АфғонистонВидеоТоҷикистон

ДАР ЯК СОЛИ ОХИР ДАР ТОҶИКИСТОН 5,3 ТОННА МАВОДИ МУХАДДИР МУСОДИРА КАРДААНД

Дар давоми соли гузаштаи 2023 дар қаламрави Тоҷикистон  аз ҷониби мақомоти гуногун дар маҷмӯъ 5 тоннаю 282 килою 814 грамм маводи нашъаовар мусодира карда шудааст, ки дар муқоиса бо наздики 5 тонна ( дақиқтараш 4 тоннаю 991 кило) маводи мухаддири соли 2022 мусодира шуда 291 кило ё 5,8 фоиз зиёдтар мебошад.  Ин омор рӯзи 5 феврали соли 2024 дар нишасти хабарии раҳбари нави Агентии мубориза бо маводи мухаддири Тоҷикистон генерал-майор Зафар Самад, ки тоза ҳафтае пеш ба ин мақом таъйин шуд, садо дод. Зафар Самад гуфт, танҳо кормандони Агентӣ дар соли 2023 аз муомилоти ғайриқонунӣ 495 кг 097 гр (2022-520 кг 530 гр) маводи нашъаоварро мусодира кардаанд, ки нисбат ба соли 2022 – 25 кг 433 гр ё 4,9 фоиз кам мебошад.

“Гарчанде дар соли 2023 ҳаҷми мусодираи маводи нашъаовар аз ҷониби Агентӣ дар умум 4,9 фоиз коҳиш ёфта бошад, вале мусодираи моддаҳои психотропӣ, ки хатари бештар доранд, якбора 3,8 маротиба ва инчунин мусодираи афюн – 37,2 фоиз афзоиш ёфтааст”, – гуфт Зафар Самад.
Дар соли 2023 аз ҷониби Агентӣ 114 (2022 – 138) ҷиноятҳои вобаста ба маводи нашъаовар ва дигар намуди ҷиноятҳо ошкор карда шудааст, ки ин нишондод нисбат ба соли 2022 – 17,4 фоиз , ё 24 ҷиноят кам мебошад. Дар умум, давоми соли 2023 дар Тоҷикистон 699 ҷинояти марбут ба қочоқу харидуфурӯши маводи мухаддир ошкор карда шудааст.

Дар соли 2023 танҳо аз ҷониби Агентӣ фаъолияти 41 (2022 – 37) гурӯҳи ҷиноятӣ дар ҳайати 77 (соли 2022-89 ) нафар, ҳамчунин 1 гурӯҳи муташаккили ҷиноятпеша ошкор ва қатъ карда шудааст.
Дар ин давра, 10 шахси дар кофтукови ҷиноятӣ қарордошта муайян ва дастгир карда шудаанд.
Аз ҷониби муфаттишони Агентӣ 203 (2022 – 257) парвандаи ҷиноятӣ ба пешбурд қабул карда шуда 145 (2022 – 188) парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.
Аз инҳо 77 парвандаи ҷиноятӣ (2022 – 99) нисбати 111 нафар (2022 – 147) ба судҳо ирсол гардида, дар ин робита ба молу мулки ҷинояткорон ба маблағи 404 300 сомонӣ ба ҳабс гузошта шудааст, ки ин назар ба 1 миллиону 881 ҳазору  330 сомонӣ молу мулки соли 2022 ҳабсшудаи қочоқбарони маводи мухаддир қариб 5 маротиба камтар аст.
Дар соли 2023 аз ҷониби Агентӣ бо мақомоти Русия ду амалиёти муштарак гузаронида шуда, аз муомилоти ғайриқонунӣ дар маҷмуъ 38, 5 кило маводи нашъаовар мусодира гардид.

Қарори маълум, як қисми маводи мухаддире, ки аз тарифи Тоҷикистон қочоқ мешавад, дар худи ҷумҳурӣ ба муомилот бароварда мешавад ва ин боиси дар солҳои охир афзудани шумори муътодони маводи мухаддир дар кишвар шудааст. Тибқи омори расмӣ, дар ҷумҳурӣ ба ҳолати 1 январи соли 2024 – 4160 нафар нашъаманд сабти ном шудаанд, ки ин нишондод нисбат ба 4381 муътоди соли 2022 сабтшуда 221 нафар ё 5 фоиз камтар аст. Бар асоси омори расмӣ, имрӯз дар Тоҷикистон ба 100 ҳазор аҳолӣ 41,6 бемори нашъаманд рост меояд. Аммо нозирони умур бар инанд, ки шумораи воқеиии муътодони маводи мухаддир дар Тоҷикистон хеле ва ҳатто ба маротиб бештар аз ин омори расмист.

Паҳлуи дигару нигаронкунанда ин аст, ки аз теъдоди умумии беморони нашъаманд 107 нафароо занҳо ташкил медиҳанд, ки нисбат ба соли қаблӣ шумори онҳо 6 нафар зиёд шудааст. Вале боз ҳам ба ақидаи нозирони умур, шумори занони нашъаманд ҳам хеле бештар аз омори расмист.
Тоҷикистон, ки бо Афғонистон, манбаи асосии тавлиди ҳероин, афюн ва ҳашиши дунё, 1425 километр марзи муштарак дорад, дар солҳои охир ба як масири умдаи қочоқи маводи мухаддири “афғонӣ” ба бозорҳои сиёҳи шимоли сайёра, асосан ба Русия ва Қазоқистон, табдил ёфтааст. Аз тақрибан 7 ҳазор тоҷикистоние, ки дар зиндонҳои Русия адои ҷазо мекунанд, тақрибан чорякаш барои ҷиноятҳои марбут ба қочоқ ва фурӯши маводи мухаддир зиндонӣ шудаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

One Comment

  1. Бо толибон бозӣ накунед, як фоиз ҳам бошад, исломист! гуяд:

    Чин аввалин кишваре аст, ки толибонро ба расмият шинохт, агарчӣ ба таври шифоҳӣ эълон накард, вале сӣ ҷинпинг шахсан эътимодномаи расмии сафири толибонро дар ҳузури садҳо сафирони дигар ва журналистон қабул кард. Нуқтаи муҳим ин аст, ки дар қаламрави Чин барои хариду фурӯши маводи мухаддир ҳукми қатл ҷорӣ аст, аммо россия бисёр талош кард, ки толибон кишти маводи мухаддир дар Афғонистонро, ки 95% бозори ҷаҳониро ташкил медиҳад, манъ накунанд, ба натиҷае нарасид. Толибон натанҳо кишти маводи мухаддир, афюн, ҳашиш, чарс, қалён ва ғайраро манъ кард, балки хариду фурӯш ва муомилоти шароб, нос, сигор, тамоку ва дигар моддаҳои ба саломатӣ зараррасонро куллан маҳв карданд. Тоҷикистон маҷбур аст, ки дар қаламрави худ кишти маводи мухаддиро ба роҳ монад.

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button