ВидеоИқтисодКоррупсияМинтақа ва ҷаҳон

МИЛЛИАРДҲО ДОЛЛАРИ РАБУДАИ БОБАКИ ЗАНҶОНИРО КӢ БА ЭРОН БАРГАРДОНД? ТОҶИКИСТОН?

Ғуломҳусайн Муҳсинии Эжеӣ, раиси қувваи қазоияи Ҷумҳурии исломии Эрон рӯзи 20 феврали соли 2024 аз шиносоии дороиҳо ва амволи Бобак Занҷонӣ дар хориҷ аз Эрон ва интиқоли ин сарватҳо ба Теҳрон хабар дод.

Аммо ин мансабдори баландмақоми эронӣ нагуфтааст, ки ин дороиҳои Занҷонӣ дар кадом кишварҳо шиносоӣ ва ба чӣ шакл, пули нақд ва ё тавассути бонкҳои ин кишварҳо ба Эрон фиристода шудаанд?. Дар ҳоле, ки бонкҳои Ҷумҳурии исломии Эрон таҳти таҳрим қарор дошта, интиқоли чунин маблағҳои ҳангуфт ба Эрон амре хеле муҳол аст.

Алӣ Баҳодурӣ, сухангӯи давлати Эрон низ дар бораи кишваре, ки ин маблағҳоро ба Эрон интиқол додааст, ҷузъиёте ироа накарда, танҳо гуфт, ки “дороиҳои арзии мутааллиқ ба Бобак Занҷонӣ таҳти мудирияти хазинаи давлат масраф хоҳад шуд”.

Чизи дигаре, ки дар ин қазия норӯшан боқӣ мондааст, миқдори маблағҳои интиқолшуда, ба Эрон аст. Мақомоти Эрон қаблан дар бораи тасарруфи чандин миллиард доллар пули нафти ин кишвар аз ҷониби Бобаки Занҷонӣ ҳарф мезаданд. Дар Теҳрон аз ҷумла бар ин буданд, ки беш аз ду миллиард доллар аз пулҳои рабудаашро Занҷонӣ дар Тоҷикистон сармоягузорӣ кардааст. Душанбе инро ҳамеша рад мекард.

Ҳоло мушаххас нест, ки оё ба Ҷумҳурии исломии Эрон муяссар шудааст, ки  ҳамаи дороиҳои Занҷониро баргардонидааст ва ё қисме аз онро?  

Бояд гуфт, ки номи Бобак Занҷонӣ дар солҳои президентии Маҳмуд Аҳмадинажод дар расонаҳои Эрон ба унвони сарватмандтарин эронӣ дар ҷаҳон ёд шуда буд. Ба гуфтаи худи Занҷонӣ, ӯ дар дохил ва хориҷ аз Эрон соҳиби 62 ширкати мухталиф будааст.

Ва аммо номи Бобак Занҷонӣ дар матбуоти тоҷик замоне роҳ ёфт, ки ӯ дар Тоҷикистон маблағгузории ҳангуфте карда, чандин ширкат дар Тоҷикистонро, аз ҷумла ширкатҳои бинокорӣ, нақлиётӣ, сармоягузорӣ ва сайёҳиро таъсис дод. Аз ҷумла “Kont group Tajikistan”, ширкатҳои “Коntgroup investment”, “Asian Express Terminal”, “Asian Express Airline” ва “Kont tourism Tajikistan” ва ғайраҳоро ба Бобак Занҷонӣ нисбат медиҳанд, ки ӯ дар маросими ифтитоҳи бархе аз онҳо  ҳамроҳи президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон иштирок карда буд. Он замонро коршиносони муносибатҳои байналхалқӣ “давраи тиллоӣ”-и муносибатҳои Тоҷикистону Эрон ёд мекунанд.

Замоне дуди оташи “палови идона” ба чашмони зимомдорони Тоҷикистон вазид, ки ҷониби Эрон пас аз бо ҷурми фасод дар моҳи декабри соли 2013 дастгир гардидани Бобак Занҷонӣ маблағҳоеро, ки ӯ дар бонкҳои Тоҷикистон нигоҳ медошт.

Мақомоти Эрон мегуфтанд, 2.5 миллиард долларе, ки Занҷонӣ дар бонкҳои Тоҷикистон маҳфуз кардааст, пули мардуми Эрон буда, бояд баргардонида шаванд. Вале ҷониби Тоҷикистон иддаои Теҳрон дар робита ба пулҳои Занҷониро беасос мехонд. Аксу видеоҳои Занҷонӣ бо раисҷумҳури Тоҷикистон ва вазирону тоҷикро Душанбе ягон бор шарҳ надодааст.

То ба ҳол мақомот Ҷумҳурии исломӣ иддао мекунанд, ки Занҷонӣ дар Тоҷикистон бо шахсони пурнуфузи Тоҷикистон робита барқарор карда, дар ин кишвар наздик ба 600 миллион доллар сармоягузорӣ кардааст.

Гузашта аз ин худи Занҷонӣ дар як баёноташ дар додгоҳ иқрор карда буд, ки як дастгоҳи махсуси сабти гуфтугӯҳои телефонҳои мобилиро, ки арзиши хеле гарон дорад, муваққатан ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон додааст. Гуфта мешуд, ки чунин дастгоҳро ҳатто Русия надошт он вақт.

