ВидеоТаърихФарҳанг

МАКТАБИ ДЕҲАИ МОРТЕППА БА НОМИ ЖУРНАЛИСТ АКБАРИ САТТОР ГУЗОШТА МЕШАВАД

Раиси шаҳри Ҳисор Қосим Роҳбар рӯзи 11 марти соли 2024 дар чорабинии тантанавӣ ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик дар ҳузури рӯзноманигорону адибон изҳор дошт, ки номи рӯзноманигори зиндаёд Акбари Саттор ба мактабе, ки таҳсил кардааст – муассисаи таҳсилоти миёнаи рақами 25- и деҳаи Мортеппа гузошта мешавад. Маркази матбуоти шаҳрдории Ҳисор дар Фейсбук хабар дод, ки дар робита ба пешниҳоди хеш, Қосим Роҳбар ба масъулони комиссияи номгузории шаҳрдорӣ дастур дод, ки лоиҳаи қарорро дар ин хусус барои Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Ҳисор омода намоянд.

Акбари Саттор 10 феврали соли 1965 дар деҳаи Мортеппаи ноҳияи Ҳисор таваллуд шуда, соли1982 баъди хатми мактаби миёнаи рақами 25 ба риштаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон шомил шуд. Солҳои 1983-1985 дар сафи Артиши Шӯравӣ хидмат кард. Соли 1987 аз ДДТ ба риштаи журналистикаи Донишгоҳи давлатии шаҳри Ленинград (ҳоло Санкт-Петербург) роҳхат гирифта,  ин донишгоҳи муътабарро соли 1990  хатм кард.

Баъди хатми донишгоҳ Акбари Саттор ба Тоҷикистон баргашта, соли 1990 аввал дар рӯзномаи «Тоҷикистони Шӯравӣ», баъдан дар рӯзномаи «Садои мардум» ба ҳайси мухбири махсус ва аз соли 1991 то моҳи ноябри соли 1994 ҳамчун мудири шӯъбаи сиёсат, ҳуқуқ ва ҳаёти байналмилалии нашрияи “Садои мардум” кор кард.

Аммо номи Акбари Саттор дар таърихи журналистикаи тоҷик  бештар ҳамчун муассиси иттиҳодияи эҷодии “Чархи гардун” нақш бастааст. Моҳи ноябри соли 1994 Акбари Саттор нашрияи якуми хусусиаш “Дайджест-Пресс” ва сипас нашрияи тоҷикии “Чархи гардун”-ро фаъол кард. Батадриҷ шумораи рӯзномаҳое, ки Акбари Саттор таъсис дод ваё сарпарастӣ мекард, ба 8 расид ва дар тӯли солҳои зиёд ӯ яке аз медиамагнатҳои аз ҳама пурнуфуз дар арсаи матбуоти Тоҷикистон дониста мешуд.

Ҳамин нуфуз ва обрӯи фавқулоддааш буд, ки соли 2006 Акбари Сатторо раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон интихоб карданд ва соли 2012 дар анҷумани навбатӣ ӯ дигарбора ба ин мақом интихоб гардид.

Акбари Саттор моҳи августи соли 2015 дар синни 50 вафот кард.

Акбари Саттор бо дасти хайр, дили софу бекина, чеҳраи ҳамеша ғарқи табассуми худ дар ёдҳо мондааст ва албатта, бо дастгирии беғаразонаи даҳҳо нафар аз аҳли адабу аҳли қалам, ҳунармандон ва мардуми оддӣ. Бахусус дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button