ВидеоНомаҳо ба президентТоҷикистон

ТАЛАБИ ИСТЕЪФОИ РОҲБАРИЯТИ “БАРҚИ ТОҶИК” ВА ВАЗОРАТИ ЭНЕРГЕТИКА БАРОИ БЕБАРҚӢ

Рӯзҳои ахир Арвинд Гуҷрал, мудири кулли ҷамъияти “Шабакаҳои тақсимоти нирӯи барқ” дар Тоҷикистон ба як қаҳрамони манфӣ  ва мавриди танқидҳои тунд ва ҳатто дашному масхара қарор гирифтааст. Як мояи норозигии мардум ин аст, ки дар бисёр минтақаҳои Тоҷикистон ҳатто ҳамон лимити ҳаштсоатаи дар моҳи Рамазон ҷорикардаи Гуҷрал риоя намешавад.

Мардуми норозӣ аз бебарқии дар саросари Тоҷикистон ҳокимшуда ҳама қаҳру ғазаби худро болои сари Гуҷрал фурӯ мерезанд ва дар айни замон аз он изҳори ҳайрат мекунанд, ки кай ва чӣ гуна нафақат як Гуҷрал, балки якбора 4 раҳбари баландпояи соҳаи барқи Тоҷикистонро аз Ҳиндустон оварда, ба чунин мансабҳои баланд таъйин кардаанд?

Бино ба иттилои расмии нашршуда дар гӯшаи “Роҳбарият” дар сомонаи расмии “Шабакаҳои тақсимоти барқ”, ҳамаи 4 роҳбари ин корхона аз Ҳиндустонанд:

  1. Арвиндер Гуҷрал, Директори генералӣ
  2. Пандей Махендра Кумар, Директори департаменти техникӣ
  3. Амит Гупта, Директори департаменти фуруш ва маркетинг
  4. Вашист Дхарам Чанд,Директори департаменти рушди шабакаҳои барқӣ

Дар ҳамин ҳол, Неъматулло Мирсаидов, журналисти шинохта ва собиқадори тоҷик, рӯзи 15 марти соли 2024 дар як матлаб дар саҳифааш дар Фейсбук масъалаи истеъфои роҳбарияти “Барқи Тоҷик” ва вазорати энергетикаи Тоҷикистонро бардошт ва навишт, зиёда аз ин, бояд онҳое, ки иқтисоди кишварро ба чунин ҳоли табоҳи бебарқӣ расонданд, муайян карда шуда, ба ҷавобгарии ҷиноӣ ҳам кашонда шаванд.

Неъматулло Мирсаидов навишт: “Дар давлатҳои Аврупо барои як фалокат вазирон худ ба истеъфо мераванд, дар Русия ва ҳамсоякишварҳо ҳатто барои садамае, ко боиси зарари зиеди иқтисодӣ мегардад, аз кор мегиранд. Бояд раҳбарияти Барқи Тоҷик ва вазорати энергетика пурра аз кор гирифта шавад, онҳое, ки гунаҳкори ба ҳамин ҳолат овардани хоҷагии халқ ҳастанд, бояд муайян гарданд ва ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида шаванд. Мо намедонем, ки кишвар аз ҳамин ҳолати бебарқӣ чӣ қадар зарари моддӣ дидааст. Аз зарари маънавие, ки ба мардум расонда шуд, ҳарфе ҳам намегӯем”.

Дар майдони шарҳи зери ин матлаб бисёриҳо аз талаби истеъфои роҳбарияти “Барқи Тоҷик” ва вазорати энергетикаи Тоҷикистон ва ба ҷавобгарӣ кашонидани гунаҳкорони бебарқӣ пуштибонӣ кардаанд. Аз ҷумла журналисти шинохта Ҷонибек Асрориён навишт: Сад дар сад мувофиқам”. Журналисти дигари тоҷик Назаралӣ Пирназаров навиштааст, ки “ҳамин гап дар нӯги забонам буд, ако” (“С языка сорвали, ако”). Лутфӣ Ҳакимова ҳам гуфтааст, ки “ман бо Шумо ҳам фикрам, суханҳои Шумо 100 % ҳақиқат дорад”.

