ВидеоИқтисодТоҷикистон

СЕ БОЗОРИ “САХОВАТ”, “ПАНҶШЕР” ВА “ГАНҶИНА” ТИБҚИ ГЕНПЛАН ВАЙРОН КАРДА МЕШАВАНД (ВИДЕО)

Умед Гуреззода, раиси ноҳияи Фирдавсӣ рӯзи 14 феврали соли 2024 дар нишасти хабариаш гуфт,  тибқи Нақшаи генералии рушди пойтахти Тоҷикистон, ё ба истилоҳ Генплан, бозорҳои “Саховат”, “Панҷшер” ва “Ганҷина”, ки дар паҳлуи ҳам дар ҳудуди ноҳияи Фирдавсӣ дар канораҳои ҷанубии шаҳри Душанбе ҷойгир шудаанд, хароб карда мешаванд.

Умед Гуреззода  гуфт: “Масъалаи тахриби ин бозорҳо ду сол пеш, замоне ки ман муовини раиси шаҳри Душанбе будам, дар яке аз ҷаласаҳои ҳукумати шаҳр бо иштироки раиси пойтахт Рустами Эмомалӣ бардошта  шуда буд. Тибқи нақшаи генералии шаҳри Душанбе дар оянда бозорҳои “Саховат”, “Панҷшер” ва “Ганҷина” бояд ба дигар ҷой кӯчонида шаванд”.

Умед Гуреззода дар бораи мушаххасан кай оғоз шудани тахриби ин бозорҳо чизе нагуфт, вале гуфт, ки бозорнишинҳои “Саховат”, “Панҷшер” ва “Ганҷина” ба маркази савдои муосир кӯчонда хоҳанд шуд. Ӯ дар бораи ин ки ин маркази савдои нав дар куҷо ва аз ҷониби кӣ сохта мешавад?, маълумот надод, вале гуфт, ки ин маркази нав бояд мисли бозори “Меҳргон” сохта шавад.

Раиси ноҳияи Фирдавсӣ гуфт, дар мавриди ин ки ба ҷои бозорҳои “Саховат”, “Панҷшер” ва “Ганҷина” чӣ сохта мешавад?, ҳанӯз тасмими ниҳоӣ гирифта нашудааст.

“Агар имкониятҳои молиявӣ имкон диҳанд, ба ҷои он парки инноватсионӣ бунёд мешавад. Дар акси ҳол, идомаи боғи ба номи Фирдавсӣ хоҳад буд”, – гуфтааст Умед Гуреззода.

Раиси ноҳия ҳамчунин хабар дод, ки ҳамроҳ бо бозорҳо маҳаллаи аҳолинишине, ки дар паси “Саховат”, “Панҷшер” ва “Ганҷина” ҷойгир шудааст, низ хароб карда мешавад. Ӯ гуфт: “Дар пушти ин бозорҳо як қишлоқи калон аст. Пардохт кардани ҷуброн барои хезонидани онҳо маблағи калонро талаб мекунад… Ин хароҷоте аст, ки аз буҷет бидуни пардохти андозу дигар пардохтҳо медиҳем. Ҳоло харҷи бартараф кардани хонаҳо ҳисоб нашудааст. Ин дар оянда аст, вале барои хезондани мардум шояд ягон 100 млн сомонӣ лозим шавад”.

Хезондани бозорҳо дар Душанбе дар солҳои охир чандин бор сурат гирифтааст. Аз ҷумла мақомот қаблан бозори Шоҳмансур (маъруф ба “Зелений”) ва бозорҳои маводи сохтмону молҳои рӯзгор “Султони Кабир” ва Ҷал-Ҷам”-ро хароб карданд. Дар харобазори бозори Шоҳмансур то ҳол чизе сохта нашудааст, вале тоҷирони “Султони Кабир” ва Ҷал-Ҷам”-ро ба бозори навбунёди “Кӯшониён” кӯчонданд, ки моликаш, бино ба маълумоти манобеи мухталиф, Шамсулло Соҳибов, яке аз 7 домоди президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button