АфғонистонВидеоМинтақа ва ҷаҳон

ИЗҲОРИ ТАШВИШИ ОДКБ АЗ АФЗОИШИ ҶАНГҶӮЁНИ ДОИШ ДАР МАРЗИ ТОҶИКИСТОН

Сардори ситоди муттаҳидаи Созмони Паймони амнияти дастаҷамъӣ (Организация договора о коллективной безопасности, ё ОДКБ) генерал-полковник Андрей Сердюков рӯзи 14 феврали соли 2024 дар нишасти хабарӣ изҳор дошт, ки дар марзҳои ҷанубии Тоҷикистон афзоиши шумораи ҷангҷӯёни созмони тундрави “Давлати исломӣ (ДОИШ)   мушоҳида мешавад.

“Дар минтақаи Осиёи Марказӣ таҳдиди асосӣ ба субот аз тарафи созмонҳои байналмилалии террористӣ ва ифротие, ба мисли ДОИШ, Ал-Қоида ва дигар гуруҳҳо бармеояд. Аз ҷумла дар марзи ҷанубии Тоҷикистон афзоиши шумораи афроди бахши афғонистонии ДОИШ – “Вилояти Хуросон” ва таҳрики Толибони Покистон ба назар мерасад “, – нақли қавл кардааст аз суханони Сердюков хабаргузории расмии Русия ТАСС.

 Генерали 62-солаи рус Андрей Сердюков, фармондеҳи собиқи ВДВ, нирӯҳои десантию ҳавоии артиши Русия, тоза моҳи ноябри соли 2023 ба ҷои генерали дигари рус Анатолий Сидоров сардори ситоди муттаҳидаи ОДКБ, як мақоми хеле муҳим дар сохтори ин паймони ҳарбии кишварҳои собиқ шӯравии таҳти нуфузи Маскав таъйин шуд.

Генерал Сердюков дар бораи шумораи ҷангҷӯёни ҷамъшуда дар марз бо Тоҷикистон рақами мушаххасе наовардааст, вале сардори вақти  ситоди муттаҳидаи ОДКБ генерал-полковник Анатолий Сидоров низ дуруст як сол қабл – 14 феврали соли 2023 – дар нишасти хабариаш  гуфта буд, ки шумори ҷангҷӯёни ба ном “Вилояти Хуросон”, бахши афғонистонии созмони террористии “Давлати исломӣ (ДОИШ)  то ҳудуди 6500 нафар афзуда, тақрибан 4 ҳазор ҷангҷӯ дар марзи Афғонистон бо Тоҷикистон  ҷамъ шудаанд.

“Дар ҳоли ҳозир шумори ҷангҷӯёни “Вилояти Хуросон” наздики 6500 нафарро ташкил медиҳад, ки тақрибан 4 ҳазор онҳо дар марз бо Тоҷикистон, дар вилоятҳои Бадахшон, Кундуз ва Тахор ҷамъ шудаанд “, – изҳор дошта буд сардори вақти ситоди ОДКБ.

Сидоров  гуфта буд, ки таҳдиди асосӣ ба минтақаи Осиёи Марказӣ аз тарафи гуруҳҳои ифротие бармеояд, ки дар Афғонистон ҷои по пайдо кардаанд ва  аз байни онҳо аз ҳама гуруҳҳои хатарнок, ба ақидаи ӯ, ДОИШ ва “Ал-Қоида” мебошанд.

Генерал Сидоров афзуд: “Ба ғайр аз ин, сиёсати роҳбарони Толибон барои танг кардани ақалиятҳои миллию мазҳабӣ,  набуди иттиҳод ва афзоиши ихтилофот дар байни ҳаракати Толибон, бад шудани вазъи иқтисодӣ ва шиддат гирифтани мушкилоти иҷтимоӣ низ аз омилҳоест, ки ба бесуботӣ дар минтақа мусоидат мекунанд”.

Сидоров ҳамчунин қочоқи маводи мухаддир ва силоҳро ҳамроҳ бо дигар омилҳои зикршуда аз аломатҳое номида буд, ки метавонанд хатари дар гирифтани ҷанги нави шаҳрвандиро дар Афғонистон  бештар кунанд.

Вақтҳои охир, тавре ба назар мерасад, лаҳни қаблан хеле нарми мақомоти Русия ва созмонҳои минтақавии таҳти назорати Кремл, аз ҷумла ОДКБ, нисбат ба ҳаракати Толибон, ки моҳи августи соли 2021 қудратро дар Афғонистон дигарбора ба даст овард, тағйир ёфта истодааст.

Сафири Русия дар Тоҷикистон Семён Григорев соли гузашта бо як лаҳни тунд Толибонро айбдор карда буд, ки аз замони бозгашташон ба қудрат ба ваъдаҳои додаи худ, аз ҷумла дар мавриди таъсиси ҳукумати фарогир, пешгирӣ аз фаъолияти гуруҳҳои террористӣ ва қочоқи маводи мухаддир ва ҳам риояи ҳуқуқи озодиҳои мардум, ба вижа ҳуқуқи занон, амал накарданд ва аз ин ваъдаҳо то имрӯз ягонтоашро иҷро накарданд.

Ҳатто Замир Кобулов, фиристодаи хоси президенти Русия Путин дар умури Афғонистон, ки қаблан ба сурати бепарда аз режими нави Толибон ҳимоят мекард, низ ахиран иқрор кард, ки косаи сабри мардуми Афғонистон нисбат ба Толибон метавонад ба зудӣ лабрез шавад.

Аз ин пеш Маскав нисбат ба Толибон назари нисбатан мусбат дошт ва ҳатто мусоидат карда буд, то ки дипломатҳои аз ҷониби Толибон фиристодашуда умури сафорати Афғонистон дар Маскавро ба дасти худ бигиранд ва дипломатҳои мухолифи Толибонро аз онҷо берун кунанд.

ОДКБ блоки ҳарбиест, ки аз тарафи Маскав ташкил шуда, Русияву Беларус, Арманистон, Қазоқистону Қирғизистон ва Тоҷикистонро дар бар мегирад. ОДКБ аз соли 2011 барои таҳкими ҳифозати марзи Тоҷикистон бо Афғонистон ваъдаи кумак мекунад, вале то ҳол ин барномаи кумакҳои ҳарбӣ ба Тоҷикистон дар рӯи қоғаз дар дасти баррасӣ боқӣ мондааст. Баъди дар ботлоқи ҷанги Украина сахт дармондани Русия, ки маблағгузори асосии фаъолиятҳои ОДКБ буд, дигар гумон аст, ки ин барномаи кумак барои таҳкими ҳифозати марзи Тоҷикистон бо Афғонистон ба ин зудиҳо қабул ва амалӣ шавад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button