ВидеоТиб ва беҳдошт/Муҳити зистФарҳанг

ДАР ҲАҚҚИ ОВОЗХОНИ МАҲБУБ ДАВЛАТМАНДИ ХОЛ ДУО КУНЕД! УСТОД БАРОИ ТАБОБАТ БА РУСИЯ РАФТ

Овозхони маҳбуб Ҳунарманди халқии Тоҷикистон Давлатманди Хол барои муолиҷа дар Русия қарор доштааст. Дар ин бора рӯзи 13 феврали соли 2024 дар Фейсбук журналист Муродзода Саидҷамол хабар дод ва аз мухлисони овозхони шинохта даъват кард, ки дар ҳаққи ӯ дуо кунанд. Ӯ дар бораи аз кадом беморӣ ранҷ кашидани устод Давлатманди Хол ягон маълумоти мушаххас надода, танҳо навиштааст, ки ҳунарманди маъруфи 73-сола баъди табобатҳои зиёд дар дигар кишварҳо имрӯз дар Федератсияи Русия дар муолиҷа қарор дорад, ки шояд дуои мову шумо баҳри хизматҳову заҳматҳояш ба халқу Ватан дар ин шабу рӯз саривақтӣ бошад”.

“Фикр мекунам дар кишвари биҳиштосои мо касе нест, ки Давлатманд Холовро нашиносаду сурудҳои ӯро, ки саршори маъниву ватандӯстист, надонад. Бо чунин сароянда тамоми тоҷикони ҷаҳон ифтихор доранд. Дар ҳаққи Устод дуогӯ бошед!” – навиштааст Саидҷамол Муродзода.

Садҳо нафар дар зери ин хабар барои Устод Давлатманди Хол даст ба дуо кушода, аз Худованд барояш шифои комилу оҷил мехоҳанд. Ҳамчунин ҷамъе аз мухлисони ин ҳунарманди маъруф аз вазорати фарҳанги Тоҷикистон хостаанд, то барои кумак ба Давлатманди Хол ва наздиконаш барои табобати ӯ як суратҳисоби махсус бикушоянд, то мухлисони Устод битавонанд кумаки худро ба ӯ бирасонанд ва ба ин васила ба хидматҳое, ки Давлатманди Хол дар рушди фарҳанг ва мусиқии миллии тоҷикӣ кардааст, арҷ бигузоранд.

Давлатманди Хол (Давлатманд Холов) – овозхон ва фалаксарои овозадори тоҷик, оҳангсози суннатӣ, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ, 26 октябри соли 1950 дар деҳаи Доғистони ноҳияи Шӯрообод (ҳоло ноҳияи Шамсиддини Шоҳин) дар оилаи ҳунарманди суннатии тоҷик ба дунё омадааст. Соли 1958 таҳсилро аз мактаби деҳа оғоз намуда, соли 1963 дар мактаб-интернати ба номи А. Деҳотии шаҳри Кӯлоб ва аз соли 1964 дар интернати давлатии «Коммунизм»-и деҳаи Сари Чашмаи ноҳияи Москва (ҳоло Ҳамадонӣ) идома додааст. Соли 1971 ба шуъбаи мусиқӣ ва суруди Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода дохил шуда, онро бо дипломи аъло хатм кардааст. Давлатманди Хол баъди хатми донишкада солҳои зиёде дар Театри давлатии мусиқӣ – мазҳакавии ба номи С. Вализодаи шаҳри Кӯлоб кор кард. 20 июли соли 1989 бо қарори ҳукумати Тоҷикистон дар назди театри Кӯлоб, таҳти сарварии Давлатманди Хол ансамбли давлатии «Фалак» таъсис ёфт. Аз соли 2004 дар пайи таъсис ёфтани ансамбли давлатии «Фалак»-и Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси роҳбари бадеии ин ансамбл кор кард ва моҳи марти соли 2020 дар остонаи 70-солагиаш ба нафақа баромад. Солҳои охир Давлатманди Хол дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабшо Сатторов ба шогирдон дарс медод.

Давлатманди Хол яке аз устодони соҳибмактаби фалаксароӣ эътироф шудааст. Ӯ муаллифи даҳҳо таронаву оҳангҳоест, ки дар фонди тиллоии мусиқии тоҷик сабт шудаанд.

Давлатманди Хол соли 2018 сазовори унвони Ҳунарманди халқии Ӯзбекистон низ шуд.

Ҳоло писараш Лоиқшоҳи Давлатманд, ки Устод ӯро ба шарафи шоири тавонои тоҷик Лоиқ Шералӣ ном кардааст, роҳи падарро идома дода истодааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

One Comment

  1. Ҳасан Абдуғаффор Холмуҳаммад, зодаи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ гуяд:

    Муттассифона, диктатура аз ин гуна афрод (санъаткорон, овозхонон, ҳунармандон, рӯзноманигорон ва ғ.) ба нафъи худ аз ҳадд зиёд истифода мебарад, то ин, ки машрӯъияти (зӯракӣ)-и худро дар назди халқу миллат тайид кунад. Овозхонҳо бояд мардумӣ бошанд, ҳам мардумӣ ҳам дарборӣ халал ворид мекунад!! Худоё, беморони мову шуморо шифои оҷилу комил насиб бифармояд, омин!!!

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button