Вале, мақомоти Тоҷикистон аз ҷумла Шариф Раҳимзода, ки он вақт раиси кумитаи будҷа ва молияи Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон ва пеш аз он раиси Бонки миллӣ буд, гуфта буд, ки “агар манзур ҷониби Эрон саҳмгузории Бобак Занҷонӣ дар ширкати “Asian express” бошад, пас дар миёни муассисони ин ширкат исми Занҷонӣ аслан вуҷуд надорад”.

Дар паи моҷарои пулҳои Занҷонӣ ва ҳамзамон бо рӯ задани қазияи ҳамагӣ се моҳ баъди манъи фаъолияти ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ба як анҷуман дар Теҳрон даъват шудани раиси ин ҳизб Муҳиддин Кабирӣ робитаҳои дипломатии Тоҷикистон ва Эрон ба таври боварнакарданӣ сард шуд. Тоҷикистон дар шабакаҳои телевизионии худ филми “мустанад”-еро бо 4 забон пахш намуд, ки дар он Ҷумҳурии исломии Эрон ба куштори чеҳраҳои шинохтаи ҷомеа тоҷик дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ муттаҳам мешуд. Ҳамчунин қариб ҳамаи донишҷӯёни тоҷикистоние, ки дар Эрон таҳсил мекарданд, маҷбуран ба Тоҷикистон баргардонида, баъзе аз он донишҷӯёнро бо ҷурми “ҷосусӣ” аз 5 то 15 сол равонаи зиндон карданд.

Гардиши мол ва коло байни кишварҳоро низ ба зинаи ниҳоӣ расид. Кормандони амният мағоза ба мағоза гашта, молҳои сохти Эронро аз рафҳои мағозаҳо мечиданд. Ҷумҳурии исломии Эрон, ки аввалан шуда дар Тоҷикистони соҳибистиқлол сафоратхонаи худро кушода буд, кормандони сафораташро дар пайи фишорҳои Тоҷикистон ихтисор  кард.

Занҷонӣ чанд моҳ пеш аз боздошташ, ҳангоме ки дар Тоҷикистон бо ББС Форсӣ мусоҳиба мекард, гуфта буд, ки танҳо дар ду соли 2011-2012) аз фурӯши нафти Эрон 17 миллиард доллар маблағ ба даст овардааст. Ӯ дар ин мусоҳибаи худ бо ифтихор таъкид карда буд, ки “ифтихор мекунам ба кишвари Ҷумҳурии исломии Эрон хидмат мекунам ва ба унвони як бозаргон кор мекунам”. Ҳамчунин илова карда буд, ки “кори сиёсӣ намекунам, кори иқтисодӣ мекунам”.

Вале бо онки Занҷонӣ аз сиёсат дурӣ меҷуст, санаи 25-уми декабри соли 2013 аз тарафи мақомоти Эрон боздошт шуд. Пас аз баргузории 26 ҷаласаи расидагӣ ба парвандааш, ки 209 ҷилд ва 40 ҳазор саҳифаро дар бар мегирифт, дар санаи 6-уми марти соли 2016 додгоҳе дар Теҳрон ӯро ба иттиҳоми “фасод фи-аларз” ба қатл маҳкум кард. Вале пас аз 2 рӯзи судури ҳукми қатли Занҷонӣ, раҳбари қувваи қазоияи Ҷумҳурии исломӣ гуфт, ки “агар оғои Занҷонӣ бо ниҳодҳои қазоия ҳамкорӣ кунад, ин амр дар ҳукмаш таъсиргузор хоҳад шуд”. Баъдан ӯ маънои “ҳамкорӣ”-ро шарҳ дода гуфта буд, ки “ҳар замоне, ки мо пулро дар ҳисоби бонкиамон дидем, мегӯем, ки Бобак Занҷонӣ ҳамкорӣ кардааст”.

Онки иҷрои ҳукми қатли Занҷонӣ инак 8 сол боз тӯл мекашад, баёнгари ин аст, ки дар Теҳрон ин ҳама сол умедвор будаанд, ки билохира Занҷонӣ аз ақл кор мегирад ва пулҳоро бармегардонад. Хабари баргардонидани дороиҳои Занҷонӣ нишон медиҳад, ки ин умеди мақомоти Эрон билохира бароварда шудааст.

Бобаки Занҷонӣ соли 1974 дар пойтахти Эрон, шаҳри Теҳрон таваллуд шудааст. Ӯ худро дар Эрон бозаргон ва бунёнгузори “گروه سورینت” дониста, дар заминаҳои лавозимоти ороишӣ, бонкдорӣ, меҳмонхонадорӣ, ҳамлу нақли заминӣ, ҳамлу нақли ҳавоӣ, ҳамлу нақли баҳрӣ, сохтмони зерсохторҳои иҷтимоӣ, масолеҳи сохтмонӣ, фанноварии иттилоотӣ кор мекард.

Ҳамчунин бино ба маълумоте, ки дар сомонаи “گروه سورینت” нашр шуда буд, ин ширкатҳо ба ҷуз дар Эрон инчунин дар кишварҳои чун, Аморати Муттахидаи Араб, Туркия, Малайзия, Хитой, Англия ва Тоҷикистон фаъолият мекарданд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

One Comment

  1. Узр аз ин калимаҳо, вале сармоягузорӣ дар кишваре (Тоҷикистон), ки фасодзадатарин кишвари дунёст, кори аҳ***қон ва аб***ҳон аст. На кафолат ҳаст, на масъулият, на фоида, на оқибати нек, зарар болои зарар, парвандаи сиёҳ, таҷрибаи бад, қурбонии сиёсӣ, н**мардӣ ва ғайра…

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button