ВидеоТиб ва беҳдошт/Муҳити зистХабарҳои кӯтоҳ

ҲАЛОКАТИ ЯК НАВРАСИ 13-СОЛА ҲАНГОМИ ЧУКРИЧИНӢ ДАР КӮҲҲОИ ДАРАИ РОМИТ

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон дар бораи боз як ҳодисаи нохуш ҳангоми чукричинӣ хабар дод. Ин дафъа як навраси 13-сола дар дараи Ромит ба ҳалокат расидааст.

Бино ба иттилои маркази матбуоти  Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда, рӯзи 15 майи соли 2024, як сокини 13-солаи деҳаи Сорбоғи ҷамоати Ромит дар канори шаҳри Ваҳдат бо мақсади чукричинӣ ба кӯҳҳои атрофи деҳаашон рафтааст. Тақрибан соати ҳафти шом, азбаски дар пайи боришоти давомдор замини кӯҳ лою лағжонак буд, пойи харе, ки ин наврас савори он буд, лағжидааст ва наврас ба дарёи Кофарниҳон афтода, ғарқ шудааст.

Наҷотбахшони Кумита ба ҷои ҳодиса омадаанд, вале ҷустуҷӯи ҷасад то ҳол натиҷа надодааст.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда менависад, ҳарчанд аз сокинон хоста буд, то дар обу ҳавои номусоид ба кӯҳҳо нараванд, мутаассифона, на ҳама ба ин тавсияҳо гӯш медиҳанд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар пайи марги наврас дар Ромит бори дигар аз сокинон ва меҳмонони ҷумҳурӣ хостааст, ки дар рӯзҳои пурбориш ва то хушк шудани бистари хок аз рафтан ба кӯҳҳо барои чидани ҳезуму гиёҳҳо ё барои шикору моҳидорӣ худдорӣ кунанд.

 “Ба ҳушдорҳо ва огоҳиҳои мақомоти салоҳиятдор бепарвоӣ нишон надиҳед! Қоидаҳои бехатариро қатъия риоя кунед!” –  таъкид шудааст дар муроҷиатномаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ба сокинон ва меҳмонони Тоҷикистон.

Дар мавсими имсола ин алакай сеюмин ҳолати расонаишудаи ҳалокати сокинони Тоҷикистон ҳангоми чукричинист.

Субҳи 16 апрели соли 2024 сокини 31-солаи деҳаи Кӯлобиёни ҷамоати Чашмасори ноҳияи Файзобод дар шарқи Тоҷикистон бо мақсади чидани чукрӣ ба як кӯҳи воқеъ дар наздикии деҳаашон рафта буд, аммо мутаассифона, ҳангоми чидани чукрӣ аз як теппаи баландиаш 30 метр сарозер шуда, дар ҷои ҳодиса ҷон дод. Ҷасади ӯро ҳамдеҳагонаш ёфта, ба деҳа овардаанд ва ба дасти наздикони марҳум супурданд.

21 апрели соли 2024, тақрибан соати 10-и субҳ як сокини 12-солаи деҳаи Ҳоити ҷамоати деҳоти Ҳоити ноҳияи Рашт барои ҷамъоварии чукрӣ ба кӯҳи воқеъ дар наздикии деҳаашон рафтааст. Аз сабаби он ки баъди боронҳои пуршиддат замин дар кӯҳҳо лағжонак шуда буд, ин кӯдак сахт лағжида, аз баландии 40 метр ба поён афтод.

Дар натиҷаи бархӯрдҳои сахт ба сангу реги кӯҳ кӯдак ҷароҳатҳои зиёд бардошт ва дар бемористон бистарӣ карда шуд, вале табибон ӯро аз марг наҷот дода натавонистанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button