ВидеоМарзи Тоҷикистону Қирғизистон

БОЗ 38 КИЛОМЕТРИ МАРЗИ ТОҶИКИСТОНУ ҚИРҒИЗИСТОН МУШАХХАС ШУДААСТ

Хабаргузории расмии ҳукумати Тоҷикистон “Ховар” шоми 15 январи соли 2024 хабар дод, ки рӯзҳои 10-15 январи соли 2024 дар шаҳри Бодканди Қирғизистон вохӯрии навбатии гурӯҳҳои кории топографӣ ва гурӯҳҳои корӣ оид ба масъалаҳои ҳуқуқии ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ баргузор гардид. Дар музокироти Бодканд тарафҳо тавонистаанд бо 38 километр аз қитъаҳои баҳсии марзи Тоҷикистону Қирғизистон, марзи аз ҳама мураккаб ва низоъбарангез дар Осиёи Марказиро, ки дар солҳои охир арсаи чандин муноқишаи хунини мусаллаҳона бо садҳо куштаву захмӣ шудааст, мушаххас кунанд.

Дар ин вохӯрӣ гурӯҳҳои кории топографӣ 38,35 км сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистонро мувофиқа намуданд. Ҷонибҳо корро оид ба тавсифи минтақаҳои боқимонда дар вохӯрии навбатӣ, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад, идома медиҳанд. Аз натиҷаи вохӯрӣ Протоколи дахлдор ба имзо расид”, – гуфта мешавад дар иттилоияи кӯтоҳи расмӣ.

Дар бораи ин ки ин 38 километри мувофиқатшуда кадом қитъаҳои баҳсии марзро дар бар мегирад, дар хабар чизе гуфта нашудааст. Аммо рӯзи 12 январи соли 2024 раҳбарони ҳайъатҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар музокироти марзӣ Саймумин Ятимов ва Қамчибек Тошиев дар пайи мулоқоти навбатиашон дар шаҳри Бодканди Қирғизистон изҳор доштанд, ки онҳо “вобаста ба самтҳои Қулунду, Мақсат, Арқа ва роҳи Хистеварз” ба “қарорҳои муҳим” даст ёфтаанд.

Дар бораи ин ки ин тавофуқот бар асоси чӣ гузаштҳои мушаххасе аз ҷониби ин ду кишвар ба даст омадааст ва марзи ду кишвар дар ин қитъаҳои баҳсӣ  аз кадом хат кашида хоҳад шуд?, на Ятимов ва на Тошиев ягон ҷузъиёт надоданд. Хатти марз дар минтақаҳои Қулунду, Мақсат, Арқа ва роҳи Хистеварз аз баҳсбарангезтарин қитъаҳои марзи Тоҷикистону Қирғизистон ба шумор мераванд.

Рӯзи 10 январи соли 2024 вазири корҳои хориҷии Туркия Ҳоқон Фидон дар Душанбе дар пайи мулоқоташ бо президенти Тоҷикистон ва бо такя ба суханони Эмомалӣ Раҳмон хабар дод, ки созишномаи марзи Тоҷикистону Қирғизистон алакай моҳи марти соли ҷорӣ ба имзо мерасад.

Музокироти марзӣ байни Тоҷикистону Қирғизистон баъди чандин соли рукуд тоза аз моҳи октябри соли 2023 якбора суръат гирифт ва дар се моҳи охир ду ҷониб тавонистанд алакай 187 километр қитъаҳои баҳсии марзро мушаххас кунанд.

Бо гузашти беш аз 30 сол аз суқути СССР, аз 970 км марзи Тоҷикистону Қирғизистон то кунун беш аз 300 километраш ҳамчунон таъйин ва аломатгузорӣ нашудааст. Дар қитъаҳои баҳсӣ, ки асосан дар марзи ноҳияҳои Бодканду Лайлаки вилояти Бодканди Қирғизистон бо ҷамоатҳои шаҳри Исфара ва  ноҳияи Ғафурови вилояти Суғди Тоҷикистон ҷойгир шудаанд, ҳар сари чанд вақт бар сари обу замину чарогоҳу роҳ муноқишаҳо рух медиҳанд. Ин муноқишаҳо баъзан ба тирпаррониҳо мепечанд ва боиси ҳалокати мардум аз ду тараф мешаванд.

Дар солҳои 2021 ва 2022  дар натиҷаи задухӯрдҳои мусаллаҳона дар марзи ду кишвар наздики 200 нафар  кушта шуда, беш аз 700 нафар  аз ҳарду ҷониб захмӣ шуданд.

Аз ҷумла дар муноқишаи хунини рӯзҳои 14-17 сентябри соли 2022 дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон аз ду тараф беш аз 140 нафар кушта ва наздики 450 нафар захмӣ шуданд. Ин даргириҳо хунинтарин муноқиша дар таърихи муноқишаҳои марзии тамоми Осиёи Марказӣ баъд аз суқути Иттиҳоди Шӯравӣ дониста мешавад.

Ёдовар мешавем, Қирғизистон аз моҳи майи соли 2021 марзашро бо Тоҷикистон пурра баста аст. Дар аввал “мубориза бо коронавирус” ҳамчун баҳонаи расмии бастани марз гуфта мешуд, вале баъдан роҳбарони Қирғизистон чандин бор гуфтанд, ки марз бо Тоҷикистон танҳо баъди пурра ҳал шудани мушкилоти марзӣ бо ин кишвар кушода хоҳад шуд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button