ВидеоМинтақа ва ҷаҳонМуҳоҷиронҶанг дар Украина

ЯК ПИЛОТИ ДАР УКРАИНА КУШТАШУДА АЗ ТОҶИКИСТОН БУДААСТ, ВАЛЕ НОМАШ – ХУШБАХТ, НА ХУРШЕД

Яке аз ду пилоти дар Украина кушташудаи чархболи Ми-8, ки онро моҳи август аз вилояти Курски Русия ба Украина бурданд, дар ҳақиқат зодаи Тоҷикистон будааст. Аммо номи ӯ на Хуршед, ки “База” қаблан хабар дод, балки Хушбахт Турсунов будааст.

Чанд ҳамсабақи зодаи Тоҷикистон Хушбахт Турсунови 35-сола дар омӯзишгоҳи ҳарбии ҳавонавардии Сизран ба нашрияи давлатии Русия “Россия сегодня” тасдиқ кардаанд,  ки яке аз кушташудаҳо метавонад Турсунов бошад. Максим Кузминов, пилоте, ки он чархболро ба Украина бурда, супурд, низ хатмкардаи омӯзишгоҳи Сизран аст.

Як ҳамсабақи Турсунов гуфтааст, ки Хушбахт баъди хатми омӯзишгоҳ ба Тоҷикистон баргашт ва то соли 2015 дар Ватанаш кор кард, вале соли 2015 боз ба Русия омад ва як муддат ҳамчун посбон кор кард. Хушбахт сипас аз шаҳрвандии Тоҷикистон даст кашид, то ки битавонад дар саффи Қувваҳои мусаллаҳи Русия хидмат кунад.

Ҳамсуҳбати “Россия сегодня” гуфтааст, Хушбахт Турсунов чанд моҳи охир ҳамроҳи Кузминов дар як чархбол парвоз мекард ва мегуфтааст, ки Кузминов кам-кам метарсад.

 “Ӯ бо Макс доим ҳамроҳ парвоз мекарданд ва мегуфт, ки нуқтаи заъфи Макс ин аст, ки ӯ ҳангоми парвоз метарсад. Албатта, Хушбахт вайро рӯирост тарсончак намегуфт, малеҳтар карда мегуфт”, — нақл кардааст ҳамсабақи Хушбахт Турсунов. Ба гуфтаи вай, Хушбахт беш аз 5 сол дар артиши Русия хидмат карда, мехост ба авиатсияи мулкӣ гузарад, вале баъди шурӯи ҷанги зидди Украина ин нақшаи худро ба қафо андохт.  “Ӯ мегуфт, ҳоло вақти партофтани хидмат нест. Ӯ ҳеҷ гоҳ аз роҳи худ ақиб наменишаст”, — афзудааст ҳамсуҳбати “Россия сегодня”.

Дӯстони дигари Хушбахт Турсунов них ӯро ҳамчун як халабони хуб, босавод ва оқил тавсиф кардаанд.

Аввалин шуда, Телеграм-канали База, як нашрияи ба мақомоти қудратии Русия наздик, рӯзи 16 сентябри соли 2023хабар дод, ки исми ду халабон, ё пилотеро, ки дар дохили чархболи аз вилояти Курски Русия рабудаву ба Украина бурдашуда буданд, муайян кардааст. Вале дар гузориши “База” исми онҳо Никита ва Хуршед гуфта мешуд.

Ин чархболи нисбатан нави соли сохташ 2016 рӯзи 9 август рабуда шуд. Танҳо рӯзи 7 сентябр ГУР – Сарраёсати ҷосусии артиши Украина тасдиқ кард, ки ин ниҳод як пилоти русро барои гузаштан ба тарафи Украина ва бо худ ба Украина овардани чархболаш моил кардааст. Ба пилоти рус Максим Кузминов барои ин кораш ним миллион доллар ҷоиза додаанд, вале ду пилоти дигар, ки низ дар он чархбол буданд, вале аз таслим шудан саркашӣ карданд, аз байн бурда шуданд.

