ВидеоФарҳанг

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР ПАЁМИ НАВРӮЗИАШ НИЗ МАРДУМРО БА ЗАХИРА КАРДАНИ ХӮРОКВОРИИ ДУСОЛААШОН ДАЪВАТ КАРД

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 20 марти соли 2024 дар як паёми вижа мардумро бо фаро расидани иди Наврӯз, соли нави форсӣ табрик гуфта, сокинони кишварро бори дигар ба захира кардани хӯроквории дусолаашон даъват кард. Ин даъват солҳои зиёдест, ки дар паёмҳои Эмомалӣ Раҳмон ҳатто ба муносибати иди Модарон садо медиҳад.

Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “мо ифтихор мекунем, ки ҷашни Наврӯз маҳсули тафаккур ва андешаи мардуми ориёинажод буда, таърихи беш аз шашҳазорсола дорад” ва бо вуҷуди ҳама кӯшишҳои аз байн бурданаш дар тӯли таърих “Наврӯз мисли забон ва фарҳанги миллӣ дар тору пуди ҳастии ниёгони мо он қадар мустаҳкам ҷой гирифта буд ва мақому ҷойгоҳи он дар миёни мардуми мо чунон баланд буд, ки ҳеҷ як монеа ва қуввае онро натавонист аз байн барад”.

Эмомалӣ Раҳмон Наврӯзро “дар асл ҷашни зиндагисоз” номида, гуфт, “дар айёми Наврӯз табиат эҳё шуда, маҳз бо ҳамин сабаб дар ҷону рӯҳи инсон ҳам умеди тоза ба зиндагӣ кардану эҷод намудан ва обод кардану зебоӣ офаридан дигарбора зинда мегардад.Замин қабои сабз ба бар менамояд, марди деҳқон ба корҳои баҳорӣ оғоз мекунад, бо умеду нияти ба даст овардани ҳосили фаровон ва таъмин намудани баракати дастурхони мардум ба замин дона мепошад”.

Ӯ афзуд, ки “Наврӯз, пеш аз ҳама, ҷашни марди деҳқон – давомдиҳандаи кори Бобои Одам ба ҳисоб меравад ва бо соҳаи кишоварзӣ робитаи мустақим дорад” ва ин аст, ки “марди деҳқон омадани фасли баҳор ва ҷашни Наврӯзро бесаброна интизорӣ мекашад”.\

Дар идомаи паёми табрикиаш Эмомалӣ Раҳмон ба вазъи имрӯзаи ҷаҳон пардохт ва гуфт, солҳои охир бо сабаби мураккабу ноором гардидани вазъи сиёсии ҷаҳон, тағйирёбии бесобиқаи иқлим ва оқибатҳои ногувори он – камобиву хушксолӣ, инчунин, паҳн шудани бемориҳои сироятӣ таъминоти аҳолии сайёра бо озуқаворӣ торафт мушкил гардида истодааст.

Ба гуфтаи президент, дар Тоҷикистон низ камобӣ идома дошта, бориши барфу борон нисбат ба соли гузашта имсол 70 фоиз кам шудааст.

Эмомалӣ Раҳмон гуфт, тибқи мушоҳидаву таҳлилҳо соли 2024 ҷомеаи ҷаҳонӣ аз нигоҳи таъминот бо маводи ғизоӣ нисбат ба солҳои гузашта бо вазъияти боз ҳам мушкилу вазнинтар рӯ ба рӯ мегардад ва алакай имрӯз сокинони беш аз 80 кишвари дунё аз мушкилоти қаҳтиву гуруснагӣ азият мекашанд.

“Бинобар ин, мо бояд аз тамоми захираву имкониятҳои мавҷуда, табиату иқлими мусоиди кишвар ва махсусан, обу замин, аз ҷумла заминҳои президентиву наздиҳавлигӣ оқилонаву самаранок истифода барем. Дар шароити кунунӣ зарур аст, ки ба кишти такрорӣ, гирифтани се – чор ҳосил аз заминҳои обӣ, захираи дусолаи маводи ғизоӣ дар ҳар як оила ва расидан ба яке аз ҳадафҳои стратегии миллиамон – ҳифзи амнияти озуқаворӣ эътибори аввалиндараҷа дода шавад”, – гуфт Эмомалӣ Раҳмон.

Даъват ба захираи дусолаи хӯрокворӣ солҳои зиёдест аз забони Эмомалӣ Раҳмон тақрибан дар ҳар суханрониаш садо медиҳанд, вале мунтақидон ин корро дар шароити Тоҷикистон як кори ғайримумкин мешуморанд. Аз ҷумла ба далели инки сатҳи даромади мардум дар Тоҷикистон таз ҳама пасттарин дар байни кишварҳои Шӯравии собиқ дониста мешавад ва бисёриҳо тавони захира кардани хӯроквории дусолаи худро надоранд. Сониян, барои ҷамъ овардани захираи дусолаи хӯрокворӣ ҳар оила бояд анборҳои бузурги муҷаҳҳаз бо шабакаҳои гармидиҳӣ ва яхдон дошта бошад, ки дар шароити шаҳр аслан имкон надорад ва дар деҳот боз ҳам ба далели сатҳи даромадаш мардум тавони сохтани чунин анборҳоро надорад. Ба болои ин, бебарқӣ низ имкони нигоҳ доштани маҳсулоти зиёдро ба чунин муҳлати тӯлонӣ намедиҳад.

Гузашта аз ин, аксари маҳсулоти асосии ғизоӣ, ба мисли орду макарон ё биринҷ, ду сол намепоянд ва вайрон мешаванд ва ба ин далел, бисёре аз сокинон то ҳол сарфаҳм намераванд, ки манзури президент аз захира кардани хӯроквории дусола чист?

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button