АфғонистонВидеоМинтақа ва ҷаҳонМуҳоҷирон

БОЗДОШТИ 24 ТОҶИКУ ӮЗБЕК ВА ҚИРҒИЗ ДАР ЧЕЛЯБИНСК ҲАМЧУН АЪЗОИ НАРКОМАФИЯ (ВИДЕО)

Пулиси вилояти Челябински Русия рӯзи 7 феврали соли 2024 бо нашри як гузориши видеоӣ дар саҳифааш дар шабакаи “ВКонтакте” аз боздошти 24 зодаи Тоҷикистону Ӯзбекистон ва Қирғизистон бо иттиҳоми қочоқи маводи мухаддир, мусодираи 5 кило ҳероину метадон ба маблағи 15 миллион рубл аз аъзои ин наркомафия ва таҳти ҷустуҷӯ қарор додани наркобарони асосӣ ва ду шарики дигараш хабар дод.

“Фаъолияти як созмони ҷиноятии қочоқбари маводи мухаддир, ки аъзояш шаҳрвандони Ӯзбекистон, Тоҷикистон ва Қирғизистонанд, пешгирӣ карда шуд. 24 нафар ба ҳабс гирифта шуд, Ташкилкунандаи ин тиҷорати маводи мухаддир (наркобизнес) ва ду ёрдамчии ӯ таҳти ҷустуҷӯ қарор дода шуданд”, — гуфта мешавад дар иттилоияи пулис.

Дар видеои нашршуда дида мешавад, ки афроди муттаҳам ба қочоқи маводи мухаддирро бо кумаки нирӯҳои мусаллаҳи Росгвардия дастгир кардаанд. Аммо манзиле, ки онҳоро дастгир карданд, аз қасри наркобаронҳо дида, бештар ба як хобгоҳи оддии муҳоҷирон шабоҳат дошт.

Худи дастгиршудагон ё наздикони онҳо барои шарҳи қазия дастрас нестанд, вале бино ба фарзияи пулис, аъзои ин гуруҳ дар дастикам 75 ҷинояти марбут ба қочоқу фурӯши маводи мухаддир гумонбар дониста мешаванд.

Ба иттилои тафтишот, роҳбари ин наркомафия, ки номаш нашр нашудааст, аз хориҷи Русия корҳои зердастони худро назорат ва ҳамоҳанг мкард. Ӯ аз ҷумла манбаъҳои ба даст овардан ва фурӯши маводи мухаддирро пайдо мекард ва баъди ба фурӯш задани маводи мухаддир фоидаи бадастомадаро байни зердастонаш тақсим мекард.

Гуфта мешавад, сохтори дохили ин гуруҳи қочоқбар мисли як корхона муназзам шуда буд ва дар он бархе ҳамчун “мудирони шуъбаҳо”, бархе ба ҳайси “оператор”, “куратор”, “интиқолдиҳандаи маводи мухаддир байни минтақаҳои гуногун”, “анбордор”, “закладчик” ифои вазифа мекарданд ва ин наркомафия ҳатто “менеҷерҳо оид ба масъалаҳои кадрӣ” ҳам доштааст, ки вазифаашон ҷалби аъзои нав барои паҳн кардани маводи мухаддир будааст.

Ба гуфтаи пулиси Челябинск, ин наркомафия натанҳо дар қаламрави ин вилоят, балки ҳамчунин дар вилоятҳои Маскав, Свердловск, Курган, Самара, кишвари Перм ва ҳатто дар шаҳри Маскав  ҳам фурӯши маводи мухаддирро ба роҳ гузошта, пинҳонгоҳҳо дуруст карда буд. Аз ин пинҳонгоҳҳо баъдан маводи мухаддирро ба шакли умда барои фурӯши чакана байни ба истилоҳ “шуъбаҳои маҳаллӣ”-и ин наркомафия тақсим мекардаанд.

 “Фурӯши маводи мухаддир ба шакли онлайн сурат мегирифт: ба воситаи мессенҷер. Харидорон пулро ба корти бонкӣ мегузаронданд ва сипас аз ҳамин корт ба аъзои ин гуруҳ маош дода мешуд”, – гуфта мешавад дар иттилоияи пулиси Челябинск.

Нисбат ба 27 узви ин наркомафия бо иттиҳоми қочоқи миқдори зиёди маводи мухаддир ва ташкили иттиҳоди ҷиноӣ парвандаи ҷиноятӣ кушодаанд. Ба онҳо тибқи қонунҳои Русия ҳамчун ҷазо аз 15 то 20 соли зиндон таҳдид мекунад.

Тоҷикистон, ки бо Афғонистон, манбаи асосии тавлиди ҳероин, афюн ва ҳашиши дунё, 1425 километр марзи муштарак дорад, дар солҳои охир ба як масири умдаи қочоқи маводи мухаддири “афғонӣ” ба бозорҳои сиёҳи шимоли сайёра, асосан ба Русия ва Қазоқистон, табдил ёфтааст. Аз тақрибан 7 ҳазор тоҷикистоние, ки дар зиндонҳои Русия адои ҷазо мекунанд, тақрибан чорякаш барои ҷиноятҳои марбут ба қочоқ ва фурӯши маводи мухаддир зиндонӣ шудаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button