”База” рӯзи 16 сентябри соли 2023  хабар дод, ки “ҳамроҳи пилот Максим Кузминов, ки чархболро рабуда, ба Украина бурд, дар дохили чархболи Ми-8 боз ду нафари дигар буданд. Яке аз онҳо — Никита, хатмкардаи Академияи ҳарбию ҳавонавардии ба номи Жуковский ва Гагарини шаҳри Воронеж буд. Дӯстонаш ӯро ҳамчун як марди “дар оиладорӣ намунаи ибрат” ва “содиқ ба кори худ” тавсиф мекунанд. Пилоти дуюм — зодаи Тоҷикистон Хуршед буд. Ин ҷавон ба Русия тибқи мубодила барои таҳсил омада, омӯзишгоҳи ҳавонавардии Сизранро хатм карда буд. Дӯстони Хуршед низ ӯро мусбат тавсиф мекунанд. Бино ба иттилои “База”, Никита ва Хуршед ҳарду ҳамсиннусоли Кузминов буда, 28солӣ доштанд. Онҳо ҳама якҷоя дар шаҳри Черниговкаи кишвари Приморйе хидмат мекарданд. Дар бораи феълан куҷо будани Никита ва Хуршед  расман ягон маълумот нест. Роҳбари ГУР Кирилл Буданов гуфта буд, ки баъди дар Украина фуруд омадани чархбол онҳо муқовимат нишон доданд ва кушоа шуданд. Худи Кузминов низ дар нишасти хабариаш дар мавзӯи рабудани чархбол изҳор дошта буд, ки Никита ва Хуршедро “аз байн бурданд”.
“База” дар гузоришаш таъкид кардааст, ки бо ин ҳол, ба наздикони Никита ва Хуршед дар бораи сарнавишти онҳо то ҳол расман ягон хабар надодаанд.

Вазорати мудофиаи Русия билофосила ҳамон рӯзи 16 сентябр хабари дар чархболи моҳи август ғайбзадаи тамғаи Ми-8 будани шаҳрванди Тоҷикистонро рад кард.

“Хабари дар пойгоҳҳои интернетӣ ва Teлеграм-каналҳо нашршуда дар бораи инки гӯё дар ҳайъати экипажи чархболи  моҳи августи соли ҷорӣ беномунишон ғайбзадаи тамғаи Ми-8- Русия шаҳрвандони Тоҷикистон низ буданд, комилан воқеият надорад”, – гуфта мешуд дар баёния. Вазорати мудофиаи Русия афзуд, дар ҳайъати экипажҳои Қувваҳои ҳавоию кайҳонии артиши Русия танҳо шаҳрвандони Русия хидмат мекунанд.

Аммо ин вазорат ҷузъиёти дигари хабари Телеграм-канали “База”, аз ҷумла Никита ва Хуршед ном доштани ду пилоти дигарро шарҳ надод. Гузашта аз ин, “База” дар хабараш Хуршедро “зодаи Тоҷикистон” номида буд, на “шаҳрванди Тоҷикистон”. Комилан имкон дошт, ки ӯ мисли даҳҳо афсари дигари тоҷик  шаҳрвандии Русияро гирифта бошад, то ҳаққи хидмат дар саффи Қувваҳои ҳавоию кайҳонии артиши Русияро ба даст биорад.

Дар солҳои охир даҳҳо афсари тоҷик, аз ҷумла пилотҳо, ба сурати оммавӣ аз тартиби соддаи дарёфти шаҳрвандии Русия истифода бурданд ва дар Русия монда, дар артиши ин кишвар ба хидмат пардохтанд. Ин раванди гузариши оммавӣ ба артиши Русия соли 2022, дар пайи шурӯи ҷанги Русия ба зидди Украина ва ба ин ҷанг фиристодани фавҷи афсарону аскарони  тоҷики ба артиши Русия пайваста ва аз Украина омадани хабари кушта шудани зодагони Тоҷикистон шадидан коҳиш ёфт.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button