ВидеоИқтисодХабарҳои кӯтоҳ

ШУМОРАИ МОШИНҲО ДАР ТОҶИКИСТОН БА 666 ҲАЗОР РАСИД. 3 МАРОТИБА БЕШТАР АЗ СОЛИ 1991 (!!!)

Дар Тоҷикистон  солҳои охир шумораи  автомобилҳо ба таври назаррас афзоиш ёфтааст. Тибқи маълумоти РБДА ВКД ҶТ, то 1 марти соли 2024 дар ҷумҳурӣ расман 666 074 воситаи нақлиёти автомобилӣ – сабукрав, боркаш, мусофирбар ба қайд гирифта шудааст.

Як сол пеш ин рақам ба 601 136 баробар буд.Яъне дар як соли охир шумораи автомобилҳо дар Тоҷикистон қариб 65 ҳазор адад, ё наздики 12% афзудааст.

Айни замон дар кишвар 562 000 мошини сабукрав ба қайд гирифта шудааст. Соли 1991 дар қаламрави Тоҷикистон ҳамагӣ 216 ҳазор мошини хусусии сабукрав ба қайд гирифта шуда буд.

 То 1 марти соли 2023 дар ҷумҳурӣ 51 781 мошини боркаш, 16 491 мошини мусофирбар, 524 045 адад автомобили сабукрав, инчунин 4419 притсеп ва нимпритсеп ба қайд гирифта шудааст.

Ёдовар мешавем, ки воридоти воситаҳои нақлиёти автомобилӣ, ки то соли 2013 истеҳсол шудаанд,  тибқи қарори ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 августи соли 2023 таҳти рақами 355 манъ карда шудааст.

                                           ***

 Ба Тоҷикистон ворид кардани  мошинҳои барқӣ низ меафзояд. Соли 2023 тақрибан 1,5 ҳазор мошинҳои барқӣ ворид карда шуданд, минбаъд ҷумҳурӣ ният дорад, ки ҳиссаи мошинҳои барқиро то 20-30% афзоиш диҳад.

Чунин тадбирҳо дар доираи «Барномаи рушди нақлиёти барқӣ барои солҳои 2023-2028» ба нақша гирифта шудаанд, ки лоиҳаи он аз ҷониби вазорати нақлиёт таҳия ва бо қарори ҳукумати ҶТ аз 31 октябри соли 2022 таҳти  рақами 532 тасдиқ гардидааст.

 Барнома ба рушди технологияҳои хидматрасонии мошинҳои барқӣ нигаронида шудааст, дар натиҷаи татбиқи он ҷойҳои нави корӣ пайдо мешаванд ва вобастагии Тоҷикистон аз сӯзишвории воридотӣ коҳиш меёбад. Илова бар ин, бо гузаштан ба нақлиёти барқӣ ҳаҷми партовҳои газҳои гулхонаӣ, ки асосан мошинҳо ихроҷ мекунанд, кам мешавад.

Соли 2022 ба Кодекси андози ҶТ тағйирот ворид карда шуд, ки бар асоси он, воридоти нақлиёти барқӣ ба кишвар то 10 соли оянда бидуни боҷи гумрукӣ  сурат гирифта, инчунин озод кардани мошинҳои барқиро аз андоз ва аксизҳо пешбинӣ мекунанд.

Маркази матбуоти вазорати нақлиёти Тоҷикистон

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button