Лола Яқубова изҳори шубҳа кардааст, ки агар инҳоро барканор кунанд, оё нафароне, ки ба ҷои онҳо меоянд, аз уҳдаи кор ва ҳалли масъала бароянд. Аммо Неъматулло Мирсаидов дар посух ба ӯ навиштааст, ки “бояд таҷрибаи масъулияти роҳбар то ҳадди ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашидани ӯ таҳия шавад. Сухан дар бораи дар як лаҳза ислоҳ кардани вазъ намеравад. Вале барои онки чунин ҳолат такрор нашавад ва барои дигар роҳбарон сабақ шавад. Ва нафақат дар як соҳаи энергетика”.

Журналисти хушноми тоҷик Қироншоҳи Шарифзода навиштааст: Неъматулло Мирсаидов барин журналисти собиқадор, вазнин, ботамкин, ботаҳаммул, “ҳафт бор чен карда, як мебуридагӣ” ниҳоят “таркиданд”. Яъне, вазъият изтирорист. SOS!

Ва аммо Зикрулло Умаров пешниҳод кардааст, ки роҳбаронро барканор не, балки то таъмини барқ аз маош маҳрум кунанд: Ин раисаша гирифта ба ҷояш киро мемонем? Беҳтараш ҳамин раис худаш хатогиҳоро ислоҳ кунад, бе моҳона – то омадани барқ… Агар не – марҳамат бо ҷои хобу авқоти бепулу бесвет таъмин мекунем... Аз фардо свет мешавад…

Талаби истеъфои роҳбарони соҳаи энергетикаи Тоҷикистон дар ҳолест, ки пои номубораки лимити барқ баъди моҳҳои тохтутозаш дар манотиқи деҳоти Тоҷикистон, дар нимаи дуюми моҳи феврал ба шаҳрҳо, аз ҷумла ба пойтахт, шаҳри Душанбе расид ва рӯзҳое ҳам буд, ки мардум соатҳо дар биноҳои бетонӣ бидуни ҳам барқу ҳам обу ҳам гармӣ монданд.

Арвинд Гуҷрал ахиран амр дод, ки дар моҳи Рамазон мардумро 4 соат субҳ ва 4 соат шом бо барқ таъмин кунанд, вале шикоятҳои зиёде ба даст мерасанд, ки ҳатто ҳамин лимити шадид ҳам дар бисёр минтақаҳо пурра риоя намешавад.

Мақомоти соҳаи энергетика то кунун ягон шарҳи қонеъкунандае дар бораи сабаби чунин камбуди шадиди барқ дар кишвар ироа накардаанд. Бархе ишораҳо ба паст шудани сатҳи оби обанбори нирӯгоҳи асосии Тоҷикистон садо дод, вале Фазлиддин Шоҳиддинов — директори нирӯгоҳи “Норак” ҳамагӣ як моҳ пеш дар нишасти матбуотиаш баракс гуфта буд ки: “Имсол нисбат ба соли гузашта сатҳи оби обанбор 3 метр зиёдтар аст”.

Ва аммо мухолифин доираҳои фасодзадаи ҳукуматро ба фурӯши беинсофона ва имсол беш аз  ҳадди нирӯи барқ ба хориҷ ва асосан ба Афғонистони таҳти султаи Толибон айбдор мекунанд ва мегӯянд, ҳамаи пули ин барқ ба таври пинҳонӣ фурӯхташуда ба ҷайби чанд нафари алоҳида меравад. Мухолифин бар инанд, ки сабаби бебарқӣ дар кишвар ва ба 3 миллиард доллар расидани қарзи ширкати “Барқи Тоҷик” низ пинҳонӣ ва бидуни сабт дар ягон ҷо ба хориҷ фурӯхтани миллионҳо киловатт барқ аст.

Бино ба омори расмӣ, Тоҷикистон соли 2023 ба хориҷ дар ҳаҷми 2,6 миллиард киловатт нирӯи барқ фурӯхтааст. Вале ин танҳо барқест, ки расман фурӯхта шудааст…

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button