ВидеоИқтисодМуҳоҷирон

БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН ВУҶУДИ МУАММО БО ПУЛҲОИ БО CONTACT ФИРИСТОДАШУДАРО ТАСДИҚ КАРД

Бонки миллии Тоҷикистон рӯзи 28 феврали соли 2024 дар як итттилоияи расмӣ тасдиқ кард, ки баъди манъи фаъолияти низоми пулфиристии Contact муаммои гирифтани маблағҳои тавассути низоми мазкур интиқолгардида ва бозпас гирифтани маблағҳои интиқолшуда ба вуҷуд омадааст ва Бонки миллӣ ин мушкилро зери назорат қарор дода, бо намояндагони Contact дар тамос буда, ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои ин ширкат дар назди шаҳрвандон кор бурда истодааст.

Бонки миллии Тоҷикистон дар иттилоияаш гуфт:

“Ба таваҷҷуҳи шаҳрвандон расонида мешавад, ки бо қарори Бонки марказии Федератсияи Россия аз санаи 21 феврали соли 2024, №ОД – 266 иҷозатнома барои анҷом додани амалиётҳои бонкӣ аз КИВИ БОНК, ки оператори низоми пардохтии “CONTACT” мебошад, бозхонд гардид.

Дар ин асно, фаъолияти низоми пардохтии “CONTACT” дар тамоми кишварҳои дунё, аз ҷумла дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби маъмурияти муваққатии КИВИ БОНК пурра маҳдуд карда шуда, пардохт ё бозхонди маблағҳои қаблан интиқолшуда ғайриимкон гардид.

Ба диққати шаҳрвандон расонида мешавад, ки айни ҳол муаммои гирифтани маблағҳои тавассути низоми мазкур интиқолгардида ва бозпас гирифтани маблағҳои интиқолшуда ҷой дорад.

Бонки миллии Тоҷикистон ҳолати мазкурро зери назорат ва мониторинг қарор дода, бо намояндагони низоми болозикр дар тамос мебошад ва ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои низом дар назди шаҳрвандон корбарӣ намуда истодааст. Ҳамзамон дар мавриди пайдо гардидани маълумоти нав иловатан хабар дода мешавад”. 

Тавре қаблан хабар додем, бисёре аз бонкҳои Тоҷикистон, аз ҷумла “Амонатбонк”, “Ориёнбонк”, “Спитаменбонк”, “Душанбе Сити” ва ташкилоти хурди “Ҳумо”, ҳамкориро бо Contact, ки ба бонки  Киви тааллуқ дошт,  билофосила баъди аз ҳаққи фаъолият маҳрум шудани ин бонк қатъ карданд.

Дар “Амонатбонк” ҳанӯз рӯзи 22 феврал ба хабаргузории русии ТАСС гуфтанд, ки “дар мавриди системаи Contact бояд бигӯем, ки мутаассифона, ин система дар бонки мо кор намекунад”.  Дар “Спитаменбонк” ва “Ҳумо” низ ба ин хабаргузорӣ айни маълумотро додаанд. Дар “Ориёнбонк” гуфтаанд, ки “интиқоли пул тавассути Contact фаъол нест”. Дар бонки Dushanbe City, ки қаблан муштариён метавонистанд ҳамёни электронии Киви низ бикушоянд, гуфтаанд, дигар чунин амалиётро анҷом намедиҳанд ва системаи пулфиристии Contact  ҳам дар ин бонк дигар кор намекунад.

Низоми пулфиристисии Contact, бар асоси феҳристи Бонки миллии Тоҷикистон, бори аввали соли 2018 барои анҷоми амалиёти пулфиристӣ ба Тоҷикистон иҷозатнома гирифта, баъди анҷоми ин муҷаввизаш бори дуюм соли 2021 иҷозатнома ба даст оварда буд, ки он то сентябри соли 2026 кор мекунад.

Аммо 21 феврали соли 2024 Бонки марказии Русия иҷозатномаи Qiwi-бонк барои анҷоми амалиёти бонкиро бозпас гирифт. Бонки марказии Русия Кивиро ба идомаи анҷоми амалиёти рискашон бузург, мавридҳои бо нақзи қонун ва бо сӯиистифода аз маълумотр шаҳрвандон ва бидуни огоҳии онҳо кушодани ҳамёнҳои Киви, пайваста вайрон кардани талаботи қонун дар бахши муқобила бо шустушӯи пулҳои бо роҳҳои ҷ ҷиноӣ ба даст омада ва имкон додан ба маблағгузории терроризм айбдор кард.

Шабакаи пулфиристии Contact нахустин шабакаи пулфиристии Русия ба шумор меравад. Он ҳанӯз соли 1999 аз ҷониби “Русславбанк” ташкил шуда, аз соли 2015 ба бонки Киви тааллуқ дошт. Шабакаи Contact беш аз 900 бонкро дар Русияву кишварҳои дигар муттаҳид карда, бо беш аз 10 ҳазор ширкату муассисаҳои мухталиф ҳамкору шарик буд ва дар беш аз 180 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла дар ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказӣ бо шумули Тоҷикистон беш аз  670 ҳазор нуқтаи додани пул дошт.

Баъди таҳти таҳримоти Амрико қарор гирифтани “Юнистрим”, “Золотая корона” ва Contact шабакаҳои аз ҳама маъруфи пулфиристии Русия ба шумор мерафтанд. Дар Тоҷикистон, ки “Золотая корона” ҳаққи интиқоли пул надорад, баъди дучори мушкилот шудани “Юнистрим”, Contact яке аз шабакаҳои пулфиристии аз ҳама пештоз дониста мешуд.

Ҳар сол аз Русия ва асосан бо шарофати муҳоҷирони тоҷик ба Тоҷикистон чанд миллиард доллар пул фиристода мешавад. Аксари ин пулҳо тавассути шабакаҳои пулфиристӣ ирсол мешаванд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button