ВидеоИқтисодСиёсат

БАРКАНОРИИ МУОВИНИ ВАЗИРИ ЭНЕРГЕТИКА ДАР ПАЙИ ЧАНД СОАТ БЕБАРҚ МОНДАНИ ҶУМҲУРӢ

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки раиси ҳукумати ҷумҳурӣ низ ҳаст, рӯзи 4 марти соли 2024 бо имзои қарори ҳукумат Сорбони Амирхони Холмуҳамадзодаро аз вазифаи муовини вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон озод кард. Дар қарори ҳукумат сабаби барканории ин мансабдори баландпоя “бо сабаби ба кори дигар гузаштан” гуфта шудааст ва ягон шарҳи дигар дода нашудааст.

Сабаби аслии барканории Холмуҳаммадзода ва ба кадом “кори дигар” гузаштани ӯ маълум нест.

Аммо Сорбони Холмуҳаммадзода дар вазорати энергетика ва захираҳои об умури соҳаи энергетикаро ба уҳда дошт ва барканории ӯ дар пайи барои чанд соат ба ҳам задани шабакаи барқи ҷумҳурӣ дар санаи 1 марти соли ҷорӣ сурат гирифт.

Қарори маълум, рӯзи 1 март, дар ҳоле ки дар Тоҷикистон барфи шадид меборид ва ҳарорати ҳаво хеле сард шуда буд, интиқоли нирӯи барқ ба пойтахт, шаҳри Душанбе барои тақрибан 2 соат қатъ гардид ва ба дунбол, интиқоли обу гармӣ дар бисёре аз биноҳои истиқоматӣ низ қатъ гардид.

Мақомот қатъ шудани интиқоли нирӯи барқро ба садамаҳо дар хатҳои интиқоли барқ аз нирӯгоҳи Норак рабт доданд ва гуфтанд, азбаски дар сардиҳои рӯзҳои ахир истифодаи нирӯи барқ аз ҷониби сокинон бакарат афзоиш ёфт, ин боиси фишори беандоза ба шабакаҳои интиқоли барқ гардида, сабабгори силсилаи садамаҳо дар ин шабакаҳо шуд.

Тасдиқи дурустии ин фарзия аз ҷониби манобеи дигар хеле мушкил ба назар мерасад. Вале манобеи хабаргузории “Азия Плюс” рӯзи 1 март садама дар як зеристгоҳи бузурги нирӯгоҳи Норакро сабаби қатъ шудани интиқоли барқ ба пойтахт ном бурда буданд.

Барои чанд соат қатъ шудани интиқоли барқу обу гармӣ ба хонаҳои сокинон дар айни авҷи барфу сардӣ ва то ба пойтахт расидани қадами номубораки лимити барқ зиндагии мардумро бахусус дар биноҳои бисёрқабата хеле тоқатфарсо карда, ба гуфтаи сокинон, хонаҳои онҳоро амалан ба “яхдонҳои бетонӣ” табдил додааст. Ин ҳолат ба навбати худ мавҷи интиқодҳои сокинон аз мақомотро ба бор овардааст ва мардум масъулонро ба ноомодагӣ ба фасли сармо айбдор мекунанд.

Интизор мерафт, ки дар пайи ин буҳрони барои солҳои охир дар Тоҷикистон бесобиқаи нирӯи барқ, ки дар Душанбе  қатъ шудани интиқоли обу гармиро ҳам дар пай дошт, тасмимгириҳои ҷиддии кадрӣ сурат хоҳанд гирифт. Аммо феълан маълум нест, ки оё барканории Сорбони Холмуҳаммадзода оғози тағйироти кадрии вобаста ба ин буҳрон аст ваё ӯ дар ҳақиқат “бо сабаби ба кори дигар гузаштан” аз вазифа озод карда шудааст?

Холмуҳаммадзода тоза 16 июни соли 2022 ба мақоми муовини вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон таъйин шуда, дар ин вазифа ҳамагӣ 1 солу 9 моҳ кор кард. Қаблан ӯ дар ҳамин вазорат сардори раёсати электроэнергетика буд.

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 4 марти соли 2024 №146
ш. Душанбе

Дар бораи аз вазифаи муовини вазири
энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Холмуҳамадзода С.А.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Холмуҳамадзода Сорбони Амирхонӣ бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи муовини вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

One Comment

  1. Ҳадс задан, занну гумонҳо, ғайбиёт, ояндабинӣ, умеду орзӯҳо, гуяд:

    Ин чӣ бардошти ғайримантиқӣ аст? Фардо агар зилзилаи 7-баллӣ рух диҳад, раиси кумитаи замин ва геодезӣ озод карда мешавад? Агар бо чунин “айбе” муовини вазир озод карда шавад, маълум мешавад, ки худи вазир ҳечкора аст!
    Дар зимн, ҳукумат ният дорад, ки кумитаи нав бо номи “Кумитаи давлатии назорати шабакаҳои иҷтимоии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро таъсис диҳад, ки ҳадаф шикори блогерон, корбарон, иштирокчиён, назорати онҳо, тадбиқи забони давлатӣ ва тарғиби фарҳанги миллӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ, иҷозатномаи давлатӣ дар бораи фаъолияти блогерӣ ва саҳифаҳои таблиғотию тиҷоратӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ, ҳамкории блогерон ва корбарон бо давлату ҳукумат ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот, яъне бозори интернетро тобеъи диктатура кардан…

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button