ВидеоТиб ва беҳдошт/Муҳити зистФарҳанг

ДАРГУЗАШТИ ОВОЗХОНИ ШИНОХТА МИРСАЛИМ АШӮРОВ ДАР АЙНИ КАМОЛОТИ ЭҶОДӢ

Рӯзи 10 феврали соли 2024 дар шаҳри Хуҷанд маросими видоъ, намози ҷаноза ва дафни овозхони шинохта Аълочии фарҳанги Тоҷикистон Мирсалим Ашӯров доир шуд. Мирсалим Ашӯров, ки беш аз 30 сол дар ансамбли машҳури “Шашмақом”-хонони “Нури Хуҷанд” ҳунарнамоӣ кард ва бо хондани таронаҳо дар сабки мусиқии классикии тоҷикӣ шуҳрат дошт, шоми 9 феврал дар синни 58 аз олам чашм пӯшид.

Дар бораи иллати марги овозхони шинохта дар ин син маълумоте дастрас нашудааст, вале яке аз дӯстонаш ба пойгоҳи хабарии “Бомдод” гуфт, ки Мирсалим Ашӯров муддати тӯлоние мариз буд ва чанд рӯзи охири қабл аз маргаш дар ҳолати мадҳушӣ қарор дошт.

Мирсалим Ашӯров соли 1966 дар деҳаи Зимтӯди ҷамоати Ворӯи ноҳияи Панҷакент ба дунё омадааст, вале солҳои зиёде дар шаҳри Хуҷанд кору зиндагӣ кардааст. Мирсалим Ашӯроваро аз парвардаҳои мактабҳои бузурги овозхонии устодоне, чун Ҷӯрабек Муродов, Боймуҳаммад Ниёзов, Одина Ҳошим, Зафар Нозим, Усто Сироҷ, Баён Облоқулов ва Аслидин Мастонов мешуморанд. Мирсалим Ашӯров бавижа дар хондани таронаҳои шоирони муосир дар сабки мусиқии классикӣ маҳорати тамом дошт ва ба даҳҳо шеъри устоди равоншод Лоиқ Шералӣ ва дигар шоирони тоҷик оҳанг бастааст.

Ҳамкорону мухлисонаш дар айни камолоти эҷодӣ даргузаштани Мирсалим Ашӯровро талафоти сангине барои фарҳанг ва мусиқии тоҷик мешуморанд.

Овозхони шинохта Алишер Қаноатзода навиштааст:

“Ба созу сӯзи ин дунё фонӣ ноламу нолам,

Ба марги ногаҳи ёрони ҷонӣ ноламу нолам…

Оҳ, чӣ дардовар аст сухан гуфтан….Ростӣ, дар як ҳолат ҳастам, ки чӣ гуна ин шумхабарро ба худ қабул кунам? Садҳо афсӯсу ҳазорҳо афсӯс, боз як ҳунарманди тавоною маънисаро моро тарк намуд. Чӣ дардовар аст…”

Aзиз Сангин, журналист ва шоири тоҷик Мирсалим Ашӯровро  “сарояндаи воқеан мардумӣ” бо “садои ҷаззобу дилнишин ва сурудҳои фалаксайр” ва “инсони неку шарифу фарҳехта” ва даргузашти ӯро “дардноку ҷигарсӯз” ба қалам дода, навиштааст: “Даргузашти дардноку ҷигарсӯзи сарояндаи воқеан мардумӣ, инсони неку шарифу фарҳехта Мирсалим Ашӯровро ба хонаводаи гиромиашон, пайвандону дӯстонашон, ба мардуми Зимтӯди азизам, ба тамоми ҳаводорони садои ҷаззобу дилнишин ва сурудҳои фалаксайрашон амиқан таслият арз мекунам. Мирсалим Ашӯров танҳо як овозхон набуд, озодмард, озодаҷон, покимон, покандеш ва поксиришт буд. Дили поку дардмандаш дигар бори аламҳову ғамҳои ин рӯзгори нобасомонро кашида натавонист… Равонаш шод, ёдаш гиромӣ ва номаш ҷовид бод!

Азиз Сангин дар сӯги Мирсалим Ашӯров марсияи пурсӯз низ рӯи қалам овардааст:

ДАР СӮГИ ОВОЗХОНИ МАРДУМӢ, ҲАБИБИ ДИЛҲО ВА ТАБИБИ ҶОНҲО

МИРСАЛИМ АШӮРОВ

Войи ин дунёи пурсавдои вайрон, вой-вой!

Мекушад озодаҷон, озодамардон, вой-вой!

Ҳар куҷое як сарафроз аст, дар банди ғам аст,

Ҳар куҷое як худогоҳ аст, гирйон, вой-вой!

Войи дунё, як дили фарзонаро аз мо гирифт!

Он азизи ҳар куҷо, ҳар хонаро аз мо гирифт!

Он шукӯҳи манзилу кошонаро аз мо гирифт!

Мирсалим- он ҳофизи якдонаро аз мо гирифт!

Мо ҳама гирён, ӯ хандону шодон меравад!

Мо ҳама дар ғам нишаста, ӯ сабукҷон меравад!

Мирсалим- он мири дилҳо, дастафшон меравад,

Ҷони озодаш ба сӯи Ҷони Ҷонон меравад…

https://www.facebook.com/story.php?story_fbid=3571973736378494&id=100006977073355&mibextid=WC7FNe

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button