АфғонистонВидеоСиёсатТоҷикистон

ФАРЗИЯИ ҲАМЛАИ ТЕРРОРИСТӢ ДАР ПАРВАНДАИ ОТАШ ГИРИФТАНИ МОШИНИ РАИСИ ҲИЗБИ ҲОКИМ ДАР КӮЛОБ

Як манбаи огоҳи пойгоҳи хабарии “Бомдод” рӯзи 26 январи соли 2024 хабар дод, ки дар парвандаи таркиши мошини раиси кумитаи иҷроияи ҳизби ҳокими халқии демократии Тоҷиктстон дар шаҳри Кӯлоб фарзияи ҳамлаи террористӣ ҳамчун як фарзияи асосӣ таҳқиқ мешавад.

Ба гуфтаи манбаи “Бомдод”, ки аз ҷараёни тафтиши ин парванда огоҳ аст, гумонбаршавандагон дар анҷоми ин ҷиноят бо эмиссарҳои гуруҳҳои тундрав дар Афғонистон тамос доштаанд ва маҳз аз ҳамон ҷо роҳнамоӣ шудаанд.

“Ҳамин эмиссарҳо ба ҳамлагарон тавассути мессенҷер ёд додаанд, ки маводи таркандаро чӣ гуна тайёр кунанд ва чӣ гуна дар мошини раиси ҳизби ҳоким бигузоранд”, – нақл кард ҳамсуҳбати “Бомдод”. Ӯ ба далели сирри тафтишот аз ироаи ҷузъиёти бештар ва номи дастгиршудагону чанд нафар будани онҳо худдорӣ кард.

Мақомоти тафтишотӣ дар бораи таҳқиқи фарзияи ҳамлаи террористӣ дар ин қазия то ҳол изҳори назар накардаанд.

Қаблан хабар омада буд, ки рӯзи 5 январи соли 2024 мошини хидматии тамғаи “Шкода”-и раиси кумитаи иҷроияи ҳизби ҳокими халқии демократии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб Салим Сайвализодаро оташ задаанд. Дар натиҷа, мошин осеб дида ва, ба гуфтаи табибон, пои рости Сайвализода шикастааст.

Аз аввал ду фарзия вуҷуд дошт, ки бар асоси якеаш, иллати оташ гирифтани мошини тамғаи “Шкода” шояд нуқси фаннӣ буд, вале фарзияи дигар эҳтимоли барқасдона оташ задани мошини намояндаи ҳизби ҳокимро ҳам сарфи назар намекард.

 Як манбаъ аз мақомоти тафтишотии Кӯлоб қаблан гуфта буд, ки мақомот бояд муайян кунанд, ки мошини хидматии раиси ҳизби ҳокимро қасдан оташ задаанд ваё он ба иллати ягон нуқси фаннӣ оташ гирифтааст? Ба гуфтаи ӯ,  мошини “Шкода”-ро ба ташхис фиристодаанд ва натиҷаи ташхисро мунтазиранд. Муфаттишон ҳамчунин аз соҳибони дӯконҳои наздик ба макони ҳодиса наворҳои сабткардаи дурбинҳои назоратиро талаб кардаанд.

“Ҳозир мошини “Шкода” дар додситонии шаҳри Кӯлоб нигоҳ дошта мешавад. Мошин аз қисмати пеш осеб дидааст. Тафтишот дар ин самт рафта истодааст ва дақиқ хоҳад шуд, ки чӣ ҳодиса рух додааст?” – гуфта буд ин манбаъ.

Намояндагони ҳизби ҳоким др Кӯлоб ин ҳодисаро то ҳол шарҳ надодаанд.

Аммо ин бори аввал нест, ки мошинҳои мансабдорон дар минтақаи Кӯлоб оташ мегирад. Дар дасти кам як ҳолат мақомот  қасдан оташ задани мошини мансабдорро тасдиқ кардаанд.

Шаби 26 ва 27-уми декабри соли 2023 мошини Бобоҷон Давлатзода, раиси шуъбаи “Амонатбонк” дар ноҳияи Восеъ  оташ гирифт. Мақомот то ҳол сабаби онро шарҳ надодаанд, вале худи Давлатзода сабаби ҳодисаро мушкили техникии мошин гуфтааст.

Моҳи феврали 2023 мошини хижматии Ҷумъаназар Сайидаҳамадзода, додситони вақти ноҳияи Восеъро дар назди манзилаш дар шаҳри Кӯлоб оташ заданд. Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон ин ҳодисаро “амали қасдгирӣ” номид. Мақомот як сокини 50-солаи Кӯлобро бо иттиҳоми оташ задани мошини додситон боздошт карданд. Дар бораи ин ки тафтиши қазия то б куҷо расид ва оё он сокини Кӯлоб чӣ ҷазо гирифт?, дигар ягон хабар нашр нашудааст. Худи Ҷумъаназар Сайидаҳамадзода бошад чор моҳ баъд аз ин ҳодиса аз вазифаи додситонии ноҳияи Восеъ барканор карда шуд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

One Comment

  1. Точикистон ба ПЕШ!!!!! Скоро шумора дар олам ТОЧИКОНИ ТЕРОРИСТ ном мебаранд!!!!!! Хушон худшона дар назди оламиён сиёх кардестан!!!!!!!

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button