ВидеоИқтисодКоррупсия

МУДИРИ АНБОРИ ИДОРАИ БАРҚИ ИСТАРАВШАН БА ДУЗДИИ 1,2 МИЛЛИОН СОМОНӢ АЙБДОР МЕШАВАД

Агентии мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон рӯзи 27 феврали соли 2024 аз ошкор шудани тасарруфи 1 миллиону 265 ҳазор сомонӣ, ё беш аз 100 доллар пули давлат аз ҷониби танҳо як мудири анбори шуъбаи истаравшании ширкати “Шабакаҳои тақсимоти барқ” хабар дод.

Бино ба иттилоияи маркази матбуоти агентӣ, “Ҳомидов Б.Б. дар мансаби мудири анбори филиали ҶСК «Шабакаҳои тақсимоти барқ» дар шаҳри Истаравшан кор карда истода, зимни фаъолияти кориаш бо истифода аз ваколати мансабдорӣ даст ба ҷинояти азонихудкунӣ ва исрофкорӣ задааст.  Чунончи, ӯ ҳамчун шахси масъулияти моддидошта ба ҳисоби худ дар анбори ҶСК «Шабакаҳои тақсимоти барқ» дар шаҳри Истаравшан молу маҳсулот ва таҷҳизоти барқии арзишмандро ба маблағи умумии 1 миллиону 265 ҳазору 163 сомонӣ расман қабул намуда, минбаъд бо мақсади ба даст овардани фоидаи муфт ин молу маҳсулотро, ки ба ӯ бовар карда супорида шудааст ва дар ихтиёраш қарор дошт, бо роҳи азонихудкунӣ пурра тасарруф намуда, бо ин кирдори қасдонаи худ ба давлат ба маблағи 1 миллиону 265 ҳазору 163 сомонӣ зарари махсусан калони моддӣ расонид”.

 Тафсилоти дигари қазия нашр нашудааст. Худи Ҳомидов ваё адвокаташ низ барои шарҳи мустақими қазия дастрас нестанд.

 Агентии мубориза бо коррупсия гуфт, оид ба ҳолати мазкур нисбат ба Ҳомидов Б.Б. бар асоси моддаи 245, қисми 4, банди «б» Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иттиҳоми тасарруфи маблағҳо ба миқдори махсусан бузург парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишоти пешакӣ идома дорад. Ба Ҳомидов бар асоси қисми чоруми моддаи 245 ҳамчун ҷазо ҷарима ба андозаи аз 1824 то 2700 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз 10 то 15 сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то 5 сол таҳдид мекунад. Як нишондиҳанда  барои ҳисобҳо имсол ба андозаи 72 сомонӣ ё тақрибан 6,5 доллар муқаррар карда шудааст.

Дар рӯзҳои охир ин алакай дуюмин ҳолати дуздии маблағҳои бузург аз ширкатҳои барқ аст, ки Агентии мубоориза бо коррупсия аз ошкор шуданашон хабар медиҳад.

Агентии мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон рӯзи 21 феврали соли 2024 аз ошкор шудани тасарруфи беш аз 2 миллион сомонӣ пули давлат аз ҷониби роҳбарони “Шабакаҳои барқи шаҳри Панҷакент” хабар дод ва гуфт, сардори гурӯҳи хизматрасонии қитъаи Панҷакент Эргашев Б.С. бо истифода аз  ваколати мансабдорӣ ва дар асоси маслиҳати пешакӣ бо роҳбари корхонаи “Шабакаҳои барқи шаҳри Панҷакент” Бобоев Б.Қ. ва дигар шахсони масъул дар чанд ҳолат ҷиноятҳои азонихудкунӣ ва сохтакории хидматиро содир кардаанд.

 Худи Эргашеву Бобоев ва муттаҳамони дигар барои шарҳи қазия ҳанӯз дастрас нестанд, вале маркази матбуоти Агентии зидди коррупсия дар иттилоияаш мегӯяд: “Чунончи, Эргашев Б.С. дар давраи фаъолияти кориаш ҳамчун шахси масъулияти моддидошта ба ҳисоби худ дар анбори гурӯҳи хизматрасонии қитъаи Панҷакент молу маҳсулоти арзишдорро расман қабул намуда, бо мақсади ғаразнок қисми онро мувофиқи мақсад истифода ва васлу насб накарда, дар давоми соли 2023 тибқи маслиҳати пешакӣ бо роҳбари худ Бобоев Б.Қ. ва дигар шахсони масъул таҷҳизоти барқӣ ва молу маҳсулоти арзишдори ба ӯ бовар карда супурдашуда ва дар ихтиёраш қарордоштаро ба маблағи умумии 2 миллиону 136 ҳазору 613 сомонию 31 дирам бо роҳи сохтакории ҳуҷҷатҳои муҳосиботӣ тасарруф намуда, ба эҳтиёҷоти шахсиашон сарф намуданд, ки бо ин кирдори қасдонаи худ ба давлат зарари махсусан калони моддӣ расониданд”.

 Оид ба ҳолатҳои мазкур нисбат ба Бобоев Б.Қ., Эргашев Б.С. ва дигар шахсони масъули “Шабакаҳои барқи шаҳри Панҷакент” бар асоси ду моддаи Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон: моддаи 245, қисми 4, банди “б” (тасарруфи маблағҳо ба миқдори махсусан бузург)  ва моддаи 323 (сохтакории хидматӣ) парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтиши пешакии парвандаи ҷиноятии мазкур идома дорад. Ба онҳо ҳамчун ҷазо барои сохтакорӣ бо истифода аз мақом ҷарима ба андозаи аз 250 то 365 нишондиҳанда барои ҳисобҳо  (як нишондиҳанда = 72 сомонӣ ё тақрибан 6,5 доллар) ё корҳои ислоҳи меҳнатӣ ба мӯҳлати аз 1 то 2 сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то 2 сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то 3 сол ё бидуни он  таҳдид мекунад. Ҳамин тавр, ба муттаҳамон бар асоси қисми чоруми моддаи 245 барои тасарруфи маблағи махсусан бузург ҷарима ба андозаи аз 1824 то 2700 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз 10 то 15 сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то 5 сол таҳдид мекунад.

Аммо Агентии зидди коррупсия дар иттилоияаш таъкид кардаст, ки маблағи зарари ошкоргардида бо пуррагӣ барқарор карда шудааст. Ин ба маъноест, ки масъулони қалбдаст акнун метавонанд бо пардохти ҷарима аз ҷавобгарӣ халос бихӯранд. Бо ҷарима халос хӯрдани мансабдорони бо ҷиноятҳои коррупсионӣ бадастафтода дар Тоҷикистон, мутаассифона, як амри роиҷ шудааст ва ҳатто метавон гуфт, ба ҳукми анъана даромадааст.

Соҳаи нирӯи барқ дар Тоҷикистон яке аз соҳаҳои аз ҳама фасодзада ба шумор меравад. Қарзи ширкати “Барқи Тоҷик” бо вуҷуди мақоми монополистиаш дар бозор ба 33 миллиард сомонӣ, ё 3 миллиард доллар баробар шудааст. Ҳукумати Тоҷикистон ҳар сари чанд вақт нархи нирӯи барқро бо мақсади аз вартаи қарз баровардани “Барқи Тоҷик” боло мебарад. Вале коршиносон коррупсияро як манбаъ ва омили асосии ба ботлоқи қарз ғарқ шудани ин ширкат номида, мегӯянд, то замоне ки коррупсия дар соҳаи барқ решакан карда нашавад, ягон қарори боло бурдани нархи барқ ин ширкатро аз расвоии ногузир наҷот дода наметавонад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button