ВидеоРӯйдодҳои БадахшонХабарҳои кӯтоҳ

ЗАМИНЛАРЗА ВА ТАРМА ДАР НОҲИЯИ РӮШОН ДАР ШАРҚИ ТОҶИКИСТОН

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон хабар дод, ки рӯзи 30 январи соли 2024 дар шарқи ҷумҳурӣ заминларза  рух дода ва тарма омадааст. Хушбахтона, дар ин ду офати табиӣ касе осеб надидааст.

Бино ба иттилои Хадамоти геофизикии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, шаби 30 январи соли 2024, соати 20:45 ба вақти маҳаллӣ, дар шаҳрқи Тоҷикистон заминларза сабт шудааст. Маркази ин зилзила дар 370-километрии ҷанубушарқи шаҳри Душанбе ва 33-километрии маркази нозияи Рӯшони вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҷойгир шуда, шиддати заминларза дар марказаш 4 балл ва дар атрофи кӯли Сарез – 2-3 баллро ташкил додааст. Бино ба иттилои дарёфтии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда, ин офат ягон хисорот ба ҷо нагузоштааст.

Рӯзи 30 январ ҳамчунин аз тарафи деҳаи Руботи вилояти Бадахшони Афғонистон, ки дар рӯбарӯи деҳаи Пастхуф, маркази ҷамоати Пастхуфи ноҳияи Рӯшони вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшони Тоҷикистон ҷойгир шудааст, тарма омадааст.

Дар натиҷаи шамоли сахти тарма боми хонаи истиқоматии як сокини деҳаи Пастхуф канда шудааст. Касе, хушбахтона, осеб надидааст. Дар ҷои ҳодиса барои ҳисобукитоби ҳаҷми зарар комиссияи ноҳиявии ҳолатҳои фавқулодда кор мекунад.

 Агентии ҳавошиносони Тоҷикистон қаблан ҳушдор дода буд, ки аз 31 январ то 2 феврали соли 2024 дар ноҳияҳои тобеи марказ, вилояти Суғд ва қисмати ғарбии вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон хатари фурӯ рехтани тармаҳо баланд боқӣ мемонад.

Ду рӯз пеш дар байни ҳамагӣ чанд соат дар қисмати дараи Варзоби шоҳроҳи Душанбе Хуҷанд якбора 16 тарма фаромада, ин роҳи ягонаи заминӣ байни вилояти Суғд ва маркази Тоҷикистонро барои чанд соат баст.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз ҳама хостааст, ки дар ин рӯзҳо аз эҳтиёт кор бигиранд ва дар сурати дучор шудан ба ҳодисаҳои фавқулодда ба ин рақамҳо занг бизананд:

Рақами ягонаи наҷотдиҳандагон: 112

Қисми навбатдории Кумита: (+992) 93 880 28 19, (+992 37) 223 13 11.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button