ВидеоРӯйдодҳои БадахшонҲуқуқи инсон

АЛАМШОЗОДА АЗ МИНБАРИ СОЗМОНИ МИЛАЛ МАМАДШОЕВАРО БА ФУРӮХТАНИ АСРОРИ ДАВЛАТӢ АЙБДОР КАРД (ВИДЕО)

Рӯзи 31 январи соли 2024 дар иҷлосияи Кумитаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба барҳам додани табъизи ҳуқуқи занон дар шаҳри Женева масъалаи журналист ва фаъоли зиндонӣ аз Бадахшон Улфатхоним Мамадшоева матраҳ шуд.

Гузоришгари Созмони Милал Рангита де Силва де Алвис  бо зикри ин ки дар Тоҷикистон “чанд хабарнигор ва ҳомии ҳуқуқ аз миёни занон боздошт ва ҳабс шуданд, аз ҷумла журналисти помирӣ ва ҳомии ҳуқуқ Улфатхоним Мамадшоева”, аз аъзои ҳайъати расмии Тоҷикистон пурсид, ки Мамадшоева мушаххасан ба чӣ айбдор мешавад ва оё  “ҳуқуқи ӯ ва шахсони дигар ба мурофиаҳои одилона то куҷо таъмин шудааст?”

Аз номи ҳайъати Тоҷикистон ба ин суол Абдураҳмон Аламшозода, муовини аввали вазири корҳои дохилии Тоҷикистон посух дод. Ӯ дар суханрониаш Улфатхоним Мамадшоеваро ба вайрон кардани чанд банди қонун, аз ҷумла ташкили гуруҳи муташаккилона ҷиноятӣ, даъвати мардум ба эътирозу бетартибиҳо ва … ба хориҷиён додани асрори давлатӣ айбдор кард.

“Мамадшоева дар Душанбе пайваста бо хадамоти махсуси кишварҳои хориҷӣ мулоқот карда, маводи дорои сирри давлатиро пешкаш мекард. Ба як гурӯҳи ҷиноии ташкилшуда ҳам дохил буд ва он беназмиҳои бисёр хатарноке ташкил кард, ки сохторҳои ҳифзи қонун ва объектҳои стратегиро ҳадаф қарор медод,” – изҳор дошт Аламшозода. Вале ӯ нагуфт, ки Мамадшоева чӣ асрори давлатии Тоҷикистонро метавонист бидонад ва ба хориҷиён пешкаш кунад?

Аламшозода дар суханрониаш бори дигар эътирозгарони Бадахшонро ба он айбдор кард, ки аввалин шуда, ба нирӯҳои “Алфа” ҳамла оварда, як афсари ин воҳиди Кумитаи давлатии амнияти миллиро куштанд ва шоҳроҳи тарафи марзи Хитойро баста, монеи ҳаракати мошинҳои боркаш шуданд, ки аз ин иқтисоди вилоят зарар дидааст.

Улфатхоним Мамадшоева 18 майи соли 2022 дар манзилаш дар шаҳри Душанбе ва  иттифоқан дар рӯзе дастгир карда шуд, ки мақомот бо истифода аз нирӯҳои вижа ва силоҳ эътирозҳо дар шаҳраки Вамар, маркази ноҳияи Рӯшонро дар Бадахшон саркӯб карданд. Бино ба эътирофи мақомот, дар ҷараёни саркӯби эътирозҳо дар Бадахшон дар умум беш аз 30 нафар кушта шуданд. Аксари онҳо маҳз дар Вамар ба ҳалокат расиданд.

Моҳи декабри соли 2022 Додгоҳи олии Тоҷикистон Улфатхоним Мамадшоеваро ба 20 соли зиндон маҳкум кард. Шавҳари собиқи ӯ генерал Холбаш Холбашев ба ҳабси абад маҳкум шуд.  Мамадшоева феълан дар зиндони Норак, ягона зиндони занонаи Тоҷикистон адои ҳукм мекунад.

Додситонии кулли Тоҷикистон моҳи январи соли 2023 дар як изҳороти вижа гуфт, ки “Мамадшоева Улфатхоним барои ҷалб ва ташкили иттиҳоди ҷиноятӣ, одамкушӣ ва сӯйиқасд ба он, терроризм, маблағгузорӣ барои гайриқонунӣ соҳиб шудан ва ба дигарон додани лавозимоти ҷангӣ ва яроқи оташфишон, хиёнат ба давлат, бо зӯроварӣ ғасб намудани ҳокимият ё даъвати оммавӣ барои бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо истифодаи зӯроварӣ дигаргун кардани сохти конститутсионӣ, ноором намудани вазъи сиёсиву иҷтимоӣ, даъвати оммавӣ барои амалӣ намудани фаъолияти экстремистӣ (ифротгароӣ) ва ташкили фаъолияти ташкилоти экстремистӣ ба 20 соли зиндон маҳкум шуд”.

Улфатхоним Мамадшоева, раҳбари созмони “Инсоф ва номус” ва устоди собиқи Донишгоҳи славянӣ, ки 66 сол дорад,  рӯзи 17 майи соли 2022, як рӯз қабл аз боздошташ ҳар навъ даст доштани худ дар ташкили эътирозҳоро рад карда буд.

Аммо рӯзи 24 майи соли 2022 дар телевизионҳои давлатии Тоҷикистон филми мустанаде бо номи “Шикасти фитна” намоиш дода шуд, ки дар он Улфатхоним Мамадшоева ва Холбаш Холбашев даст доштани худ дар ташкили эътирозҳои Бадахшон ва барои ин аз хориҷ пул гирифтанашонро эътироф мекарданд.  Муаллифони филм ҳамин тавр, Мамадшоеваро ба додани маълумот ба мақомоти вижаи як кишвари ғарбӣ айбдор карда, сабти лаҳзаи мулоқоти ӯ бо кормандони як сафоратро дар як қаҳвахона дар маркази Душанбе низ нашр карданд.

Дар он филм аз ҷумла гуфта мешуд, ки гӯё Алим Шерзамонов, як сиёсатмадори мухолифи зодаи Бадахшон, ки дар Аврупо ба сар мебарад, барои ташкили эътирозҳо дар Хоруғ ба Боқир 7 ҳазор доллар ва барои ташкили эътирозҳо дар Рӯшон ба Холбаш 6 ҳазор доллар фиристодааст.

Дар чӣ шароите ин иттиҳомро ба дӯш гирифтани Мамадшоева ва Холбашев маълум набуд, вале Шерзамонов ин иттиҳомро қатъиян рад мекунад. Холбашев ва Мамадшоева низ баъдан дар додгоҳ изҳор доштанд, ки ин “эътирофи гуноҳ” аз онҳо бо роҳи фишор гирифта шуда буд.

Чанд созмони байналмилалӣ, аз ҷумла Кумитаи амрикоии дифоъ аз журналистон, раҳоии Улфатхоним Мамадшоева ва дигар журналистону блогерҳои помириро талаб кардаанд. Ба бовари ҳомиёни ҳуқуқ, иттиҳомоти зидди Мамадшоева бофта буда, дар асл мақомоти Тоҷикистон ин узви фаъоли ҷомиаи шаҳрвандиро барои фаъолиятҳои журналистиаш ва муборизааш барои ҳуқуқи инсон, аз ҷумла барои ҳимояташ аз ҳуқуқи ақалиятҳои помирӣ, таҳти таъқиб қарор додаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button