АфғонистонВидеоМинтақа ва ҷаҳон

ҲУШДОРИ ВАЗИРИ “ТОЛИБОН” БА КИШВАРҲОИ МИЗБОН ВА ҲОМИИ МУХОЛИФОНИ “АМОРАТИ ИСЛОМӢ” (ВИДЕО)

Вазири муҳоҷирон ва баргашткунандаҳо дар ҳукумати “Толибон” рӯзи 15-уми феврали соли 2024 дар ҷамъомаде, ки бахшида ба муносибати 35-умин солрӯзи хуруҷи артиши Шӯравӣ аз Афғонистон доир гардид, бе бурдани номи кишваре ба давлатҳои “мизбон ва ҳомӣ”-и мухолифони ин гурӯҳ ҳушдор дод, ки “Толибон” хусумати онҳоро фаромӯш нахоҳанд кард”. Бино ба иттилои нашрияи афғонии “Тулӯъ”, Халил-ур-Раҳмон Ҳаққонӣ, сарпаратсти вазорати муҳоҷирон ва узви аршади шабакаи “Ҳаққонӣ” гуфтааст, ки “душманони “Толибон” дар ҳар ҷое, ки бошанд ҳадаф қарор хоҳанд гирифт”.

Дар идомаи сӯҳбатҳояш ин мансабдори воломақоми “Толибон” ва узви шабакаи тундрави “Ҳаққонӣ”, ки дар гузашта хунинтарин амалҳои террористиро дар дохили Афғонистон, аз ҷумла дар донишгоҳҳову беморхонаҳо анҷом дода буданд, таъкид кард, ки “агар касе бо мо мухолифат ва душмании фикрӣ, расонаӣ, низомӣ, сиёсӣ ва молӣ мекунад, мо бо ӯ ҳисобу китоб мекунем”.

Халил-ур-Раҳмон Ҳаққонӣ, ки амаки раҳбари шабакаи Ҳаққонӣ ва вазири корҳои дохилии ҳукумати “Толибон” Сироҷиддин Ҳаққонӣ аст, ҳарчанд ба таври ошкоро ба кишваре хосе ишора накард, аммо як мухотаби ӯ метавонад Тоҷикистон бошад, чунки, қарори маълум, Тоҷикистон мизбони мухолифони мусалаҳи гурӯҳи “Толибон”,  аз ҷумла “Ҷабҳаи муқовимати миллӣ” бо роҳбарии Аҳмади Масъуд, писари Аҳмадшоҳи Масъуд аст. Ҳамчунин дар  Душанбе чанде пеш як анҷумани  мухолифини сиёсӣ ва низомии “Толибон” баргузор шуда буд.

Вазири “Толибон” боз ҳам ба таври пардапӯшонона ҳушдор дод, ки “касоне, ки дар садади таҳмили ҷанг дар Афғонистон аз тариқи омӯзиш додани мухолифони “Аморати исломӣ” ҳастанд, иқдомашон фаромӯш нахоҳад шуд”.  “Аморати исломӣ” номи режимест, ки Толибон дар Афғонистон побарҷо кардаанд.

Гурӯҳи “Толибон” иддао дорад, ки гӯё “Ҷабҳаи муқовимати миллӣ” дар Тоҷикистон пойгоҳи низомӣ дорад ва ҳукумати Тоҷикистон аъзои ин ҷабҳаро бо силоҳу лавозимоти ҳарбӣ таъмин мекунад ва афсарони артиши Тоҷикистон дар ин пойгоҳ ба тоҷикҳои Афғонистон, аксаран зодагони дараи Панҷшер, тарзи пеш бурдани ҷангҳои ҷирикиро ёд медиҳанд. Ин иддао аз замони ба сари ҳукумат омадани “Толибон” дар Афғонистон дар моҳи августи соли 2021 чандин бор аз забони намояндагони мухталифи ин гуруҳи тундрав садо додааст.

Мақомоти Тоҷикистон ин иддаои Толибонро ягон бор рад ё тасдиқ накардаанд.

Илова бар ин, вазири муҳоҷирати “Толибон” бидуни ном бурдан аз Ӯзбекистону Тоҷикистон, аз кишварҳои ҳамсоя хост, ки “таҷҳизоти марбут ба Афғонистонро ба “Аморати исломӣ” таҳвил бидиҳанд”.  

Таври маълум, пас аз суқути ҳукумати қаблии Афғонистон аз тарафи “Толибон” дар моҳи августи соли 2021 мансабдорони зиёди режими ҷумҳурият бо чархболҳо ва тайёраҳои низомию ҷангӣ ба Тоҷикистон ва Ӯзбекистон фирор карда буданд. Ба эҳтимоли зиёд, Халил-ур-Раҳмон Ҳаққонӣ ҳамин чархболу тайёраҳои дар Тоҷикистон ва Ӯзбекистон бударо дар назар дорад.

Ин нахустин бор нест, ки мақомдорони “Толибон” ба мухолифони ин гурӯҳ дар хориҷ аз Афғонистон ҳушдор медиҳанд. Пеш аз ин, бино ба гузориши нашри форсии “Independent”, Саиди Хустӣ, як қумандони саҳроӣ ва сухангӯи собиқи Сироҷиддин Ҳаққонӣ мухолифони Толибонро дар хориҷ таҳдид ба марг карда, гуфта буд, “Толибон” садҳо довталаб барои ҳадаф қарор додани мухолифони хориҷнишин доранд”.

То ба ҳол кишварҳои ҳамсояи Афғонистон, аз ҷумла Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ба таҳдидҳои Саиди Хустӣ ва инак, Халил-ур-Раҳмон Ҳаққонӣ  вокунише нишон надодаанд.

Халул-ур-Раҳмон Ҳаққонӣ, амаки вазири корҳои дохилии ҳукумати “Толибон” Сироҷиддин Ҳаққонӣ аз чеҳраҳои таҳти таҳрими Амрико ва Созмони милал муттаҳид буда, то ба сари ҳукумат омадани гурӯҳи “Толибон” дар соли 2021 давлати Амрико барои ҳар гуна маълумоте марбут ба ҷою макони зиндагии ӯ 5 миллион доллар ҷоиза таъин карда буд.

Бояд гуфт, ки гурӯҳи “Толибон” дар дохили худ ба ду ҷиноҳи асосӣ: “Толибони қандаҳорӣ” ва “шабакаи Ҳаққонӣ” ҷудо мешавад . “Ҳаққонӣ”-ҳо бештар дар шарқи Афғонистон ва ҷиноҳи Қандаҳор асосан дар ҷануби Афғонистон нуфуз доранд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

2 Comments

  1. Раҳматои калон барои гзориш!!!
    Ҳооо, и кишварои ҳамсоя “тушберара хом шмурдагиян”. Толиб нав хдша нишон мета

  2. Ҳасан Абдуғаффор Холмуҳаммадзода, бигузор толибон ҳукумат кунанд! гуяд:

    Толибон ҳукуматро ба даст гирифтанд, аммо муҳимтарин сипари ҳар ҳукумат телевизиону радио аст, толибон ягон шабакаи телевизиониро ба даст нагирифтанд, фақат ба занону бонувони муҷрӣ дастур додаанд, ки ҳангоми дар саҳфаи телевизион зоҳир шудан ҳиҷоби комилро риоя кунанд. Ҳамчунон рақсу мусиқӣ ва мазҳакаро дар телевизион манъ карданд. Аммо, дар Тоҷикистон 44 шабакаи телевизионӣ фаъолият мекунад, ки ҳамааш саногӯи “пешво”

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button