Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон рӯзи 16 майи соли 2024 бори аввали парвандаи ҷиноятии раиси собиқи додгоҳи ноҳияи Панҷ Бахтиёр Абдураҳмонзодаро, ки аз аввал соли ҷорӣ, инак қариб 4 моҳ боз дар ҳабс қарор дорад, шарҳ дод.
Маркази матбуоти агентӣ хабар дод, ки раёсати тафтишотии Агентӣ тафтиши пешакии парвандаи ҷиноятӣ нисбати собиқ раиси суди ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон Абдураҳмонзода Б.С.-ро ба итмом расонидааст.
“Дар рафти тафтиши пешакии парвандаи ҷиноятӣ муайян карда шуд, ки Абдураҳмонзода Б.С. ҳамчун шахси мансабдори давлатӣ ба ҳисоб рафта, дар давраи фаъолияти кориаш қасдан ва бо мақсади ба даст овардани фоидаи муфт зимни баррасии парвандаҳои дар пешбурдаш қарордошта барои татбиқи ҷазоҳои нисбатан сабук ба судшавандагон ва ба манфиати онҳо ҳал кардани натиҷаи судӣ бо ин парвандаҳо аз хешвандони судшавандагон дар 7 ҳолат ҷамъ маблағи 128 800 сомониро ғайриқонунӣ гирифтааст”, – гуфта мешавад дар хабар.
Вобаста ба ҳолатҳои болозикр нисбати Абдураҳмонзода Б.С. бо 3 моддаи Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон: 247, қисми 4, банди «б» (қаллобӣ ба маблағи хеле бузург), 314 қисми 2 (сӯиистифода аз мансаб) ва 319, қисми 3 (гирифтани пора аз ҷониби шахси мансабдор) парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ ба додгоҳ ирсол шудааст. Тибқи қисми сеюми моддаи 319 барои мансабдорони давлатие, ки аз ҷониби суд дар гирифтани пора гунаҳгор дониста мешаванд, ҳамчун ҷазо аз 5 то 10 соли зиндон ва қисми дуюми моддаи 314 барои сӯиистифода аз мансаб ҳамчун ҷазо ҷарима ба андозаи аз 547 то 1092 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ва ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз 3 то 6 солро муқаррар кардааст. Як нишондиҳанда барои ҳисобҳо имсол 72 сомониро ташкил медиҳад. Барои қаллобӣ низ ба Абдураҳмонзода ҷарима ё чанд соли зиндон таҳдид мекунад.
Агентӣ гуфт, нисбати айбдоршаванда Абдураҳмонзода Б.С. чораи пешгирӣ дар намуди ба ҳабс гирифтан татбиқ гардидааст. Худи ӯ ё наздиконаш барои шарҳи қазия дастрас нестанд.
Қаблан хабар омада буд, ки Додгоҳи олии Тоҷикистон алакай ба баррасии парвандаи ҷиноятии раиси собиқи суди ноҳияи Панҷ Абдураҳмонзода Бахтиёр Саидумрон оғоз кардааст.
Бино ба иттилои нашрияи “Фараж”, тақдири минбаъдаи додраси дар гузашта баландпояро ҳамкасбаш аз Додгоҳи олӣ Далер Холиқмуродзода қазоват хоҳад кард. Судя Холиқмуродзода рӯзи 15 майи соли 2024 дар суҳбат бо “Фараж” аз гуфтани ҷузъиёти мурофиа худдорӣ карда, танҳо ҳамин қадар гуфтааст, ки фақат “баъди қабули ниҳоии қарори додгоҳ ҳақ дорем, ки ба шумо ягон маълумот диҳем”.
Ёдовар мешавем, ки раиси ҳамакнун собиқи додгоҳи ноҳияи Панҷ Бахтиёр Абдураҳмонзода рӯзи 25-уми январи соли равон аз ҷониби кормандони раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар вилояти Хатлон боздошт шуда буд. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 30 январи соли 2024 Абдураҳмонзодаро “бино бар содир намудани кирдоре, ки шаъну эътибори судяро паст мезанад”, аз вазифа озод кард. Ин ибора дар фармонҳои президент маъмулан вақте истифода мешавад, ки судяҳо барои ягон амали коррупсионӣ, асосан барои гирифтани пора ба даст афтода бошанд.
“Фараж” рӯзи 26 январ, алакай як рӯз баъди ба даст афтодани Абдураҳмонзода хабар дода буд, ки ӯ аз ҷониби раёсати вилоятии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия боздошт шуда, ба гирифтани пора дар чанд ҳолат айбдор мешавад.
Ба иттилои манбаи нашрия дар Агентии мубориза бо коррупсия, боздошти раиси додгоҳи ноҳияи Панҷ Абдураҳмонзода Б. С. нисфирӯзии 25-уми январ дар утоқи кориаш ба вуқуъ пайваст.
“Ӯро шаб дар боздоштгоҳи раёсати мубориза бо коррупсияи вилояти Хатлон нигоҳ дошта, субҳи 26 январ ба шаҳри Душанбе интиқол доданд”, – гуфта буд ин манбаъ.
Бахтиёр Абдураҳмонзода соли 2018 раиси додгоҳи Панҷ таъйин шуда буд. Ӯ аз он пеш ба ҳайси додрас дар додгоҳи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе кор мекард.
Додгоҳҳои Тоҷикистон аз ниҳодҳои аз ҳама фасодзада дар ин кишвар ба шумор мераванд. Корафтодагон мегӯянд, бидуни додани пора ҳал кардани ягон мушкил дар додгоҳҳои Тоҷикистон ба як амри тақрибан номумкин табдил ёфтааст.
Дар Тоҷикистон тақрибан 400 додрас кор мекунанд. Ҳамаи онҳо бо фармонҳои президент таъйину барканор мешаванд. Ҳар сол президент Эмомалӣ Раҳмон фармони барканории чандин додрасро бо ҷурми “содир кардани кирдоре, ки шаъну эътибори судяро паст мезанад” имзо мекунад. Бино ба ҳисобҳо, дар солҳои охир тақрибан 40 судя, ё тақрибан 10 фоизи додрасҳои ҷумҳурӣ бо чунин ҷурм тарки мансаб кардаанд. Аксари онҳо маҳз ҳангоми гирифтани пора ба даст меафтанд. Вале мақомот одатан аз шарҳи парвандаҳои додрасҳои бадастафтода худдорӣ мекунанд.