ВидеоМинтақа ва ҷаҳонҶанг дар Украина

ХАБАРИ ҚАТЛИ ПИЛОТИ РУСЕ, КИ САБАБИ МАРГИ ХУШБАХТ ТУРСУНОВ ШУД: ИНТИҚОМИ НИҲОДҲОИ ҶОСУСИИ РУСИЯ Ё…?

ГУР – Сарраёсати ҷосусии артиши Украина рӯзи 19-уми феврали соли 2024 ба бахши украинаии ББС

 тасдиқ кард, ки ҷасади Максим Кузминов, пилоти рус, ки як чархболи низомии артиши Русияро бо муҳимоти ҷангӣ ва ду сарнишини дигар, аз ҷумла пилоти зодаи Тоҷикистон Хушбахт Турсунов рабуда, ба  Украина бурда буд, дар Испания пайдо шудааст. Ин ҳодиса моҳи августи соли 2023 иттифоқ уфтод ва Кузминов барои ба украиниҳо супурдани чархбол 500 ҳазор доллар мукофот гирифт.  Хушбахт Турсунов ва як пилоти рус, ки Кузминов онҳоро бехабар бо худ бурда буд, муқовимат нишон доданд ва кушта шуданд.

Аввалин шуда хабари кушта шудани ин пилоти рус дар хоки Испанияро Телеграмм-канали Eurekapress бо такя ба манобеи худ дар Гвардияи миллии Испания нашр кард. Вале пас аз он ки расонаҳои давлатии Русия бо ишора ба ин манбаъ хабар пахш кардаанд, “Eureka News” матлаби худро аз саҳифааш пок кард. Ин канал асосан ба таблиғи пешрафтҳои артиши Русия дар ҷанги зидди Украина машғул аст.

Хабаргузории “Украинская правда” низ хабар дод, ки марги Кузминов дар Испания воқеият дорад. Ин манбаъ бо такя ба як ҷосуси баландмақоми ниҳоди ҷосусии Украина навиштааст, ки “Кузминов ба ҷои он ки дар Украина боқӣ бимонад, бо ихтиёри худ ба Испания рафтааст. Гузашта аз ин, ӯ дар Испания маъшуқаи собиқи худро ба хонааш даъват кардааст, ки дар натиҷа ҷасади ӯро бо изи чанд тир пайдо карданд”.

Расонаҳои Русия бо нақл аз манобеи худ навиштаанд, ки “низомиёни Русия замини як амалиёт ба рӯи Максим Кузминов 12 тир холӣ карда, сипас бо мошин сарашро пахш кардаанд “.

Дар бораи кушта шудани як шаҳрванди 33-солаи Украина, дар шаҳри Ла- Виляхойс хабаргузории испании Informacion.es ҳанӯз санаи 13-уми феврали соли ҷорӣ хабар дода буд. Ин расона навишта буд, ки “ҷасади як украиниро, ки бо силоҳи оташфишон ба қатл расонида шудааст, дар гаражи манзили зисташ пайдо кардаанд”.

Бино ба навиштаи сарчашма, ин шаҳрванди Украина ҳангоми фирор аз манзилу худ тавассути шахсони силоҳбадаст тирборон карда шудааст. Автомобилеро, ки гуфта мешавад, ба Кузминов тааллуқ дошт ва қотилон бо фирор карданд, дар шаҳри Эл-Кампело дар ҳоле пайдо кардаанд, ки пурра сӯхта, хокистар шуда буд.

Вале пойгоҳи хабарии итолиёвии IL Corrispondente ба он аҳамият додааст, ки синни Максим Кузминов(соли таваллудаш 1995) ба 28 расидааст ва дар хабарҳои расонаҳои испанӣ синни шахси кушта шуда 33-сола гуфта шудааст.

Дар робита ба хабари марги Кузминов ду фарзия матраҳ аст: Интиқоми ниҳодҳои ҷосусии Русия барои хиёнати Кузминов ба қасами ҳарбӣ ва эҳтимоли амалиёти махсуси ниҳодҳои ҷосусии Украина барои гӯл задани мақомоти Русия ва мунҳариф сохтани онҳо аз идомаи таъқиби Кузминов.

Тавре қаблан хабар дода будем, 9-уми августи соли 2023 фармондеҳи чархболи ҳарбии МИ-8 Максим Кузминов, ки пилоти тоҷик Хушбахт Турсунов ва Никита Кирянов зери итоаташ хидмат мекарданд, чархболашро аз вилояти Курски Русия ба Украина бурда, ба нерӯҳои украинӣ таслим намуд.

Кузминов он вақт гуфта буд, ки аъзои экипаж аз нақшаи ӯ бехабар буданд ва ҳангоми таслим шудан ҳардуи онҳо ба нерӯҳои украинӣ муқовимати мусаллаҳона нишон дода, дар натиҷа аз байн бурда шуданд. Худи Кузминов баъдан иддао кард, ки барои ин кораш аз тарафи Украина 500 ҳазор доллар мукофот гирифтааст.

Он шабу рӯз дар шабакаҳои телевизионии русӣ, ба хусус дар эфири шабакаи “Россия 1” чанд тан дар ҳоле ки дар рӯй ниқоб доштанд, гуфта буданд, ки “фармони куштани Кузминовро аз боло гирифтаанд ва дар ҳар ҷою макон пайдо ва ба қатл хоҳанд расонд “хоин”-ро”.

Хушбахт Турсунов зодаи шаҳри Конибодом буда, СВВАУЛ, омӯзишгоҳи олии ҳарбии халабонии шаҳри  Сизрани Русияро хатм кардааст.

Ӯ баъди хатми омӯзишгоҳ ба Тоҷикистон баргашта, чанд муддат дар қисми чархболҳои Гвардияи миллии Тоҷикистон хидмат кардааст. Ба гуфтаи ҳамхидматонаш, аз шароити кору хидмат дар Гвардияи миллӣ чандон розӣ набудааст ва бо ин далел соли 2015 ба Русия муҳоҷират кардааст. Чанд муддат дар Русия ба ҳайси посбон кор кардааст ва соли 2018 баъди ба даст овардани шаҳрвандии Русия бо вазорати мудофиаи ин кишвар карордоди 5-сола баста, дар як қисми чархболҳои низомӣ дар шаҳри Черниговкаи кишвари Приморе дар Шарқи дури Русия ба хидмат пардохтааст. Пас аз аз ҳуҷуми Русия ба Украина дар моҳи феврали соли 2022 қисми ҳарбии онҳоро аз Шарқи дур ба вилояти Курск, ки наздик ба марзи Украина аст, интиқол додаанд.

Аз Хушбахт Турсунов як тифли ҳаштсола ятим монд.

Марворид Мадёрова, хоҳари Хушбахт Турсунов ба хабаргузории русии “Спутник Тоҷикистон” дар робита ба марги Максим Кузминов, ки боиси кушта шудани бародараш шуда буд, гуфтааст, ки “рӯзи хоин сиёҳ аст. Кузминов, ки дидаву дониста бародари ман ва дигар ҳамкорони худро фурӯхта буд, шармандавор ба қатл расид”.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

One Comment

  1. Ячӣ навистай ака✊
    Раҳматои калон!!!

    Чи бгум “чоҳканра чоҳ интизор”.
    Кори хуб кардай кори бад кори хдш медона.
    Тоҷика фурӯхтай ана и хуб нестай

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button