АфғонистонВидеоМинтақа ва ҷаҳонСиёсат

РАСОНАҲО: ӮЗБЕКИСТОН САФОРАТИ АФҒОНИСТОН ДАР ТОШКАНДРО БА НАМОЯНДАИ ТОЛИБОН СУПУРД

Хабаргузории исломии Афғонистон (AIР, Afghan Islamic Press)  ва хабаргузории русии “Спутник Афғонистон”  бо такя ба манобеи худ дар Кобул хабар доданд, ки рӯзи 4 феврали соли 2024 сафорати Афғонистон дар шаҳри Тошканд, пойтахти Ӯзбекистон расман ба дасти сафири нави аз ҷониби режими ҳаракати тундрави Толибон фиристодашуда супурда шуд.  Мақомоти Ӯзбекистон ва намояндагони Толибон то ҳол расман ин хабарҳоро тасдиқ ё рад накардаанд, вале ин ду расона хабар доданд, ки “Аморати исломии Афғонистон”, ки Толибон режими худро чунин меноманд, ба Тошканд намояндагонашро фиристодааст ва рӯзи 4 феврал маросими ба кормандони сафорат муаррифӣ кардани сафири нав доир шудааст.

Радиои Озодлик хабар дод, ки вазорати хориҷаи ин ба ном “Аморати исломӣ” ҳанӯз ним сол қабл Мавлавӣ Мағфуруллоҳ Шаҳобро, ки дар он вазорат ба ҳайси муовини раҳбари идораи сиёсӣ кор мекард, ҳамчун намояндаи ҷадиди худ ба Тошканд фиристода, баъдан ба мақоми сафири Афғонистон дар Ӯзбекистон таъйин кардааст. Рӯзи 4 феврал бошад Мавлавӣ Мағфуруллоҳ Шаҳобро ба унвони сафири нав ба кормандони сафорат муаррифӣ кардаанд.

Ӯ дар ин мақом Аҳмад Холид Илмиро, ки ҳанӯз соли 2020 аз ҷониби ҳукумати қаблии Афғонистон ба мақоми сафир дар Тошканд таъйин шуда буд, иваз кард. Дар мавриди Илмӣ танҳо ҳамин қадар гуфтаанд, ки ӯ “ба далели ба поён расидани замони маъмурияташ” тарки мақом кард.

Мавлавӣ Мағфуруллоҳ Шаҳоб – писари Мавлавӣ Шаҳобуддин Диловар аст, ки дар ҳукумати сохтаи Толибон мқоми вазири маъодин ва нафтро дар даст дорад.

Толибон қаблан иддао карда буданд, ки алакай дар 17 кишвар дипломатҳои худро ҷобаҷо кардаанд. Дар байни кишварҳое, ки сафоратхонаҳои Афғонистонро ба дасти Толибон супурданд,  чанд кишвари бозигари муҳим, аз ҷумла Хитой, Русия ва Эрон низ ҳаст.

Ӯзбекистон аз ҷумлаи кишварҳое буд, ки дар пайи моҳи августи соли 2021 ба дасти  Толибон афтодани умури ҳукумати Афғонистон хеле зуд аз пайи истиқрори равобит бо режими нави ҳоким бар Кобул шуданд ва вазири вақти хориҷаи Ӯзбекистон Абдулазиз Комилов алакай дар аввалҳои моҳи октябри соли 2021, яъне ҳамагӣ якуним моҳ баъди ғасби Афғонистон аз сӯи ин гуруҳи тундрав ба Кобул сафар кард ва бо намояндагони Толибон дидорҳое анҷом дод.

Ба фарқ аз дигар кишварҳои минтақа, Тоҷикистон таъсиси ҳукумати фарогир дар Афғонистон бо таъмини намояндагии шоистаи дигар халқу ақвоми сокини он кишвар, бавижа тоҷикҳоро ҳамчун шарти шинохтани режими нави Толибон гузошт. Сафорати Афғонистон дар Душанбе то ҳол дар дасти намояндагони нирӯҳои зидди режими Толибон қарор дорад ва бисёре аз роҳбарони нирӯҳои зидди Толибон низ бо аҳли хонаводаҳояшон дар Тоҷикистон паноҳ ёфтаанд.

Аммо ахиран як намояндаи Толибон иддао кард, ки умури консулхонаи Афғонистон дар шаҳри Хоруғ, маркази маъмурии вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар шарқи Тоҷикистон, ки бо вилоятҳои Тахору Бадахшони Афғонистон ҳаммарз аст, ба дасти ӯ супурда шудааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

2 Comments

  1. Бештар аз ду сол интизор шуданд ва фикр карданд, ки амрико ва нато дубора ба афғонистон бармегарданд?! Бо чӣ далеле баргарданд?

  2. Доктор Абдураҳими Муллозода аз толибон пуштибонӣ мекунад. гуяд:

    “Дер ояду шер ояд?!”
    Тоҷикӣ: Оҳиста-оҳиста
    Туркӣ: ябош-ябош (yavaş-yavaş)
    Русӣ: по тихонечку
    Англисӣ: slowly-slowly
    Арабӣ: رويدا رويدا

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button