, ки “дар рафти тафтиши пешакӣ зарари ба давлат расонидашуда ба пуррагӣ талофӣ шудааст”. Ин имкон медиҳад, ки мудири маркази алоқаи шаҳри Ваҳдат дар додгоҳ бо ягон ҷарима халос шавад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button